Акнун мансабдорони тоҷик танҳо бо иҷозати президент олим мешаванд
Минбаъд ҳамаи мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, танҳо баъди иҷозаи раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон метавонанд ба таҳқиқи илмӣ сару кор бигиранд ва олим шаванд. Дар ин бора, амри президент 27 августи соли 2021 содир шудааст, ки нусхае аз он ба “Азия-Плюс” дастрас гардидааст.
Амри мазкур тартиби додани розигӣ ба шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва хидмати давлатӣ барои таълиф ва ҳимояи рисолаҳои илмиро тасдиқ кардааст.
Тибқи он, ҳамаи мансабдорони сатҳи болоӣ, сар карда аз сарвазир, муовинони он, вазирон, раисони кумитаҳо, агентиҳо, хадамот, саридораҳо, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент ва муовинонаш, ёрдамчиёни президент, раисони ҳарду палатаи парлумон, муовинони онҳо, вакилон, сафирон, намояндагони доимии Тоҷикистон дар созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, раис, муовин ва аъзоёни КМИР (кумитаи марказии интихоботу раъйпурсӣ), Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, муовинони ӯ ва ҳамчунин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Тоҷикистон, судяҳо, роҳбарони мақомоти қудратӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки пеш аз ҳимояи дисертатсия аз президенти Тоҷикистон иҷоза гиранд.
Мардуми Афғонистон бо амри Аҳмад Масъуд алайҳи Толибон шӯриш бардоштанд
Ҷабҳаи муқовимати миллии Панҷшер хабар медиҳад, ки дар нуқтаҳои гуногуни Афғонистон даъвати Аҳмади Масъуд раҳбари ин ҷабҳаи муқовиматро хуш истиқбол кардаанд ва шӯришҳои миллие алайҳи Толибон барпо намудаанд.
Дирӯз Аҳмади Масъуд баъди ҳамлаҳои густардаи Толибон бар Панҷшер ва тасарруф кардани бахше аз вилоят, дар як паёми савтӣ аз мардуми Афғонистон хост, ки бар зидди Толибон бархезанд, зеро дар ҳамлаи Толибон бар Панҷшер неруҳои вижаи Покистон ва паҳпод (ҳавопаймоҳои бесарнишин)-и ин кишвар низ Панҷшерро бомбаборон кардаанд.
Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер, навиштааст, ки баъди даъвати раҳбари Муқовимати миллӣ дар кишвар хезишҳои саросарӣ садо баланд кардаанд ва инро фасли ҷадиде аз муборизаи мардуми Афғонистон донистааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин хезишҳо бештар занон фаъол будаанд. Саҳфаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар саҳфаи Твиттераш аз занони эътирозгари Кобул, Булх, Бомиён, Дойкундӣ ва Ҳирот ташаккур кардааст.
Дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлолият паради ҳарбӣ баргузор шуд
Дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон имрӯз ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон парадҳои ҳарбӣ баргузор шуданд. Дар парадҳо ҳамагӣ зиёда аз 162 ҳазор сарбозону афсарон ва низомиёни захираҳои сафарбарӣ ширкат варзиданд.
Танҳо дар паради ҳарбии Душанбе бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳудуди 30 ҳазор сарбозону афсарон ва низомиёни захираҳои сафарбарӣ ширкат варзиданд. Дар таърихи Тоҷикистон то ин дам чунин парадҳои ҳарбии бузургмиқёс доир нагардида буданд.
Ёдрас мекунем, ки субҳи 9 сентябр дар майдони “Дӯстӣ” раҳпаймоиии сокинони шаҳр баргузор мешавад, ки дар он зиёда аз 45 ҳазор сокинони пойтахт ширкат меварзанд.
Шоми ҳамин рӯз дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт бахшида ба солгарди ҷашни Истиқлолият бо иштироки ҳудуди 20 ҳазор нафар намоиши театришуда баргузор мешавад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои раҳпаймоии идона ва намоиши театришуда низ шахсан иштирок хоҳад кард.
Қабри Аҳмадшоҳ Масъудро Толибон* хароб кардаанд
Баъзе гузоришҳо дар бораи даргирии Толибон* бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ нишон медиҳанд, ки нерӯҳои Толибон* (мамнӯъ дар Русия) қабри қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро қисман хароб кардаанд.
Тарафдорони нерӯҳои муқовимат аз ин иқдоми Толибон* интиқод карда, гуфтанд, ки “ин ҷанг барои чист?” Толибон гузаштаро фаромӯш накардаанд.
Онҳо мегӯянд, ки 25 сол пеш, вақте Толибон* Мазори Шарифро ишғол карданд, аввалин талош ин буд, ки қабри Генерал Муминро бо булдозер хароб карда, ба дарёи Омӯ партофтанд.
Қаблан низ Толибон* аксҳои қаҳрамони миллиро дар дигар манотиқ низ барчида ва ҳамзамон аксҳои дар санг ҳаккокикардаи Алишер Навоиро вайрон карда буданд.
Толибон рӯзи душанбе (6 сентябр) иддао карданд, ки дафтари волии вилоят ва оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, падари Аҳмад Масъуд, раҳбари Муқовимати миллии Панҷшерро забт кардаанд.
Сухангӯи Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар дод, ки Панҷшер пурра таҳти назорати ин гуруҳ аст ва ҷанг дар хоки Афғонистон ба охир расидааст.
Аммо дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ин гуфтаҳоро рад карда гуфтаанд, ки ҷанг давом дорад.
АМА барои шаҳрвандони Тоҷикистон карантинро бекор кард
Кумитаи идораи ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва офатҳои табиӣ ва Раёсати фарҳангу сайёҳии Абу-Заби дар бораи бекор шудани карантини ҳатмӣ барои воришдшавандагон ба ин кишвар аз як қатор давлатҳо хабар дод.
Инчунин шаҳрвандон аз кишварҳои минтақаи “сабз” низ бидуни худгӯшагирӣ (карантин)-и ҳатмӣ метавонанд аз кишвар боздид намоянд. Тоҷикистон ҳамроҳи Туркманистон ва Қирғизистон ба рӯйхати давлатҳо аз минтақаи “сабз” бо сатҳи пасти паҳншавии коронавирус шомил аст .
Пас аз гузаштан аз ПСР-тест дар фурудгоҳ воридшудагон гузарномаи “сабз”-и худро фаъол намуда, он ҷиҳати боздиди онҳо аз ҳамаи ҷойҳои ҷамъиятӣ ва иншооти сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) имкон фароҳам месозад
Ба низомие, ки дар моҷарои марзӣ бо Қирғизистон кушта шуд, орден доданд
Ҳукумати Тоҷикистон ба яке аз қурбониёни муноқишаи хунини марзӣ бо Қирғизистон ордени “Спитамен” дараҷаи 2-ро тақдим кард. Хабаргузории “Азия-Плюс” менависад, ки прапоршик Ҷасур Сиярқулови 28-сола рӯзи 29-уми апрели соли ҷорӣ дар задухӯрди марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар хатти марзи ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тири силоҳ кушта шуд. Фармони тақдими орден ба ин низомии ҳалокшуда аз ҷониби президенти Тоҷикистон имзо гардидааст. Ҳамчунин қарор аст, маҳаллае дар Деваштич ба номи Ҷасур Сиярқулов гузошта шавад. Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар баҳори имсол боиси аз ҳарду тарафи марз кушт ва захмӣ шудани даҳҳо нафар шуд