Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков аз Бозиҳои Олимпӣ, боздошти гумонбари ҳамла ба ронандаи такси дар Душанбе, сабаби гароншавии гӯшт, вазъи обуҳаво барои чанд рӯзи оянда ва “идгардак” пурра манъ нашудааст?
Хабару рӯйдодҳои муҳимтарини ҳафтаи охир дар нашри навбатии барномаи “Навиди ҳафт рӯз” аз Your.tj.
Сомон Маҳмадбеков медали биринҷии Бозиҳои Олимпиро ба даст овард
Сомон Маҳмадбеков ҷудокори тоҷик соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар вазни 81 кг гардид.
Сомон дар даври якум ва дуюм ғалаба ба даст оварда, дар даври ҳаштякниҳоӣ бо имтиёзи вазарӣ дар мубориза бо намояндаи Нидерланд Франк Де Вит ғалаба ба даст овард. Вале Сомон Маҳмадбеков дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ то вақти тиллоӣ мубориза бурда, бо имтиёзи вазарӣ ноком шуд.
Дар зӯрозмоӣ барои ҷои сеюм Сомон бо Шарофиддин Болтабоев ҷудокори узбекистониро бо ду имтиёзи вазарӣ мағлуб кард.
Сомон барои медали биринҷӣ Антонио Эспоситои итолёвиро шикаст дод ва пас аз 16 сол аз бозиҳои олимпӣ дар риштаи ҷудо ба Тоҷикистон медал овард.
Ин аввалин медали варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 мебошад.
Кумитаи дин: ““Идгардак” ҳамроҳи оила бо зиёрати хешу ақрабо иҷозат аст”
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Тоҷикистон гуфт, ки “идгардак” пурра ё тамоман манъ нашудааст.
Сулаймон Давлатзода раиси ин ниҳод рӯзи 30-юми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, кӯдакон метавонанд “идгардак”-ро ҳамроҳи оила бо зиёрати хешу ақрабо таҷлил намоянд.
Ӯ гуфт, ки “идгардак” хоси тамоми мардуми кишвар набуда, танҳо дар баъзе минтақаҳо баргузор мешуд.
Давлатзода афзуд, ки “Идгардак ба мафҳуме, ки пурра ё тамоман манъ шуда бошад, ба ин шакл не, дар доираи оила бо зиёрати хешу ақрабо иҷозат аст. Аммо дар шакле, ки кудакҳо бе саробон хона ба хона гаштан, туҳфа талаб кардан ин аслан ягон рукни динӣ ҳам надошт. Меъёре, ки дин барои баргузор намудани ид муайян кардааст, ин дар рӯзи ид хурсандӣ кардану таҳният гуфтан аст”.
Ӯ инчунин таъкид намуд, ки “дар доираи қонун ҳар кас метавонад идашро ҷашн гирад. Шумо метавонед ҳамроҳи фарзандон ба боғ ё хонаи дӯстон равед, касе шуморо манъ накардааст”.
Гумонбари ҳамла ба ронандаи такси дар Душанбе дастгир шуд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар дод, ки гуфта мешавад дар моҳи январ ба як ронандаи таксӣ корд зада буд.
Ҳодисаи 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи якачинори шаҳри Душанбе рух дода, боиси маҷрӯҳ шудани ронандаи ширкати “як таксӣ” Беков Зиёвиддин гардид.
Тавре ин ниҳод хабар медиҳад, вобаста ба ин ҳодиса Абдуҷаббор Ғозиеви 25-сола дастгир карда шуд, ки айни замон дар маҳбас адои ҷазо намуда истодааст.
Гуфта мешавад, ки гумонбаршаванда “пурра ба ҷинояти содир намудаи худ иқрор гардид”.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои муайян ва дастгир намудани гумонбар ба ҳамла ба як ронандаи таксӣ 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ваъда кард буд.
Милитсияи Душанбе баъдан хабар дод, ба нафаре, ки дар муайян ва дастгир кардани гумонбари ҳамла ба ронандаи такси мусоидат намуд, 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Дар шаш моҳ дар кӯлу дарёҳои кишвар 86 нафар ба ҳалокат расидаанд
Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар шаш моҳи соли 2024 ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 130,5 миллион сомонӣ зарар ворид гардидааст.
Дар ин бора Рустам Назарзода раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар зимни нишасти матбуотии ниҳоди зертобеи худ, ки имрӯз 31-уми июл баргузор гардид, хабар дод.
Дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 532 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли гузашта 58 ҳолат зиёд аст.
Назарзода илова намуд, ки дар натиҷаи 12 офати табиӣ 15 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз ҷумла 9 нафар дар селҳои харобиовар, 4 нафар дар раъду барқ ва 2 нафар дар ярч.
Инчунин дар шаш моҳи соли равон дар дарёву кӯлҳои кишвар 86 нафар ба ҳалокат расиданд.
Мақомот сабаби асосии гарон шудани нархи гӯштро гуфтанд
Машокир Назарзода, муовини вазири кишоварзӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, афзоиши шумораи аҳолӣ боиси бештар шудани талабот ба гӯшт мешавад, вале онро ҳамоно таъмин карда наметавонанд.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҳар як шаҳрванди кишвар дар як сол 18 кг гӯшти мурғ рост меояд, вале дар кишвар ҳоло 5,5 кг гӯшти мурғ истеҳсол мегардад.
Назарзода илова кард, ки истеъмоли гӯшт дар шаҳрҳои кишвар бештар шудааст.
Ба фикри ӯ, сабаби дигари афзоиши талаботи сокинон ба гӯшт баргузории тӯю маъракаҳо будааст.
Дар ҳоле ки тӯю маъракаҳо дар Тоҷикистон тибқи қонуни танзим назорат мешаванд.
Нархи гӯшт дар бозорҳои пойтахт дар арафаи иди Қурбон то 20 дарсад боло рафта, ҳоло як кг гӯшти гов, ки пеш аз иди Қурбон 70 сомонӣ буд, ҳоло 85-88 сомонӣ нарх дорад.
Дар чанд рӯзи оянда обуҳаво чӣ гуна мешавад?
Рӯзҳои 2-5 августи соли ҷорӣ бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Ба иттилои агентии обуҳавошиносии кишвар ҳаво то 7-умии август дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ то 40 дараҷа гарм мешавад. Инчунин чангу ғубор низ дар назар аст.
Дар ин рӯзҳо дар вилояти Суғд низ ҳавои гарм пешгӯӣ мешавад ва ҳаво то 39 дараҷа гарм боқӣ мемонад.
Дар ин ҳафта Вилояти Хатлон гармтарин минтақаи Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаво дар вилоят то 7-уми август 40 – 42 дараҷа гарм пешгӯб мешавад.
Дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ҳавои салқинтаре пешгӯи шуда, 33-35 дараҷа гарм мешавад.