Аз фонди қарзии хурд то фиҷиталбонк. Бонки “Ҳумо” чӣ гуна рушд кард

Имрӯз Бонки “Ҳумо” дастаи зиёда аз 2 ҳазор мутахассисони коршинос, сандуқи қарзии бештар аз 1,9 миллиард сомонӣ, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиёда аз 145 идораи минтақавӣ ва бештар аз 350 мизоҷ дорад.

Меҳмонони подкасти нави “Тиҷорат ва банкҳо” Дилшод Негматов менеҷери маҳсулотҳои “Ҳумо Банк” ва Наргис Исмоилова, соҳибкоре, ки бо дастгирии ин бонк нонвойхонаи худро таъсис додааст, дар бораи имтиёзҳо ва маҳсулоти қарзии он гуфтанд.

Таърихи “Ҳумо” ин намунаи рушди пайдарпай, аммо пешсаф ва боэътимод аст. Он соли 2005 ташкилот ҳамчун фонди қарзии хурд бо дастгирии “Key International” корро оғоз намудааст.

“Дар дастаи мо ҳамагӣ 15 нафар коргар буд ва сандуқи қарзии ташкилот 225 ҳазор сомониро ташкил мекард. Давоми солҳо якчанд марҳилаи бузурги ташаккулёбиро гузаштем. Соли 2008 ҳамчун ташкилоти қарзии хурд, 2013 бошад, ташкилоти қарзии амонатии хурд ва ба наздикӣ мо мақоми бонкро гирифтем, ки ин имкониятҳои моро бештар мегардонад”,- гуфт Негматов.

Ба гуфтаи ӯ яке аз дастовардҳои калидии дигари “Ҳумо” ин таъсиси “Lab” дар соли 2018 мебошад. “HumoLab” ин лабораторияи дохилии бонк мебошад, ки менеҷерони маҳсулот, барномасозон аз болои маҳсулоти молиявии бонк кор мекунанд.

Дилшод Негматов гуфт, имрӯз дар “HumoLab” зиёда аз 120 мутахассиси IT кор мекунад ва ин имконият дод, ки дар соҳаи финтех дар бозори Тоҷикистон “Ҳумо” ба яке аз ташкилотҳои пешсаф табдил ёбад.

Намояндаи “Ҳумо” афзуд, фиҷитал – ин яке аз фалсафаҳои асосии Бонки “Ҳумо” мебошад, ки ҳадафи он ҳузури ниҳоии ҷисмонӣ дар минтақаҳо ва дастрасӣ ба каналҳои рақамӣ аст.

“Мо мефаҳмем, ки барои мардуми мо ҳузури минтақавӣ ва ҷисмонӣ дар ноҳияҳои дурдаст муҳим аст. Мизоҷони мо одатан бо мутахассисони қарзӣ ба муоширати шахсӣ одат кардагӣ ҳастанд. Муоширати рақамиро низ рушд дода истодаем. Ҳаракат мекунем, тариқи платформаҳои онлайнӣ 24/7 барои мизоҷонамон хизматрасониҳои молиявӣ пешниҳод намоем”,- гуфт ӯ.

Наргис Исмоилова дар аввал ҳафт сол пеш аз Бонки “Ҳумо” 25 ҳазор сомонӣ қарзи истеъмолӣ гирифта, онро дар шаш моҳ супорида будааст. Хизматрасонии хуб ба ӯ писанд меояд ва чанд маротибаи дигар дар вақти зарурӣ аз ин бонк қарз мегирад.

“Дар яке аз бозорҳои пойтахт нон мефурӯхтам. Бозори моро тахриб карданд. Бозори дигар рафтам, вале он ҷо савдоям хуб нашуд. Хоҳари калониам дастгирӣ карда, як нонвойхонаашро ба ман дод, ки он ҷо кор кунам. Баъди ду моҳи кор гуфт, “акнун ки корро ёд гирифтӣ, давомашро пеш бар”. Ҳамин тавр нонвойхонаро васеъ кардам”,- нақл кард ӯ.

Шакли пурраи подкастро дар ин ҷо тамошо кунед:

Шакли садоии подкастро дар ин ҷо гӯш кунед:

Нашрҳои нави подкасти “Тиҷорат ва бонкҳо”-ро пайгирӣ намоед, то мо ба шумо боз ҳам бештар аз таърихи навгониҳо қисса кунем

Хотиррасон мекунем, ки тавассути барномаи “Машварат барои тиҷорати хурд”-и Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, шумо метавонед аз хизматрасониҳои мушовирони тиҷорат истифода баред. Рақами телефон барои муроҷиат +992487011325

Skip to toolbar