Сел дар Тоҷикистон

Аз Фархору Восеъ то Ҳисору Ваҳдат. Оқибатҳои сели ду рӯзи ахир дар Тоҷикистон

Дар пайи  боронҳои шадиди ду рӯзи охир дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел омад, ки дар натиҷа манзилҳои истиқоматӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишт зери обу лой мондаанд. Инчунин, наҷотдиҳандагони КҲФ чанд нафарро аз минтақаи хатарнок наҷот додаанд.

Айни ҳол ҷараёни бартараф кардани паёмадҳои офатҳои табиӣ дар ҷойҳои ҳодиса идома дошта, ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.

Сел дар ноҳияҳои вилояти Хатлон

Ҳамин тавр, субҳи 19 май оби рӯди Ёхсу боло рафта, 30 гектар заминҳои кишоварзӣ дар ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор зери об мондааст.

Бегоҳи 18 май 6 нафар сокинони деҳаи Гулдараи ноҳияи Восеъ ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар миёнаи дарёи Ёхсу мондаанд ва роҳи баромад ба соҳилро гум кардаанд.

Кормандони наҷоти шуъбаи КҲФ дар ноҳияҳои минтақи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса расида, давоми 6 соат бо ёрии ресмонҳо як пули муваққатӣ сохта, шахсони миёни обмондаро ба соҳил баровардаанд.

Сел дар шаҳру ноҳияҳои НТҶ

18 майи соли 2024 дар қаламрави деҳаи Кӯҳнабойи ҷамоати деҳоти Ҳисор сатҳи оби дарёи Кофарниҳон боло рафта, бар асари он ба ҳавлии муассисаи таълимӣ, нуқтаи тиббӣ, 7 гектар зироати кишоварзӣ ва ҳавлии 23 сокини деҳа об ворид шудааст.

19 май аз селроҳаи  деҳаи Шерхони ҷамоати деҳоти Қалъаи шаҳри Ҳисор об хориҷ шуда, ҳавлии муассисаи таълимӣ ва се гектар замин киштро пахш кардааст.

18 майи сатҳи оби рӯди Қаратоғ баланд шуда, хатари зери об мондани манзилҳои сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Балхаки ноҳияи Шаҳринав ба миён омадааст. Барои пешгирӣ кардани вазъият маҷрои дарё тағйир дода шудаааст.

19 май сатҳи оби дарёи Элок дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ боло рафта, ба хоҷагиҳои сокинони маҳаллӣ зарар расондааст.

Дар деҳаҳои Адолат, Гулобод, Комсомол ва Шафақ таҳхонаҳои 2 бинои истиқоматӣ, 58 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва инчунин 74 гектар заминҳои кишоварзӣ зери об мондааст.

Дар маҳаллаи Румии ҷамоати деҳоти ба номи М.Турсунзода сел 50 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ ва 40 гектар замини кишоварзиро зери об кардааст.

Дар ҳудуди деҳаи Чорсӯ сел 200 метр соҳили чапи дарёи Элокро шустааст. Ҳамчунин дар ин мавзеъ бахше аз бинои маҷмааи шиноварӣ ва ду сутун қисман осеб дидаанд.

Дар деҳоти шаҳри Ваҳдат сел соҳили рӯдхонаи маҳаллиро байни деҳаҳои Чорбоғ-2 ва Чорбоғи ҷамоати деҳоти Чуянгарон вайрон карда, ба ҳавлии сокинони маҳал даромадааст.

Дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти ба номи Карим Исмоилов, Б.Бурунов, Чӯянгарон, А.Абдулвосиев ва Гулистон таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зери об мондааст.

“Бар асари омадани сел талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”,- менависад КҲФ.

Ин ниҳод бори дигар хотиррасон мекунад, ки то 22 май хатари омадани сел, резиши сангу рег, ярч ва баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо боқӣ мемонад.

Skip to toolbar