fbpx

Аз фавти мансабдор бар асари латукӯб дар Кӯлоб то имтиёзи бонкҳо ба зарардидагони бозори “Фаровон”

Мо мухтасар аз тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Бозори Фаровон пас аз сӯхтор/акс аз Asia+

Вазири тоҷик латту кӯби хабарнигор аз ҷониби писарашро шарҳ надод

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, посухи дақиқ надод, ки оё писараш дар лату куби рӯзноманигори боздоштшуда Далери Имомалӣ даст дорад ё не.

Далери Имомалӣ, журналисти шинохтаи тоҷик, рӯзи 4-уми июн гуфта буд, ки ҳангоми бозпурсӣ дар Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ӯро латту кӯб кардаанд. Баъдан, журналистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ба ӯ писари вазири адлия, муфаттиши додситонӣ, мушт задааст.

Хабарнигорон дар ин бора рӯзи 15-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе аз Ашуриён суол карданд. Ӯ дар посух ба ин савол аз хабарнигорон хост, ин пурсишро дар мақомоти прокуратура ба миён гузоранд, зеро посухаш аз салоҳияти ӯ берун аст.

“Ин масъалаи тафтишот аст. Тафтишоте, ки мақомоти прокуратура бурда истодааст. Ин саволро метавонед аз мақомоти прокуратура пурсед. Чизе, ки ба вазорати адлия дахл дорад, ҳамонро аз мо пурсед.”–афзуд, Музаффар Ашуриён.

Дар минтақаи Кӯлоб 2 милиса бо гумони ришваситонӣ боздошт шудаанд

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ду милиса дар минтақаи Кӯлоб бо гумони гирифтани пора дастгир ва нисбати онҳо парванда боз шудааст. Дар ин бора Қудбиддин Достизода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда афзуд, парвандаи айбдорӣ аз ҷониби прокуратураи минтақаи Кӯлоб боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Ӯ аз боздоштшудаҳо, Д. Шарифзода, муовини сардори ШВКД ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Фарҳоди А., ваколатдори фаврии шўъбаи кофтуковии ШВКД дар ноҳияи Мўъминобод ном бурд, ки ҳарду аз ҷониби Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Хатлон дастгир шудаанд.

Додгоҳҳои Тоҷикистон дигар касеро “сафед” накарданд

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 5508 парвандаи ҷиноятиро баррасӣ карда, ягон ҳукми “сафед” содир накардаанд. Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Шоҳиён сабаби содир нашудани ҳукмҳои сафедро ба натиҷаи “кори хуби мақомоти тафтишоти пешакӣ” рабт дод. “Яъне ягон зарурате надорад, ки нисбати шахсе, ки ҷиноят содир накардааст ё инки гуноҳи ӯ дар содир кардани ҷиноят исбот нашудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтиш карда ба мақомоти судӣ пешниҳод намоянд,”–афзуд раиси Додгоҳи олӣ.

Додситонии Хатлон: Сардори КҲФ-и минтақаи Кӯлоб дар пайи латукӯб фавтидааст

Додситонии вилояти Хатлон фавти Абубакр Саидзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлобро дар пайи як латукӯб тасдиқ кард.

Қудбиддин Достизода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ гуфт, тибқи хулосаи тиббӣ сардори КҲФ дар минтақаи Кӯлоб Абубакр Саидзода баъди як латукӯб дар беморхона фавтидааст.

Ӯ мушаххас нагуфт, ки Саидзодаро кӣ ва дар пайи чӣ муноқишае латукӯб шудааст.

Достизода танҳо афзуд, “ин масъла алҳол дар пайи таҳқиқ аст ва ҳоло хулосаи ниҳоиро гуфта наметавонем”.

Рӯзи 11 июл Радиои “Озодӣ” бо такя ба манбаъҳои худ хабар дода буд, ки Абубакр Саидзода “бар асари латукӯб ва захмҳои бардоштааш” дар шифохона ҷон додааст.

Манбаъ навишт, ки ӯ дар ноҳияи Данғара “20 гектар замини пахта дошта”, баҳси ин мақомдор бо оилаи Шайбоновҳо, як хонаводаи пурнуфуз дар Данғара, сар задааст. Онҳо дар канори замини Саидзода кишти ҷуворимакка доштаанд.

Бонкҳо ба зарардидагони бозори “Фаровон” имтиёзҳо додаанд

Бонкҳои минтақаи Бохтар ба соҳибкороне, ки дар сӯхтори бозори “Фаровон” зарар дидаанд, имтиёзи муваққатӣ дод. Ин тоҷирон аз бонкҳо 15, 3 миллион сомонӣ қарздор будаанд.

Самадзода Фирдавс, роҳбари Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар нишасти хабарӣ гуфт, ки 503 соҳибкори бозори “Фаровон” расман муроҷиат карда, талаби имтиёз кардаанд.

Ӯ гуфт, ки соҳибкорон метавонад як сол аз супоридани баҳраи бонкӣ озод бошанд. Гуфта шуд, ки бонкҳо итиёзҳои мухталиферо барои муштариёни зарадидаашон роҳандозӣ кардаанд.

Бозори “Фаровон” шаби 1-уми июни имсол оташ гирифт ва дар натиҷа як нафар ҷон бохта, ёздаҳ каси дигар осеб диданд. Соҳибкорони зиёде мегӯянд, ки пулу дӯкону маҳсулоти худро аз даст доданд.

Воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Дар соли равон ба Тоҷикистон 21 ҳазору 377  адад  воситаҳои нақлиёти сабукрав  ба маблағи 82,2 миллион доллари амрикоӣ ворид карда шуданд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 229 адад ва ба маблағи беш аз 15,5  миллион доллар зиёд мебошад. Дар ин бора Сардори Хадамоти гумруки кишвар Хуршед Каримзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ додааст.

Воситаҳои нақлиёти сабукрав ба Тоҷикистон бештар  аз ҷониби соҳибкорон аз кишварҳои Аврупо, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ба таври транзит тавассути давлатҳои назди Балтика ва Аморати Муттаҳидаи Араб  ворид карда мешаванд.

Ба Тоҷикистон асосан мошинҳои маркаи «Audi», «BMW». «Mercedes-Benz»,, «Volkswagen», «Opel», «Hyundai», «Kia» ва ғайраҳо ворид мешаванд.

Инчунин Каримзода гуфт, ки дар ин давра ба мамлакат 127 адад мошинҳои барқӣ-электромобилҳо ворид гардиданд ва имтиёзҳои додашуда ба воридкунандагони он 90 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ширкати писари Бег Сабур аз андоз қарздор мондааст

Масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтанд, ки ширкати сохтмонии “Комил 2010” ҳанӯз қарзашро аз андоз напардохтааст, аммо рақами мушаххасеро ба забон наоварданд. Дар гузашта қарзи ширкат танҳо дар Кӯлоб зиёда аз 4 миллион сомонӣ эълон шуда буд.

Бино ба санадҳои расмӣ, ширкати “Комил 2010” ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, мутааллиқ аст.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 14-уми июл бе зикри номи касе гуфт, “дар ҳақиқат, як ширкати сохтмонӣ дорад. Бақияи қарзаш аз андоз мондааст. Ҳамон миқдоре, ки Шумо (4 миллион сомонӣ) гуфтед. Шояд аз он зиёдтар шуда бошад. Мо чораҷуӣ карда истодаем, мутаасифона, пурра барқарор нашудааст.”


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend