Аз идомаи “дилзанак” дар Тоҷикистон то аз Русия овардани ҷасади таксирони кушташуда ба ватан

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон

Давоми тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон. Аз таъин кардани сафир то барканории раиси “Барқи тоҷик”

Имрӯз, 27-уми январ дар асоси фармону амрҳои худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо ва сафоратхонаҳои кишвар дар хориҷ тағйироти кадрӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти кишвар.

Ба иттилои манбаъ, тағйироти аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву кордон таъин гардиданд.

Барканор шуданд:

Мирҳаёт Ёқубзода аз вазифаи муовини раиси Бонки миллӣ;
Соҳибназар Ғайратшо аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Олмон;
Хуршед Зиёӣ аз вазифаи мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ;
Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси Кумитаи рушди маҳал;
Раҳмоналӣ Амирзода аз вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат;
Музаффар Сулаймонзода аз вазифаи раиси шаҳри Роғун;
Шарифҷон Ҷумъазода аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор;
Мирзо Исмоилзода аз вазифаи раиси Ширкати “Барқи Тоҷик”;

Таъин шуданд:

Имомуддин Сатторов – сафири Тоҷикистон дар Олмон;
Хайриддин Усмонзода – мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ;
Шарифҷон Ҷумъазода – раиси Кумитаи рушди маҳал;
Мирзо Исмоилзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат;
Сунъатулло Саидзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун;
Қосим Роҳбар – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор;
Маҳмадумар Асозода – раиси Ширкати “Барқи Тоҷик”
Усмон Давлатзода – мудири Корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”.

Манбаъ меафзояд, ки президент зимни мулоқот бо кадрҳои навтаъин иброз доштааст, ки ба кор бо ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ муносибат намоянд ва барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузошта, бо дасту дили пок ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ба нафъи мардум хизмат намоянд.

Номи 6 шаҳрванди фавтидаи Тоҷикистон дар Русия маълум шуд. “Як нафари дигар бистарист”

Ҳувияти шаш муҳоҷири тоҷик, ки бар асари заҳролудшавӣ дар Волгогради Русия ҷони худро аз даст додаанд, маълум шуд. Онҳо зодагони ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангир) ва Бохтари вилояти Хатлон ва аз 20 то 37-сола будаанд.

Аз шаҳрвандони фавтидаи тоҷик: Қобилҷон Файзиддинов (2001), Қосимҷон Файзиддиннов (2002), Нуриддин Файзиддинов (1985), Саидакрам Кабутов (2000), Идибек Соломов (1992) ва Муҳаммадҷони Раҳмоналӣ (2000) ном бурда мешавад.

Саидаҳмад Маҳмадов, раиси “Ҷамоати тоҷикони Волгоград”, рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирони тоҷик дар гармхонаи як хоҷагии деҳқонӣ дар шаҳраки Рахинка кор мекарданд ва бар асари заҳролудшавӣ фавтиданд. Ҳодиса шаби 25 ба 26-уми январ рух додааст.

Ба қавли Маҳмадов, нафари ҳафтум тавонистааст, наҷот ёбад ва ҳоло дар шифохона бистарист.

Мақомоти Русия мегӯянд, дар пайванд ба марги шаш муҳоҷири тоҷик парванда кушода, ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ карданд. Ба иттилои онҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври қонунӣ кор мекарданд, вале “меъёрҳои бехатариро дар ҳудуди гармхона риоя нанамудаанд”.

Ҷасади таксирони тоҷики дар Санкт-Петербург кушташударо ба ватан фиристоданд

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Санкт-Петербург таксиронӣ мекарду бераҳмона кушта шуд, рӯзи 26 январ ба ватан фиристоданд, хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, дар фиристодани ҷасад ба ватан консулгарии генералии Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар Санкт-Петербург мусоидат кардаанд. Ҷасад бо ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” фиристода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ҷасади таксирони тоҷик бо гулӯи бурида ва захмҳои зиёди корд дар қаламрави фурудгоҳи Пулково дар Санкт-Петербург дарёфт шуд. Ҷасади мард дар дохили автомашинаи “Фольксваген Поло”, ки ба яке аз ширкатҳои шаҳр тааллуқ дошту дар қаламрави фурудгоҳ буд, қарор до

Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишоти Русия мутобиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Тоҷикистонӣ донишҷӯи сол дар Тотористон эътироф

Дар шаҳри Қазони Тотористон аз озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2021” натиҷагирӣ шуд, ки дар он зодаи Тоҷикистон Раҳматҷон Халилов донишҷӯи сол дар Тотористон эътироф шуд, хабар медиҳад Русский дом дар Душанбе дар саҳифаи худ дар Facebook.

“Магистранти Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ ва технологии Тотористон Раҳматҷон Халилов аз Душанбе ба Шоҳҷоиза (Гран-при) сазовор дониста шуд. Ҷоизаро ба ӯ муовини аввали раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси федералии Русия Андрей Турчак ва сарвари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов тақдим карданд”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, акнун аз ҳисоби барномаи “Алгариш” ӯ имкон дорад, ки дар ҳама гуна мактаби олии саросари ҷаҳон таҳсилашро идома бидиҳад.

Раҳматҷон дар Душанбе ба дунё омада, дар мактаби №20 ба номи Пушкин ва литсейи №1 барои кӯдакони лаёқатманд таҳсил кардааст.

Айни замон ӯ дар давраи магистратураи Донишгоҳ таҳсил дошта, ҳамзамон дар ҳаёти ҷамъиятии муассиса, аз ҷумла рушди расонаҳои донишҷӯён фаъолона иштирок мекунад.

Мутахассиси хорватӣ сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон шуд

Мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрт дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 27-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии футболи кишвар таъйин гардид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Петр Сегрт, ки муҷаввизи мураббии УЕФА “Pro” дорад, дастаи мунтахаби кишварро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8-ум то 14-уми июни имсол дар шакли мутамарказ баргузор мешавад, омода мекунад.

Петр Сегрт 8-уми майи соли 1966 дар Хорватия ба дунё омадааст, вале аз хурдӣ дар Олмон ба сар мебарад. Ҳамчун футболбоз дар бошгоҳҳои ҳаваскорони Олмон бозӣ карда, инчунин фаъолияти мураббигии худро оғоз намудааст.