fbpx

Аз интернети арзону босуръат то иҷрои саривақтии буҷет. Президенти Тоҷикистон дар машварат чӣ гуфт

Эмомалӣ Раҳмон интернети баландсуръат ва дастрасии нархи онро барои рушди иқтисоди рақами муҳим арзёбӣ кард.


1
1 point
Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси беҳтар кардани вазъи таъмини мардум бо интернети баландсуръат таъкид кард

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон имрӯз, 14-уми июл зимни як машварати корӣ бо иштироки мансабдорони баландмақоми ҳукумат ва парлумони кишвар масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла таъмини суръати баланд ва нархи дастраси интернетро баррасӣ кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президент дар машварат раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар мансабдорони баландпоя иштирок доштанд.

Машварати кории президенти Тоҷикистон
Акс аз Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Гуфта мешавад, дар кори машварат вобаста ба масъалаҳои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди ташаккулёбии буҷети давлатӣ ва тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар машварат ба масоили рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва хизматрасониҳо, баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳои саноатии кишвар, зиёд кардани лоиҳаҳои сармоягузорӣ диққати бештар дода шуд.

Мукаммалсозии қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ва беҳтар гардонидани мавқеи Тоҷикистон дар радабандии созмонҳои байналмилалӣ аз мавзӯҳои дигари машварат буд.

Эмомалӣ Раҳмон интернети баландсуръат ва дастрасии нархи онро барои рушди иқтисоди рақамӣ муҳим арзёбӣ кард.

Президент вобаста ба иҷрои саривақтӣ ва босифати буҷети давлатӣ, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмин намудани суръати баланд ва нархи дастраси интернет, ҷалби бештари сармоягузориҳо, хусусан сармояи мустақим супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин таъкид кард, ки фармони тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ саривақт иҷро гардад.

Тибқи ин фармон аз 1-уми августи соли 2023 пардохти ҳаққи хидматрасонии коммуналӣ, тамоми андозҳо, боҷи давлатӣ барои додани иҷозатнома ва литсензия, ҷарима ва дигар намудҳои хидматрасонии давлатӣ танҳо бо истифода аз кортҳои бонкӣ ё ҳамёнҳои мобилӣ сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, 23-юми декабри соли 2022 дар Паёми худ ба парлумони кишвар дар дар хусуси беҳтар кардани вазъи таъмини мардум бо интернети баландсуръат таъкид карда буд.

Ӯ гуфта буд, суръат ва қимати интернет дар ҷумҳурии мо ба талабот ҷавобгӯ нест.

“Аз ин лиҳоз, Хадамоти алоқа ва дигар сохторҳои масъулро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини интернети баландсуръат бо нархҳои дастрас тадбирҳо андешанд”, – таъкид дошт роҳбари давлат.

Ба гуфтаи президент, тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои баландкӯҳ бояд бо интернети баландсуръат таъмин карда шаванд.

Ба ин муносибат ба ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки якҷоя бо сохторҳои масъул тарҳи нави қонуни “Дар бораи алоқа”-ро таҳия намояд.

“Сайёҳони хориҷӣ ба куҷо мераванд, он ҷо интернети хуб вуҷуд дорад. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба ин эътибор дихед”, – изҳор намуда буд Эмомалӣ Раҳмон.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend