Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:4009.04.2026
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор додааст, ки барои бемушкилӣ ворид шудан ба Русия ҳамаи расмиёти заруриро пеш аз сафар дар дохили Тоҷикистон анҷом диҳанд.
Мақомот таъкид кардаанд, ки бо ворид шудани тағйирот дар қонунгузории Русия ва пурзӯр шудани назорат дар марзҳо, муҳоҷирон бояд пешакӣ ба Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД-и Русия дар Душанбе муроҷиат намуда, аз қайди дактилоскопӣ ва ташхиси тиббӣ гузаранд ва санҷанд, ки ворид шудан ба Русия барои онҳо манъ нест.
Ҳамчунин ба муҳоҷирон тавсия шудааст, ки тавассути замимаи мобилии “Госуслуги” пешакӣ дархост пешниҳод карда, QR-коди махсуси тасдиқро дастрас намоянд. Ин амал ба санҷиши зудтар ва бе тӯлонии онҳо дар марз кӯмак мекунад.
Ин огоҳӣ дар ҳолест, ки моҳҳост муҳоҷирони тоҷик аз соатҳои тӯлонии интизорӣ дар фурудгоҳҳои Русия ва баъзан баргардонида шудани онҳо ба Ватан шикоят доранд.
203 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
1 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
4 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
5 дня назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
8 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
8 дня назад