fbpx

Аз эълони ҳукми Хӯҷа-командир то маҳрум кардани Дилшод Назаров аз Олимпиада дар Токио

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Хӯҷа-командир ба 14 сол зиндон маҳкум шуд

Хӯҷа Каримов, маъруф бо номи Хӯҷа-командир, фармондеҳи пешини Фронти Халқиро ба 14 сол зиндон маҳкум кардаанд. Ҷузъиёти ҳукм феълан дастрас нест, аммо дар гузашта мақомот ӯро барои даст доштан дар бист мавриди куштор муттаҳам медонистанд. Пайвандони Хӯҷа Каримов аз рӯйи ҳукм шикоят бурдаанд.

Масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, ҳукми Хӯҷа Каримов дар моҳи феврали имсол эълон шуд.

Як мансабдори Додгоҳи олӣ рӯзи 19-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт: “Маҳкумшуда 14 сол зиндонро дар маҳбаси низомаш пурзӯр мегузаронад. Аммо ҳукм ҳоло ба қувваи қонунӣ надаромадааст. Мумкин аст, аз сӯи Коллегияи Додгоҳи олӣ тағйир дода шавад.”

Назари пайвандон ва вакили мудофеи Хӯҷа Каримов ҳанӯз дастрас нест.

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврали соли гузашта аз Дубай ба Душанбе оварданд. Вай ҳудуди бист сол пеш аз кишвар фирор карда, тобистони соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд.

Дилшод Назаров наметавонад дар Олимпиадаи Токио ширкат кунад

The Athletics Integrity Unit Дилшод Назаров, қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 аз Тоҷикистонро барои 2 сол аз ҳаққи иштирок дар дар мусобиқаҳо маҳрум кард. Бар асоси ин тасмим, ӯ дар Бозиҳои олимпии Токио ширкат кунад.

Ин ниҳод дар тасмиме, ки рӯзи 15-уми март эълон кард, ки дар он гуфта мешавад, варзишгар барои истифодаи допинг ҳангоми қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 муҷозот шудааст. Ҳамаи дастовардҳои ӯ аз 29 августи соли 2011 то 29 августи 2013 бекор карда мешаванд.

Худи Дилшод Назаров дар як вокунишаш ба ин тасмим навиштааст, маводи мамнуъро истифода набурдааст ва ӯ дар Олимпиадаи Токио як рақиби ноқулайе буд”.

“Дӯстони азиз! Тавре шумо медонед 1,5 соли ахир ман барои номи поки худ мубориза кардам, мутаассифона ҳамаи талошҳои физикӣ, маънавӣ ва молиявии ман барҳадар рафтанд, зеро ҳамаи далелҳои пешниҳодкардаи вакилони дифои аврупоие, ки ман гирифта будам ва бегуноҳии маро собит мекарданд, пешакӣ аз сӯйи ҷониби даъво мавриди нобоварӣ қарор гирифта буданд”,- навиштааст Дилшод дар саҳфаи худаш дар Facebook .

Ӯ ҳамчунин ишора кардааст, ки “як рақиби бисёр пурқуввате будааст, ки одилона дар майдонҳои варзиш ҳунарнамоӣ мекардааст”.

Варзишгар гуфтааст, ки ӯро ба содагӣ хостаанд, ки аз ҳаққи иштирок дар олимпиадаи Токио маҳрум кунанд. “Онҳо аз ман ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро гирифтанд, вале ман мисли пештара Қаҳрамони олимпии Бозиҳои Олимпии 2016-и Рио ҳастам ва медали тиллои 2016 РИО дар хазинаи медалҳои Тоҷикистон мемонад», – хулоса кардааст Дилшод Назаров.

Қаҳрамони олимпӣ ҳамчунин аз Эмомалӣ раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ва тими он барои ҳимоят изҳори миннатдорӣ кардааст ва ҳамчунин ба онҳое, ки ӯро мухлисӣ кардаанд ташаккур гуфтааст.

Ӯзбекистон шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро зиёд кард

Ӯзбекистон теъдоди парвозҳои мунтазамро дар масири Тошканд-Душанбе афзоиш дод, акнун ҳавопаймоҳои ширкати ӯзбекӣ ҳафтае ду маротиба ба Тоҷикистон парвоз хоҳанд кард.

Ҳамин тариқ, аз 3 апрел парвозҳо ҳафтае ду маротиба рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд, ҳол он ки ҳавопаймоҳои қаблӣ байни кишварҳо як маротиба парвоз мекарданд.

Парвоз дар масири Тошканд – Душанбе аз пойтахти Ӯзбекистон соати 8-и субҳ (бо вақти маҳаллӣ) сурат мегирад, вақти парвоз як соатро ташкил хоҳад дод. Парвози Душанбе – Тошканд, тибқи ҷадвал, соати 11 сурат мегирад.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки чиптаро дар масири Тошканд-Душанбе бо нархи 1 миллиону 629 миллион сӯм (тақрибан 155 доллар) дар қисмати эконом ва 2,256 миллион сӯм (215 доллар) дар синфи бизнес харидан мумкин аст.

“Тоҷикматлубот” барои бозори “Панҷшанбе” бе баҳс 3,3 миллион сомонӣ пардохт

Тоҷикматлубот ба соҳиби қаблии бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд ҶСП “Фартуна” беш аз 3 миллион сомониеро, ки бо қарори Додгоҳи олии иқтисодӣ муваззаф шуда буд, пардохт.

“Панҷшанбе” калонтарин бозори хӯрокифурӯшии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аст, ки 20 сол дар тобеияти “Фартуна” буд ва бар пайи як баҳс бо ҳалномаи Додгоҳи иқтисодӣ, соли гузашта ба “Тоҷикматлубот” баргардонида шуд.

Хуршеда Бобоева, мудири бозори “Панҷшанбе”-и Иттифоқи “Тоҷикматлубот” дар шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, баргардонидани маблағ бе баҳсҳои зиёдӣ ҳалли худро ёфт.

“Тоҷикматлубот ба суратҳисоби ҷамъияти “Фартуна” 3 миллиону 385 ҳазору 169 сомонӣ гузаронид ва баҳс ба охир расид”.

Бозори “Панҷшанбе” соли 1964 бунёд шуда, соли 1998 муфлис гардидаву аз сӯи ҷамъияти “Фартуна” хусусӣ гардонида шуда буд.

Дар Шаҳритус барои президент бо 7,8 миллион сомонӣ қароргоҳ месозанд

Бино ба маълумоте, ки Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус қароргоҳи Президент аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ сохта мешавад.

Ба гуфти манбаъ ҳаҷми маблағҳое, ки барои бунёди ин қароргоҳ масраф мешавад 7,8 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барои сохтмони ин иншоот дар соли 2021 дар буҷаи маҳаллӣ 3 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз Раёсати сохтмони асосии вилоят дар ин робита хабар доданд, ки сохтмон алакай шуруъ шудаву айни ҳол корҳои болопӯшии бино идома дорад. Замони ба истифода додни ин қароргоҳ, тақрибан то ҷашни Истиқлол давлатӣ гуфта мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend