Муваффақияти духтари тоҷик дар Туркия

Аз мураббии варзиш то муассиси агентии амволи ғайриманқул. Духтари тоҷик дар Туркия чӣ тавр муваффақ шуд

Нилуфар Содиқова зодаи Тоҷикистон мебошад. Ӯ ба 23 кишвари дунё сафар кардааст. 3 соли охир ҳамчун менеҷери агентии амволи ғайриманқул дар Туркия фаъолияти мувафаққона дорад ва пас аз бурди Green Card ният дорад, ки ба Амрико рафта, ихтисоси нав омӯзад.  

Муаллифи Your.tj аз Нилуфар дар бораи зиндагӣ дар Москва, чӣ гуна дар Туркия зистану дар соҳаи фурӯши амвол муваффақ шудан, хотираҳо аз зодгоҳаш – Тоҷикистон пурсон шуд.

“Дар Русия зиндагӣ кардан нахостем”

Нилуфар Содиқова 29 сол дорад ва дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Оилаи онҳо аз соли 2001 дар Москва зингдагӣ кардаанд. Вай маҳз дар ин ҷо шахсияти худро сохт.

Аз хурдӣ тарзи ҳаёти фаъолро пеш мебурд, чандин сол дар намуди санъати муҳорибаҳои омехта машқ карда, миёни бонувон Қаҳрамони Русия низ шуд. Чанд сол барои духтаракон ва писарони хурдсол мураббӣ буд.

Айёми ҷавонияшро беҳуда нагузаронида, дар чанд ихтисос таҳсил кард. Ӯ ҳунари ошпазӣ, қаннодӣ маълумоти ҳуқуқшиносӣ ва таъмини иҷтимоиро дорад. Ҳамзамон, дар ихтисоси диншиносӣ ҳам таҳсил карда, сатҳи донишу маърифати динияшро боло бурдааст. Ниҳоят, дар Москва  тавонист, ки соҳибкори муваффақ шавад.

“Дар Москва зиндагӣ хуб буд. Дар баробари мураббии варзиш будан,  толори ҳусн таъсис додам, ки даромади хуб дошт. Модарам ҳам дар ин ҷо коргоҳи дӯзандагии шахсӣ доранд. Бояд гӯям, ки сайёҳат карданро хеле дӯст медорам. Дар чанд кишварҳои Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ ҳамчун ризокор сафарҳои хотирмон доштам”.- нақл кард Нилуфар.

Зимни сафарҳо аз рӯйи барномаҳои хайриявӣ дар кишварҳои ақибмонда дар сохтани чоҳҳои обкашӣ, масҷид ва хонаҳо барои ниёзмандон саҳм гузоштааст. Барои ҷарроҳии беморони муҳтоҷ низ кӯмак кардаст.

“Хурсандам, ки дар ин кори савоб саҳм гузоштам. Ҳамин тариқ, ҳаёти муқаррарӣ дар Москва идома дошт. Аммо 3 сол пеш бо аҳли оила ба чунин қарор омадем, ки дигар дар Русия зиндагӣ намекунем. Мехостам, ки минбаъд дар шаҳри Истанбули Туркия зиндагӣ кунам ва дар соҳаи дигар худро дарёбам”,- сабаби аз Русия кӯч бастанашро шарҳ дод ӯ.

Муҳоҷират ба Туркия ва пайдо кардани ҷойи кор

Нилуфар аввалин бор соли 2014 ба шаҳри Истанбул барои иштирок дар курсҳои тиловати Қуръон омада буд. Ин шаҳр ӯро мафтун сохт. Дар тасаввураш намеғунҷид, ки рӯзе дар ҳамин шаҳри зебо иқомат мекунад.

Пас аз 6 сол Нилуфар ҳамроҳи модараш бо нияти кору зиндагӣ ба Истанбул омад. Моҳи марти соли 2020 буд, онҳо хона истиқоматӣ ёфтанд, аммо барои чанд вақт боз ба Москва рафтанд. Бадбахтона, пандемияи короновирус сар зад. Онҳо танҳо моҳи августи ҳамон сол тавонистанд, ки боз ба Истанбул баргарданд.

“8 моҳи аввал бекор будам. Вақтро бо сайру тамошои шаҳр мегузарондам. Мушоҳида мекардам, ки чӣ гуна хориҷиён дар ин ҷо имкону шароити зиндагӣ доранд. Манбаи зиндагиямон аз Москва буд, чунки он ҷо толори ҳусн ва коргоҳи дӯзандагиямон кор мекард. Ниҳоят, баъди чанд моҳ дӯстоне, ки дар ин шаҳр мешинохтам, бароям кор пешниҳод карданд”,- ба хотир овард Нилуфар.

Пеш бурдани фаъолияти мустақилона

Ӯ дар як агентии амволи ғайриманқул дар бахши фурӯш ва хизматрасонӣ корро оғоз кард. Чанд моҳ кор карда, бозори соҳаро хуб омӯхт, ба қавле дасташ рост шуд. Хост, ки маошашро зиёд кунанд, аммо розӣ нашуданд. Аз ин рӯҳафтода нашуда, ба нерӯву таҷрибааш бовар карда, агентии худро таъсис дод.

“Дар моҳи аввали фаъолияти мустақлона, ҳуҷраеро ба нархи 200 ҳазор доллар фурӯхтам. Соҳибхона аз сифати корам розӣ буд. Ин фурӯш аввалин ангеза буд, то корро давом диҳам. Беш аз якуним сол аст, ки дар бахши фурӯши амвол мустақилона фаъолият дорам. Дар шабакаи иҷтимоии YouTube саҳифа кушодам, аз он ҷо оид ба кори ман маълумоти зиёдтар пайдо кардан мумкин аст”,- афзуд қаҳрамони мо.

Чанд махсусияти кор дар соҳаи фурӯши амволи ғайриманқул

Тавре қаҳрамони мо иброз дошт, сарфи назар аз он ки мизоҷ дорад ё не, ҳар рӯз хабарҳо ва қонунҳои навро пайгирӣ мекунад, чунки дар Туркия қонунҳои нав зиёд қабул мешаванд.

Ӯ бар ин назар аст, ки ҳар шахси соҳибкор рӯзномаи махсуси корӣ бояд дошта бошад ва дар он реҷаи кориашро сабт кунад. Ҳамзамон, барои ҷалби ҳар мизоҷ ва иҷрои кори самаровар зарур аст, ки  худинкишофдиҳиро дар худ рушд диҳад.

Нилуфар огоҳӣ дорад, ки дар самти фурӯши ҳуҷраҳо дар Туркия лоиҳаи қонуни наверо қабул карданиянд. Мувофиқи он барои хориҷиён ва сайёҳон дар ин соҳа фаъолият кардан ё хона харидану фурӯхтани хонаҳо душвортар мешавад.

“Агар қонуни нав қабул шавад, кори ман суст мешавад, аз ин рӯ, дигар роҳҳоро омӯхтан лозим аст. Тавре медонам, дар Дубай низоми ин соҳа хеле мувофиқ ва самаровар аст.  Дар он ҷо фурӯхтан ва иҷора додани ҳуҷраи истиқоматӣ нисбатан қулайтар аст. Масалан, дар Туркия иҷораи хона то 1 ҳазор доллар аст, аммо дар Дубай қиматтар”, – гуфт ӯ.

“Фаъолият бе шаҳрвандии Туркия мушкил аст”

Қаҳрамони мо ҳоло шаҳрвандии Туркияро надорад. Ӯ метавонад, ки дар асоси хонааш баъди 5 соли зиндагӣ кардан барои гирифтани шаҳрвандӣ муроҷиат кунад. Шаҳрвандӣ надоштанаш ӯро бо таҳримҳои зиёде рӯ ба рӯ мекунад.

“Дар Туркия низ табъиз вуҷуд дорад. Масалан, шахсе, ки шаҳрвандӣ надорад, наметавонад, ба номи худ бизнес фаъол кунад, маҷбур мешавад,то ба номи дигарон сабт кунад. Дар Туркия сатҳи миллатгароӣ хеле баланд аст.  Баъзан бо сабаби турк набудан ба муносибати начандон дурусти шаҳрвандон дучор меоям. Ба ҳар бобат сатҳи туркидониям хуб аст, аммо аз шева ва тарзи гуфтор дарк мекунанд, ки хориҷиям”,- шарҳ дод бо таассуф қаҳрамони мо.

Дар аксар ҳолат муносибати мизоҷон ба ӯ умед мебахшад. Нилуфар бо вуҷуди ин Туркияро барои муҳоҷират кишвари мувофиқ мешуморад.

“Аксаран ҷавонон тариқи саҳифаи Instagram аз ман мепурсанд, ки чӣ хел ба Туркия оянд ва шароити кор чӣ хел аст. Талаб мекунанд, ки ба онҳо барои дарёфти кор кӯмак намоям ва бар ивазаш пул медиҳанд. Аммо розӣ намешавам, чунки ин корро ҳирфаӣ анҷом дода наметавонам ва ҳам намехоҳам, то вақту пулашон бефоида сарф шавад”,- илова кард ҳамсуҳбати мо.

“Чаро хоҳиши зиёди ба Тоҷикистон рафтан надорам?”

Нилуфар Содиқова бори охир соли 2017 ба Тоҷикистон омада буд ва ҳамагӣ 3 рӯз истоду бас. Мақсади сафараш он буд, ки бобову бибии падариашро хабар гирад.

“Ҳар сафари ман ба Ватан бо зарурат пеш меояд. Ман наметавонам гӯям, ки мафтуни Тоҷикистон ҳастам. Чаро? Сафари охиронам буд. Дар кӯчаҳо ба ман эрод гирифтанд, ки чаро рӯймол дорам ва аслу насабам аз куҷост. Ин бароям хушоянд набуд.

Муҳлати шиносномаи тоҷикиям гузаштааст, имкон надорам, ки онро аз нав гирам. Иҷозат намедоданд, ки бо ҳиҷоб дар мизи шиноснома сурат гирам. Барои ҳамин онро аз нав нагирифтам. Сарфи назар аз ин, Ватан, дӯстону наздикон азиз боқӣ мемонад”,- гуфт Нилуфар.

Бурди Green Card ва нақшаву орзуҳои нав

Нилуфар Содиқова ҳеҷ гоҳ ҳавсалаи ба Амрико рафта, нияти зистану кор кардан надошт. Аммо мехост, ки ҳамчун сайёҳ ин кишварро сайр кунад. Ғайриинтизор моҳи майи соли ҷорӣ Green Card бурд кард ва аллакай чанд сафар ба ИМА анҷом дод.

“Мақсад дорам, ки дар ин кишвар забон омӯзам. Ба таври онлайнӣ курсҳои заруриро хонам ва боз соҳиби маоши хуб шавам. Албатта, хуб аст ба Амрико рафтан. Дар он ҷо одамон ба ҳаёт нигоҳи дигар доранд. Қарор кардам, ки ба Амрико рафта, соҳиби шаҳрвандӣ шавам, забону касбҳои нав омӯзам. Бо касбам ба дигарон фоида расонам. Ниҳоят, оиладор шуда соҳиби фарзандони солеҳ гардам”, – изҳор дошт вай.

Нилуфар Содиқова бо аҳли оилааш баъди интизориҳои зиёд соли ҷорӣ ба Ҳаҷ низ рафтааст. Ин сафар барояш фаромӯшношуданист.

Ба назари вай, ҳар кишвар махсусияти худро дорад. Орузи бузургаш ин аст, ки сафарҳои зиёд кунад ва зебоиҳои ҷаҳонро аз наздик бубинад. Дар аввал мехоҳад, ки ба кишвари Тайланд сафар кунад, зеро ба гуфтаи ӯ он ҷо манзараҳои зебо ва меваҳои лазиз (манго ва какос) хеле зиёд аст.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar