Гирифтории зиёда аз 11 ҳазор нафар ба бемории коронавирус дар Тоҷикистон
Ба ҳолати шоми 2-юми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 нафар ба коронавирус мубтало шуда, шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 11096 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 82 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10337 нафар шуд.
Дар ин ҳол, Спутник Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд духтури озмоишгари Маркази назорати давлаии санитарию эпидемиологии шаҳри мазкур Тӯтинисо Рустамқулова аз бемории “илтиҳоби шуш” вафот кардааст.
Ин корманд се рӯз пеш ба аломатҳои бемории “илтиҳоби шуш” ба Бемористони сироятии(инфексионӣ) Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта буд. “То ин замон, аз ягон беморӣ шикоят намекарданд. Ду рӯз пеш, ҳамкорон аз интиқол ёфтанашон ба Беморхона мегуфтанд. Аммо дирӯз, бегоҳ аз даргузашти он кас хабар доданд. Аз шунидани хабари бемаҳали ҳамкорамон андӯҳгин шудем. Ҷояш ҷаннат бошад, барои пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонем”,-баён кард, манбаъ.
Русия барои парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон иҷоза надод
Шаби 31 октябр ба 1 ноябр зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон билетҳо дар даст ба ватан парвоз карда натавонистанд, зеро дар лаҳзаи охир парвоз бо ин хатсайр бекор шуд. Ҳукумати Русия ба парвози ду ҳавопаймои Somon Air ба Маскав ҷиҳати ба ватан овардани шаҳрвандони Тоҷикистон бо хатсайрҳои чартерӣ иҷоза надод.
Ба гуфтаи муҳоҷирон, онҳо бо душворӣ билетҳоро барои парвози чартерӣ дастрас намуда, лекин он бо сабабҳои номаълум бекор карда шуд.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтаанд, аз сабабҳои бекор шудани парвозҳо аз Маскав огаҳӣ надоранд. Чун ба корҳои парвозу мувофиқаи хатсайрҳои чартерӣ Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Росавиатсия машғул аст. «Лекин то ҷое, ки мо огаҳӣ дорем, ҷадвали парвозҳо тариқи хатсайрҳои чартериро барои моҳи ноябр ҷонибҳо то ҳол тасдиқ накардаанд”, – хабар доданд дар сафорат.
Дар навбати худ дар “Сомон Эйр” қайд карданд, ки “агар иҷоза шавад, ба иҷрои парвозҳо дар ин самт омодаанд”.
Ба саволи “Чаро ширкати ҳавопаймоӣ ба хатсайри мавҷуднабуда билет фурӯхтааст?”, чунин посух дода шуд: “Билетҳо пешакӣ мувофиқи рӯйхати аз ҷониби сафорат пешниҳодгардида фурӯхта шуд”.
Дар Росавиатсия аз шарҳи масъала худдорӣ варзиданд. “Мо иҷрои парвозҳои байнулмилалиро шарҳ намедиҳем, инро дар ширкати ҳавопаймоӣ дақиқ кунед. Агар мақомоти авиатсионии Русия ба парвозҳо иҷоза надода бошанд, пас барои ин сабаб ҳаст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Росавиатсия.
«Долони сабз»-и Қазоқистон ба муҳоҷирони тоҷик
Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (IOM) ва ҳукуматҳои се кишвари Осиёи Марказӣ созиш кардаанд, ки охири ҳар моҳ шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистонро дар Қазоқистон тавассути “долони сабз” ба ватан мефиристанд.
Ба иттилои масъулони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Алмаато, ҳоло гурӯҳи беш аз 100-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон дар гузаргоҳи Жибек Жоли (сарҳади Қазоқистону Узбекистон) ҷамъ омада, мунтазири сафар ба Тоҷикистон ҳастанд.
Як масъули IOM шоми 30-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои роҳ надодан ба ҷамъшавии бебандубор ва интизориҳои тӯлонии мардум дар марз, мувофиқа шудааст, ки охири ҳар моҳ гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргардонда шаванд. Ӯ гуфт, муҳоҷирон бо ёрии сафорат ва ҷамъиятҳои миллии худ огоҳ карда мешаванд, ки дар кадом ва соат ба марз бираванд. «Баъд аз ҳуҷҷатгузорӣ шудани онҳо, бо мусофирбарҳо ба Тоҷикистон интиқол меёбанд»
Шакарбек Норматов раҳбарии созмони “Ҷамъияти тоҷикон”-ро дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон ба уҳда дорад, вале кори созмон ба дигар шаҳру манотиқи Қазоқистон ҳам паҳн шудааст. Шаби 29 ба 30-юми октябр микроавтобусе, ки ин ҷамъият ташкил кард, 12 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Қарағанда ба гузаргоҳи марзии Жибек Жоли фиристод.
Тавассути интернет ва Фейсбук созмон барои ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз Уралск, Қустанай, Алмаато ва дигар шаҳрҳо ёрӣ кардаанд. Норматов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар марз беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон ҷамъ шудаанд, ки аз манотиқи мухталифи Қазоқистон рафтаанд.
Фармони аввал. Эмомалӣ Раҳмон 378 нафар маҳкумшударо бахшид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр расман сари мансаби сарвари давлат омада, фармони аввали худро дар бораи бахшидани 378 нафар маҳкумшуда ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ “Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд” дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.
Соли 2017 ҳар кадоме аз маҳкумшудагон дар Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки як маротиба дар як сол аз президент бахшиши гуноҳашро дархост намояд.
Он замон Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Комиссия оид ба масоили авф дар назди Президенти кишвар содир шуд.
Ҳалокати се нафар дар як садамаи нақлиётӣ
Дар километри 153-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мошинеро, ки аз баландӣ ба ҷарии қариб 900 метр сарозер шуда буд, берун оварданд, хабар медиҳад маркази матбуотии кумита.
Қайд мешавад, ки дар автомашина 3 нафар қарор дошта, наҷотдиҳандагони Кумита бо як душворие онҳоро аз автомашинаи паҷақшуда берун овардаанд. Садама рӯзи 31-уми октябри рух додааст. Сабаби садама дақиқан маълум нест, вале тафтишот мегӯяд як иллати он эҳтимолан суръати баланди ҳаракати мошин буд, ки ронанда натавонист аз уҳдаи идораи он барояд.
Дар натиҷаи садама ронандаи 57-сола ва мусофири мошин ҷавонзани 31-солаи сокини ноҳияи Варзоб дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҳамсафари онҳо ҷавони 23-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон ноҳияи Айнӣ интиқол дода шуд, вале аз сабаби ҷароҳатҳои бардошта ӯ низ ҳалок гардид.
Андозбандии хизматрасониҳои электронӣ дар Тоҷикистон қонунӣ шуд
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андозро маъқул донистанд, ки дар онҳо ба хизматрасониҳои электронӣ андозбандӣ пешбинӣ шудааст.
Тағйироту иловаҳои воридшуда ба андозбандии ширкатҳои хориҷӣ, ки хизматрасониҳои электрониро дар ҷумҳурӣ пешниҳод мекунанд, равона шудааст.
Сабаби ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Кодекси мазкур вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода пешравии босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва савдо тариқи шабакаи Интернет маънидод кард.
Ӯ қайд кард, ки зимни таҳияи қонунгузорӣ аз таҷрибаи кишварҳое ба мисли Ӯзбекистон, Русия, Беларус, Испания, Юнон ва Маҷористон истифода шудааст.