Аз “Кардинал” то “Президент”. 7 навъи беҳтарини ангур

Мо дар бораи 7 навъи беҳтарини ангурҳои Тоҷикистон маълумот гирд овардем. Аз аксҳо мефаҳмед, ки ҳар як навъ бо чӣ фарқ мекунад ва чӣ мазза дорад.


Дар Тоҷикистон мавсими ҷамъоварии ангур идома дорад. Он то оғози сардиҳои аввал давом мекунад. Мо номгӯи навъҳои беҳтарини ангурро, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешаванд, ҷамъоварӣ кардем.

Дар Тоҷикистон 50 навъи ангур парвариш карда мешавад. Дар 45 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мардум бо токпарварӣ машғуланд ва вобаста ба шароити иқлимӣ навъҳои гуногуни онро парвариш мекунанд.

Хусусан, дар ин кор деҳқонони Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Данғара, Истаравшан ва Ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров муваффақ шудаанд. Ангури тоҷикӣ берун аз кишвар талаботи зиёд дорад. Он асосан ба Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон содир карда мешавад.

“Президент”

Ин навъи ангури ҳамагӣ якчанд сол пеш ба бозори мо ворид шуда буд, аммо аллакай эътибор пайдо кардааст ва ангури рақами як ҳисобида мешавад. Он ранги сурх ва шакли дароз дорад.

Ин навъ дар натиҷаи селексия аз ҷониби токпарвари маъруфи тоҷик, Ҳоҷӣ Неъматҷон Усмонов, ки навдаи ангурро аз Шинҷон (Чин) бо “Ҳусайнӣ”-и сурх пайваст кардааст, парвариш шудааст.

Ҳангоми сафари Сарвари давлат ба хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Неъматҷон, селексионер ин навъро ба ӯ пешниҳод кард ва Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба ӯ номи “Президент”-ро дод.

Ангури “Президент” ҳоло дар қитъаҳои таҷрибавӣ парвариш карда мешавад. Ин навъ ба шароити обу ҳавои Тоҷикистон хеле тобовар аст. Он таъми ширин дорад, аммо ширинии аз ҳад зиёд не (18-20% шакар). Мӯҳлати нигоҳдорӣ шаш моҳ.

Як хӯшаи ин ангур аз 0,5 то 3 кг вазн дорад! Дар бозор нархи ангури навъи “Президент” барои як килогармм аз 15 то 18 сомонӣ аст.

“Кардинал”

Ин навъи ангур низ ранги сурх дорад, аммо донаҳояш калон ва мудаввар мебошанд. Ватани “Кардинал” Синзяни Чин аст. Ниҳолҳои онро ба Тоҷикистон оварда, озмоиш карда шудаанд. Ин навъ мисли “Президент” маззаи ширин дорад, аммо он аз меъёр зиёд нест.

Навъи “Кардинал” ҳосили хуб медиҳад, ба сардӣ тобовар аст ва муҳимтар аз ҳама ба роҳ тобовар аст, аз ин рӯ барои содирот ҳамеша мувофиқ аст. Ягона камбудяш он аст, ки хӯшаҳои ангур ба нурҳои офтоб тобовар нестанд.

Аз ин рӯ деҳқонон кӯшиш мекунанд, ки токзорҳоро аз баргҳо камтар тоза кунанд, то ангур дар соя пухта расад. Як хӯшаи калон метавонад 3 килограмм вазн дошта бошад. Технологияи коркарди “Кардинал” фарқкунанда аст.

“Ғалаба”

Зернавъаш бо номҳои “Мерседес” ва “Чашми буқа” низ машҳур аст, ки дар замони шӯравӣ ба вуҷуд омадааст, аммо селексионерҳо онро давоми солҳо боз такмил додаанд.

“Мерседес” – яке аз зернавъҳои “Ғалаба”-ро гӯянд, ки ҳар як донаи он аломати ситораи сегӯшаро дорад ва ба логотипи мошини маъруф дар ҷаҳон монанд аст.

Ин навъ сиёҳ аст, таъми ширин (20% шакар). Ин ангур одатан охирҳои моҳи сентябр ва аввали октябр пухта мерасад ва зуд ҷамъоварӣ карда мешавад, зеро он навъи зуд вайроншаванда аст.

Пас аз ҷамъоварӣ, он дар яхдонҳои махсус нигоҳ дошта мешавад. Навъи “Ғалаба” дар бозорҳо хуб фарқ мекунад, зеро он бо нархи дастрастар – 10-15 сомонӣ барои як кг фурӯхта мешавад.

Айни замон дар Тоҷикистон аз ин ангур мавиз тайёр мекунанд. Мутахассисони самарқандӣ ба ҳамкорони тоҷикашон технологияи махсуси хушконидани ангурро меомӯзонанд.

“Шоҳона”

Ин ангур аз навъҳои маҳаллӣ аст, зеро дар тӯли солҳои зиёд дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад. Ранги сурх дорад, дар он шакар кам аст. “Шоҳона”-ро то 3-4 моҳ нигоҳ доштан мумкин аст. Хӯшаи ангур то 5-6 килограмм вазн дошта метавонад.

Бо таъми нотакрори худ, ин навъ бо навъҳои “Президент” ва “Кардинал” баробар карда шудааст. Нархаш дар бозор аз нархи навъҳои қаблӣ тақрибан фарқ намекунад.

“Ҳусайнии сиёҳ”

Навъи сиёҳи “Ҳусайнӣ” аз серҳосилтарин наавъҳост. Он таъми ширин дорад, дар таркибаш 23% глюкоза мавҷуд аст. Вазни як хӯшаи он метавонад ба 8 кг расад!

Аз дигар навъҳои “элита”-и ангур тақрибан фарқ надорад. Он ангури рақами як ба ҳисоб меравад. Асосан дар ҷануби Тоҷикистон парвариш карда мешавад.

“Ҳусайнии сафед”

Навъи “Ҳусайнӣ”-ро ҳама медонад, бо сабаби шакли дароз доштани донаҳояш, он дар байни мардум ничунин бо номи “Ангуштони занона” низ маълум аст. “Ҳусайнӣ” қадимтарин навъ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Гарчанде ки навъҳои нави ангур дар бозор пайдо шудаанд, он бо таъми нотакрори худ ҳанӯз ҳам аз серхаридортаринҳост.

Ангури болаззат бо пӯсти нозук, дар таркибаш то 23-25% фруктоза ва глюкоза дорад ва ниҳоят сероб аст. Дар 50% токзорҳои кишвар ин навъ парвариш карда мешавад, зеро дар як гектар аз 35 то 50 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст.

Кишмиши сиёҳ ва сафед

Ин навъи ангур асосан дар шимол, дар вилояти Суғд парвариш карда мешавад. Дар ҷануби кишвар он кам шинонда мешавад. Кишмиш ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он талаботи зиёд дорад, зеро хеле ширин аст.

Аммо дар муқоиса бо дигар навъҳои ангур, ҳосили кишмиш камтар аст.  Яке аз сабабҳои кам парвариш шудани он аз ҷониби деҳқонон ҳам ҳамин аст. Аммо токпарварони Суғд тарзи дурусти парвариши онро ба роҳ мондаанд. Зеро кишмиш навъи мувофиқтарин барои тайёр кардани мавиз аст.

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо.