Дар километри аз 10 то 73-юми роҳи Душанбе - Чаноқ боришоти пуршиддати барф идома дорад.

Аз муваққатан баста шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд то зиёд шудани ҷаримаҳо

Роҳи Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати мошинҳои боркаш муваққатан баста шуд

Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор (присепдор) ва фураҳо (мошинҳои боркаши бузургҳаҷм) муваққтан боздошта шудааст.

“Бо сабаби боридани барфи зиёд дар ағбаҳои кӯҳӣ, раҳбарияти филиали ширкати IRS тасмим гирифт, ки ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳоро муваққатан манъ кунад. Дигар навъи нақлиёт метавонанд бо ин роҳ озодона равуо кунанд”, – гуфт сухангӯи ширкат Далер Мерганов.

Ӯ ҳамчунин ба ронандагон тавсия дод, ки бе омодагии ҷиддӣ ва бо воситаҳои нақлиёти бидуни тири пешбар ба роҳ набароянд.

“Аз ронандагон дархост мекунем, ки бидуни тайёрии бояду шояд ба сафар набароянд, то ки дар роҳ на ба худу на ба дигарон мушкил эҷод насозанд”, – изҳор дошт номбурда.

Шаби гузашта корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи душвор шудани ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари боришоти зиёди барф хабар дода, лекин баъди чанде маълумот нашр шуд, ки мушкилот бартараф шудааст.

Ҷаримаҳо зиёд мешаванд. Нишондиҳандаи ҳисобҳо 60 сомон шуд

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон аз соли ояндаи 2021 аз 58 то 60 сомонӣ зиёд мешавад. Дар ин бора дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021, ки рӯзи 18 ноябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд, маълумот дода мешавад.

Нишондиҳандаи мазкур дар буҷети давлатӣ бо назардошти сатҳи таваррум, ки дар соли дахлдор пешгӯйӣ мешавад, муқаррар карда мешавад.

Ин нишондиҳанда барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории кишвар татбиқ карда мешавад.

Тавре таҷрибаи 6 соли ахир нишон медиҳад, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар 2 сол 1 бор тағйир дода мешавад.

Ба ин тариқ, солҳои 2015-2016 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб 40 сомонӣ, солҳои 2017-2018 – 50 сомонӣ ва 2018-2019 – 58 сомониро ташкил дода буд.

Душанбе бидуни арча Соли навро пешвоз мегирад

Имсол дар маркази шаҳри Душанбе ва боғҳои фарҳангу истироҳати пойтахт рамзи Соли нав – арча гузошта намешавад.

Сабаби ин дар маълумоти шаҳрдории Душанбе хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 ва шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ дар ҷаҳон шарҳ дода шудааст.

“Шаҳрдории Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории мазкур ва эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ қарор кард, ки танҳо дар ҳамин сол гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе манъ карда шавад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ин робита сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.

Тахриби бинои Бонки миллӣ

Тахриби бинои ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои сохт Боғи мавсум ба 30 – солагии истиқлол оғоз шуд

Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфтаанд, ки кормандони ин ниҳод акнун дар биное мавсӯм ба “Душанбе Плаза” фаъолият мекунанд.

Бинои дар ҳоли тахриби Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2005 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва акнун бо тасмими шаҳрдории Душанбе ба ҷои он Боғи 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон сохта мешавад.

Ин боғи ҷадид дар масоҳати 29 гектар дар канори Донишгоҳи омӯзгор , меҳмонхонаи Авесто ва Кохи Ваҳдат бо ҳафт дарвозаи вурудӣ сохта хоҳад шуд.

Ҳамчунин сохти бурҷе бо номи “Тоҷ” дар ин боғ ба иртифои 121 метр ба унвони рамзи истиқлоли Тоҷикистон мадди назар аст.

Skip to toolbar