fbpx

Аз хоккейи рӯи алаф то мураббии футбол. Чӣ гуна бонуи тоҷик дар футболи занон саҳм мегузорад

Бонуи варзишгар дар варзиш роҳи дарозеро тай кард, аммо танҳо дар футбол худро пайдо кард.


0
Акс аз бойгонии ФФТ

Зебо Гасимова мураббии машҳури футболи тоҷик аст. Соли 2016 ӯ сармураббии мунтахаби духтаронаи наврасони то 14-солаи Тоҷикистон таъйин шуд.

Бо роҳбарии Зебо дастаи “Душанбе” дар байни дастаҳои занона панҷ маротиба қаҳрамони Тоҷикистон гардид ва натиҷаҳои баланд нишон дод. Аз ҷумла соли 2022 мавсимро бе шикаст анҷом дод, ки дар он даста дар 18 бозӣ 18 ғалаба ба даст овард.

Бо шарофати касбият ва садоқати худ, ӯ беҳтарин мураббии чемпионати Тоҷикистон дар байни дастаҳои занона дар солҳои 2022 ва 2024 эътироф шуд.

Дар бораи он, ки роҳи варзишии Зебо аз куҷо оғоз ёфт ва варзишгар футболбозони ҷавонро бо кадом принсипҳо роҳнамоӣ мекунад, ба муаллифи Your.tj нақл кард.

Акс аз ФФТ

Оғози роҳ

Зебо Гасимова фаъолияти варзишии худро соли 1980 ҳамчун методист дар ҷамъияти варзишии “Ҳосилот” оғоз кард. Варзишгар мактабро нав хатм карда буд ва дар он вақт маълумоти махсуси олӣ надошта бошад ҳам, аллакай бозӣ мекард, аммо на футбол, балки хоккейи рӯи алаф.

“Ман метавонам қотеона бигӯям, ки ҳамеша бо варзиш зиндагӣ мекунам, зеро зиёда аз чил соли умрамро ба он бахшидам. Аввалин варзиши ман хоккейи рӯи алаф аст.

Гарчанде ки методист будам, аммо ҳамчун мураббӣ кор мекардам. Гурӯҳи кӯдаконро ҷамъ карда онҳоро тамрин медодам. Дар соли 2003 соҳиби иҷозатномаи байналмилалӣ ба футбол шудам”,- гуфт варзишгар.

Акс аз бойгонии Зебо Гасимова

Зебо Гасимова он солҳоро ба ёд оварда, иқрор мешавад, ки футбол, ба монанди дигар соҳаҳо, замонҳои вазнинро аз сар гузаронидааст, зеро ҷумҳурӣ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ нав барқарор мешуд ва ба пой мехест.

“Он вақт ҳанӯз рӯзҳои хеле душвор буданд. Ба ман ҷалб кардани духтарон ба футбол хеле душвор буд, бинобар ин дастаи писаронро таълим медодам. Аммо таслим нашудам ва тавонистам хоҳишмандонро пайдо кунам.

Мо ҳатто аввалин бозии дӯстонаи худро бо дастаи “Вахш” баргузор кардем. Раванди интихоби духтарон низ хеле ҷолиб буд. Варзишгаронро аз дигар намудҳои варзиш гирд овардан лозим буд ва ҳамаи онҳо синну соли гуногун доштанд”,- мегӯяд Зебо Гасимова.

Муваффақияти варзишгар пас аз иштирок дар мусобиқае, ки ба ифтихори 26-солагии истиқлоли Тоҷикистон ташкил шуда буд, ба даст омад, ки дар он шогирдони Зебо ҷои аввалро гирифтанд.

Ин комёбии варзишгарро ба назар гирифта, ӯро ба мактаби Махсуси варзишии кӯдакон ва наврасони захираи олимпии №10 даъват карданд, ки то имрӯз дар он ҷо кор мекунад.

Акс аз бойгонии ФФТ. Шогирдони Зебо Гасимова ҳатто дар давраи ковид бозӣ карда, ғолиб омаданд

“Футбол метавонад варзиши занон бошад”

Аксари ҷомеа ақидае доранд, ки футбол варзиши занона нест. Зебо Гасимова бо ин иддао комилан розӣ нест.

“Агар духтарон дар ин варзиш хуб бошанд ва ба он таваҷҷӯҳ дошта бошанд, пас чаро не. Футбол метавонад вазиши занон бошад.

Масъалаи дигар “нафосат” надоштани футбол аст. Ин табиист, бале, футбол аслан намуди варзиши бонафосат нест, зеро он аз шахс сифатҳоеро талаб мекунад, ки ба ӯ хос нестанд ва ҳатто гоҳо бо калимаи нафосат мухолиф аст.

Дар ин варзиш баъзан бояд сахтгир, дағал, нотарс будан лозим, аммо бо вуҷуди ин духтарони мо аз уҳдааш мебароянд”,- мегӯяд мураббӣ.

Фаъолияти мураббӣ на танҳо кор бо шогирдон, балки волидони онҳо низ мебошад, мегӯяд Зебо. Зеро на ҳама волидон омодаанд манфиатҳои фарзанди худро дастгирӣ кунанд, аз ин рӯ аз мураббӣ муносибати хеле нуктасанҷона талаб мекунад.

Акс аз бойгонии ФФТ

Мураббӣ бояд бо волидон шинос шавад, бо онҳо суҳбат кунад ва пешакӣ муайян созад, ки то чӣ андоза омодаанд ба фарзанди худ иҷозат диҳанд. Аз ин рӯ, Зебо Гасимова на танҳо мураббӣ, балки баъзан бояд равоншинос ҳам бошад.

Акс аз бойгонии ФФТ

“Ҳар як бозии кӯдакона омили рушди бадан аст”

Зебо мегӯяд, ӯ дар оилаи суннатӣ ба воя расидааст, ки дар он ба шавқи варзишии духтар чандон аҳамаят дода намешуд.

“Дар замони мо ба писарони оила ҳама чиз иҷозат дода мешуд, аммо аз духтарон интизорӣ доштанд, ки корҳои хонаро ёд гиранд.

Аз духтарон дигар ҳавасҳо ва манфиатҳои духтаронро дар ҳаёт интизор набуданд. Мо медавидем, меҷаҳидем, бозиҳои гуногун мекардем, аммо ҳамааш дар дохили ҳавлӣ.

Нақшаи рафтан ба варзишгоҳи Фрунзе ва тамрин таҳти назорати мураббии касбӣ вуҷуд надошт”,- ба ёд меорад вай.

Акс аз бойгонии Зебо Гасимова

Аз машғулиятҳо, мегӯяд Зебо, танҳо бозиҳо дар ҳавлӣ бо бачаҳои ҳамсоя иҷозат буданд, аммо варзишгар қайд мекунад, маҳз ин вақтхушиҳои кӯдакон ба ӯ имкон доданд, малакаҳои муайянеро ба даст орад, ки минбаъд ӯро ба майдони калон овард.

“Ман ҳар бор такрор мекунам, ки маҳз ба шарофати кӯча чунин сифатҳоро дар худ пайдо кардам. Дар болои бомҳо медавидам, ба дарахтон мебаромадам. Мо дар ҳавлӣ бозиҳои гуногун ташкил мекардем, ки он вақт ба назар метофт, аммо ин ҳама дар ман як навъ маҳоратро инкишоф медод.

Ҳар як бозии кӯдакона на танҳо вақтхушӣ, балки омили рушди бадан аст”,- таъкид мекунад қаҳрамони мо.

Акс аз бойгонии шахсии Зебо Гасимова. Зебо аз боло, аз чап дуюм

“Маро барои бозиҳои кӯчагӣ сарзаниш карданд, аммо ҳамин тавр ба варзиши калон омадам”

Роҳ ба варзиши калонро барои Зебо янгааш фароҳам овард, ки дар синни 18-солагӣ варзишгар ба оилаи онҳо омад.

Бо дидани таваҷҷуҳи Зебо Гасимова ба варзиш, янгааш ӯро барои бозӣ бо писарон дар кӯча сарзаниш кард ва тавсия дод, ки ба варзиши касбӣ машғул шавад.

“Худаш дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳайси омӯзгор кор мекард ва маҳз ӯ дар тақдир ва касби ман нақши бузург бозид.

Вай роҳи маро ба варзиши калон боз кард ва аксар вақт дар иҷрои корҳои хона кӯмак мекард, то тавонам машқ кунам ва то имрӯз аз ӯ миннатдорам”,- гуфт Зебо.

Ҳамин тариқ, Зебо Гасимова мутмаин аст, ки барои бо варзиш машғул шудан ҳеҷ гоҳ дер намешавад.

Аммо ба насли ҷавон маслиҳат медиҳад, ки ҳарчи зудтар роҳи варзишии худро оғоз кунанд. Зеро дар синни хурдсолӣ вақти бештар ва дурнамои натиҷаҳои баланд вуҷуд дорад.

Акс аз бойгонии ФФТ

Муҳим на иштирок, балки ғалаба аст

Гарави муваффақияти худ ва пирӯзиҳои дастаашро варзишгар дар ҳадаф гузоштан ба натиҷаҳои баланд медонад. Вай ҳамеша дар назди худ ҳадафҳои калон мегузошт ва ба кори дӯстдоштааш самимӣ рафтор мекард.

Ба шогирдонаш низ ҳамин принсипро меомӯзонад. Дар тамринҳои ӯ футболбозон на танҳо бозӣ кардан, балки ғолиб шуданро низ меомӯзанд, зеро ҳадафи асосӣ на танҳо иштирок, балки пирӯзӣ аст.

Акс аз бойгонии ФФТ

“Техникаи мураббигии ман рақобатпазир аст. Ҳамеша машқҳоеро пешкаш мекунам, ки унсури рақобатпазир доранд. Ба духтарон таълим медиҳам, то аллакай дар машқҳо ғолиб оянд, зеро рақиби шумо ҳамеша касе аст, ки дар муқобили шумо меистад. Принсипи ман кор мекунад ва кӯмак мекунад.

Ҳамоҳангии мураббӣ бо бозигарон низ муҳим аст. Ман дар ҳар як тамрин ба духтарон хотиррасон мекунам, ки онҳо ба ин беҳуда наомадаанд, балки ҳадаф доранд ва ман низ.

Инчунин зарур аст, ки эътимод вуҷуд дошта бошад. Духтарон ба ман эътимод доранд ва ин бисёр кӯмак мекунад. “Натиҷаи хуб” барои ман он аст, ки духтарони маро қадр мекунанд ва мукофот медиҳанд”,- мегӯяд мураббӣ.

“Варзиш – хонаи ман”

Зебо Гасимова тамоми умри худро ба варзиш бахшидааст ва иқрор мешавад, ки агар метавонистанд вақтро баргардонанд, вай боз ин роҳро интихоб мекард.

Акс аз бойгонии ФФТ

Варзишгар танҳо аз он пушаймон аст, ки барвақттар ба варзиш наомадааст, зеро маҳз дар ин ҷо вай худро дар хонаи худ ҳис мекунад.

“Дастоварди асосии ман дар зиндагӣ ин аст, ки ман “дар ҷои худ” зиндагӣ кардам.

Аксар вақт, шумо аз одамон мешунавед, ки “ман дар ҷои худ нестам”. Ман тамоми умр дар варзиш зиндагӣ кардам ва боварӣ дорам, ки ман дар ҷои худ будам ва ҳастам”,- гуфт ӯ.

Ҷамила Носирова

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ ва пурра дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend