Аз муҳоҷирати 2 ҳазор омӯзгор то 34 мактаби садамавӣ дар Суғд. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Фото с сайта uza.uz

Дар Узбекистон аз дохили мошине аз Тоҷикистон 229 кило мухаддир ёфтаанд

Кумитаи давлатии боҷхонаи Узбекистон хабар дод, ки аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия пешгирӣ кардааст.

Дар хабарномаи идораи гумруки Узбекистон, ки 15-уми феврал нашр шуд, омадааст, нақлиёти боркаше аз Тоҷикистон ба самти Русия равон буд ва дар гузаргоҳи “Ойбек” масъулини гумрук онро барои тафтиш нигоҳ доштанд.

Ба гуфтаи манбаъ, аз дохили мошини боркаш 229 кило маводи мухаддир ёфтаанд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накардаанд. Дақиқ нест, ки мошини боркаш чӣ гуна бо миқдори бузурги маводи мухаддир аз гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и Тоҷикистон гузашта, ба “Ойбек” расидааст.

Бори аввал нест, ки идораи гумруки Узбекистон аз дохили нақлиёте, ки аз Тоҷикистон мераванд, маводи мухаддир пайдо мекунад. Моҳи ноябри сои гузашта ҳам, гумрукчиёни узбек аз дохили як мошини Тоҷикистон 156 кило маводи мухаддир пайдо карда буданд.

Беш аз ду ҳазор омӯзгори Суғд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки соли гузашта аз шумори умумии омӯзгорон 3 ҳазору 754 нафар бо сабабҳои гуногун аз ҷумла 2 ҳазору 303 нафар омӯзгорон бинобар аз сабаби ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан, тарки кор кардаанд.

Ҳамчунин 185 омӯзгор ба сабаби кор дар дигар соҳа, 362 нафар ба синни ниҳоии нафақа расидан, 54 нафар аз сабаби вафот кардан, 616 нафар бо хоҳиши худ аз кор рафтанд, 126 нафар ивази ҷои зист ва дигар сабабҳо тарки вазифа намуданд.

Дар маҷмӯъ шумори омӯзгорони вилоят 39 ҳазору 523 нафар буда, аз ин 26 ҳазору 516 нафараршонро занҳо ташкил медиҳанд

Дар ҳамин ҳол, раёсати маорифи вилояти Суғд таъкид кардааст, ки эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят 708 нафарро ташкил намудааст.

Аз ин миқдор 845 нафар мутахассисони ҷавон ба ҷои кор ҳозир шуданд, ки ин нишондиҳанда 76,8 дарсади шумораи умумии ххатмкунандагонро ташкил менамояд.

Раёсати маорифи Суғд инчунин қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо кадрҳои педагогӣ таъмин буда, аз онҳо 278 нафар мудир, 15 нафар сармураббиён, 2006 нафар мураббиён, 200 нафар омӯзгорони дигар, ки аз онҳо 1433 нафар маълумоти олӣ, 243 нафар олии нопурра, 1 ҳазор 329 нафар миёнаи махсус доранд, кору фаъолият доранд.

Як муфаттиши милитсия дар Мастчоҳ бо ҷурми ришвахорӣ боздошт шудааст

Як муфаттиши Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора аз сӯйи Оҷонсии зидди фасод боздошт ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Аваз Шарафзода, сардори Раёсати Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар дод.

Шарафзода аз ин афсари боздоштшудаи пулис, муфаттиши шуъбаи тафтишотии РКД дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Илҳом Умаров ном бурд, ки ҳангоми иҷрои вазифа ва зимни гирифтани пора боздошт шудааст.

“Илҳом Умаров Юнусович аз шаҳрванд Усаров зимни тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноии дар пешбурдаш қарор дошт рӯзҳои 8-9-уми июли соли 2021 барои иҷрои амал 9 ҳазор сомонӣ мегирад. Бори охирон ҳангоми гирифтани маблағи муайян аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дастгир шуд”,- гуфт, Аваз Шарафзода.

Сардори Раёсати Оҷонсӣ ҷузъиёти парвандаи муфаттиши пулисро шарҳ надод, ки вобаста ба кадом парвандаи ҷиноии дар пешбурдаш қарор дошта аз шаҳрванд пора гирифтааст.

Аммо мақомоти зиддифасод нисбати муфаттиш бо моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ “гирифтани пора” парванда боз кардааст.

Қисми 2-и ин моддаи Кодекси ҷиноӣ  гирифтани пора барои ҳаракати ғайриқонунии аз ҷониби шахси мансабдорропешбинӣ мекунад.

Дар асоси қонун алайҳи ин нафарон ҷарима ба андозаи аз 5 ҳазору 475 то 12 ҳазору 775 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 7 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайяншуда то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Дар Суғд 34 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад

Раёсати вазорати маорифи вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки дар қаламрави вилояти Суғд 46 бино муассисаҳои таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, ки аз 12 тоаш барқарор гардидааст.

“Аз 46 бинои муассисаҳои садамавӣ ба қайд гирифташуда, айни замон бинои 12 муассисаи таълимии садамавӣ (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – МТМУ №№ 6,53), (ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – №19), (шаҳри Исфара -МТМУ №23), (шаҳри Конибодом – МТМУ №38), (шаҳри Панҷакент МТМУ №18), (ноҳияи Спитамен МТМУ №12) ва (ноҳияи Шаҳристон – МТМУ №19), барқарор гардидааст”, – иттилоъ додааст манбаъ.

Ҳамзамон раёсати маорифи вилоят қайд кардааст, ки дар 16 бинои таълимии садамавӣ корҳои азнавсозӣ идома доранд.

“Аз 228 бинои муассисаҳои таъмирталаби ба қайд гирифташуда, айни ҳол муассисаҳо корҳои таъмири идома дорад”,- гуфтааст манбаъ.

Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ дар умум дар соли 2021 дар вилоят 53 иншооти соҳаи маориф бо 10 ҳазору 730 ҷойи нишаст, аз он ҷумла 330 синфхонаи иловагӣ дар назди 39 муассисаҳои таълимӣ бо 9 ҳазор 070 ҷойи нишаст, 8 муассисаҳои томактабӣ бо 1660 ҷойи нишаст ба истифода дода шудаанд.

Як сокини Мастчоҳро барои ҳамла ба раиси идораи барқ ба 8, 5 соли зиндон маҳкум карданд

Додгоҳи Мастчоҳ як касро бо гуноҳи ҳамла ва захмӣ кардани раиси идораи барқи ноҳия ба 8,5 сол зиндон маҳкум кардааст. Ҳодиса моҳи октябри соли 2021 рӯй дода буд.

Рӯзи 16-уми феврал дар Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “ҳукм ҳафтаи гузашта баромад”.

Мақомот номи шахси ҳамлавар ба Рустам Тӯйчиев, раиси Идораи фурӯши барқи ноҳияи Мастчоҳро фош намекунанд. Вале ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо дар Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ, “ӯ корманди собиқи идораи барқ буда”, додгоҳ вайро “ба сӯиқасд ба куштор гунаҳкор донист”.

Вакили мудофеи фарди маҳкумшуда аз ҳукм норозигӣ карда, аз рӯйи он шикоят бурдааст.

Манобеи Радиои Озодӣ моҳи октябри соли гузашта хабар дода буданд, ки як нафар ба Рустам Тӯйчиев, раиси Идораи фурӯши барқи ноҳияи Мастчоҳ, дар утоқи кориаш ҳамла карда, бо корд ба қафаси синааш задааст. Гуфта мешуд, ҳамлавар нозири барқ буда, Рустам Тӯйчиев дар пайи шикояти сокинон ӯро аз кор рондааст.

Тӯйчиев баъди ин ҳодиса як муддат дар беморхона бистарӣ буд.