Муҳаммад Алӣ Истам роҳбалади гардишгарон, омӯзгор, навозанда ва иқтисодчӣ аст. Ӯ дорандаи ду дипломи тахассусӣ, аз ҷумла Коллеҷи мусиқӣ ва рақсии Деҳлӣ буда, аз рӯйи шавқ сайёҳонро роҳбаладӣ мекунад.
Муаллифи Your.tj бо фаъолияти қаҳрамони навбатии мо ошно шуд ва нақлҳои ҷолиб пешниҳод кард.
Навозандаи асбобҳои мусиқии миллии ҳиндӣ
Қаҳрамони мо аз овони мактабхонӣ дӯстдори ҳунару фарҳанги миллии мардуми ҳинд буд. Аз ин лиҳоз пайваста дар чорабиниҳои фарҳангии Сафоратхонаи Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе, ширкат меварзид. Ин вобастагиҳо бо сафорат барои Муҳаммад Алии ҷавон бетаъсир намонд. Дар бахши фарҳангии сафорат имконият буд, ки хоҳишмандон навозиши асбобҳои миллии мусиқии ҳиндро ройгон омӯзанд. Муҳаммад Алӣ муддати панҷ сол навозиши асбоби табларо аз худ кард ва ин боис шуд, ки соли 2011 донишҷӯи Коллеҷи мусиқӣ ва рақси ба номи Шрирам Бҳаратия Кала Кендра дар шаҳри Деҳлӣ гардад. Ӯ барои дохил шудан ба ин муассиса, тариқи барномаи санҷишии байналмилали ICC, ки шумораи зиёди мамлакатҳои дунё дар бахши озмоишии ихтисосҳои фарҳангу санъат истифода мекунанд, имтиҳон супорадд.
“Муддати имтиҳонсупории навозиши илми мусиқӣ аз 8 то 10 дақиқа тӯл мекашид. Ман тибқи дастури масъулини имтиҳон дар Душанбе, навозиши яке аз зарбҳоро бо таблаи ҳиндӣ бидуни иштибоҳ иҷро кардам. Навори лаҳзаи навозишамро ба Ҳиндустон фиристоданд ва дар натиҷа ман ба мадраса (коллеҷ) -и мусиқии ин кишвар қабул гардидам”, – шарҳ медиҳад Муҳаммад Алӣ.
Ӯ даврони кӯдакӣ орзу мекард, ки дар оянда забоншинос ё рӯзноманигор шавад. Вале маҷрои қисмат Муҳаммад Алиро ба дигар сӯ бурд. Ҳангоме ба волидонаш қарорашро дар мавриди таҳсили мусиқӣ дар Ҳиндустон гуфт, онҳо фақат дуои нек доданд.
Дилбастагии Муҳаммад Алӣ нисбати мусиқӣ ба ирсият низ вобастагӣ дошта метавонад. Ба гуфтаи ӯ, замоне падару падаркалонаш ҳам бо ромишгарӣ машғул буданд ва дар маъракаҳои деҳа ҳамчун маҳфилоро даъват мегардиданд.
Ин ҷавони навозанда бештари асбобҳои мусиқӣ, аз қабили тору рубобу уд, гитору пианина ва махсусан таблои ҳиндиро ба ҳадди ҳирфаӣ навохта метавонад.
“Ҳар нафаре, ки аз кӯдакӣ бо асбобҳои мусиқӣ сарукор мегирад, навозиши дигар созҳо низ барояш мушкилӣ эҷод намекунад”, – қайд намуд қаҳрамони мо.
Дар коллеҷи ҳиндие, ки Муҳаммад Алӣ таҳсили илм мекард, анъанае буд, ки донишҷӯёни фаъол новобаста аз ихтисос соле ду маротиба консерти ҳисоботӣ супоранд. Махсусан баромаде, ки охири сол, яъне моҳи декабр баргузор мегардид, барои муҳассилин аҳамияти зиёд дошт. Зеро барои иҷрои ин консерти соло танҳо як донишҷӯи лаёқатманд аз ҷониби муаллими масъул интихоб мегардид. Ва ин анъана сабабгори эҷоди рақобати шадид дар миёни донишҷӯён мешуд.
“Такнавозӣ барои ҳар як ромишгар душвортарин навъи иҷро аст. Ман дар соло консерти худ асбоби таблаи ҳиндиро навохтам. Гумонам тамошобинон хуш пазируфтанд”, – ба хотир меорад навозандаи ҷавон даврони донишҷӯии худро.
“Сайёҳон низ эрод мегиранд”
Муҳаммад Алӣ баъд аз баргаштан ба Ватан, нахуст корашро аз ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ шуруъ намуд.
“Як дӯстам бо роҳбаладии сайёҳони хориҷӣ машғул буд. Ман ба вай шӯхиомез гуфтам, ки оё барои рафиқат низ чунин шуғлро пайдо намекунӣ, то саргарм шавам. Баъди ду рӯз аз ширкати сайёҳӣ занг зада, маро барои ҳамкорӣ даъват намуданд. Ман лолу ҳайрон ин пешниҳодро қабул кардам”, – механдад Муҳаммад Алӣ.
Аввалин сафари ӯ ҳамчун роҳбалад ба ВМКБ дуруст омад. Муҳаммад Алӣ ҳудуди шаш рӯз бо гурӯҳи сайёҳони Италия, аз тамоми гӯшаҳои зебоманзари Бадахшон дидан намуд. Аз ин баъд идома ёфт саёҳати ӯ ба олами сайёҳӣ.
Ба гуфтаи ин роҳбалади айни замон пуртаҷриба, сайёҳон ба баъзе чизҳое, ки воқеан ҳам бояд ислоҳ шаванд, эрод мегиранд. Махсусан аз ҳуҷраҳои дастшӯӣ ва хӯрок. Зеро бештари фаррошон ва ошпазҳо шуғли худро бодиққат иҷро намекунанд.
“Роҳбаландон низ гоҳо аз фаъолияти худ хаста мешаванд. Аслан ин ба чӣ гуна шахсият будани меҳмон вобаста аст. Баъзан бо нафаре, ки муддати 10-15 рӯз ҳамсафар ҳастам, ба назарам гӯё яклаҳзаина менамояд. Ва гоҳе баръакси он ҳам мешавад. Бо гардишгароне дучор меоям, ки то шом лаҳзашуморӣ мекунам, то зудтар вақт ба поён бирасад”, – қайд намуд Муҳаммад Алӣ.
Имкониятҳои фароҳам мавҷуд аст, ки роҳбалади тоҷикистонӣ битавонад танҳо аз пушти ҳамин касб рӯзгори як оиларо пеш барад. Роҳбалад ҳар қадар, ки таҷрибаи ғанӣ ва лаёқати хуби ҳарфзанӣ бо забонҳои хориҷиро дошта бошад, ҳамон қадар ширкатҳои сайёҳӣ барои ҷалби ӯ бо маоши баландтар мекӯшанд.
“Ман мисли мардуми хориҷӣ даромади солонаамро ҳисоб мекунам. Ин анъана дар кишварҳои ғарбӣ хеле маъмул аст ва бартариятҳои зиёд дорад”, – мегӯяд ӯ.
Муҳаммад Алӣ на танҳо забонҳои англисию русию ҳиндӣ, балки забони сохтаи эсперанторо низ балад мебошад. Ин забонро бо кумаки як дӯсти амрикоиаш аз сари шавқу ҳавас омӯхтааст, ки худаш мегӯяд:
“Ин забон 10 маротиба осонтар аст аз омӯзиши дигар забонҳо. Забономӯзӣ бароям аз машғулиятҳои ҷолиб ба шумор меравад. Ногуфта намонад, ки ҳар нафар метавонад забони эсперанторо аз худ кунад”.
Табдили касб
Муҳаммад Алӣ худро шахси универсиалӣ меҳисобад. Аз ин лиҳоз, ба нуқтаи назари “ман танҳо барои як соҳаи вежа офарида шудаам” мухолиф аст.
Ӯ баъди хатми Коллеҷи мусиқӣ ва рақси шаҳри Деҳлӣ, ба факултети иқтисоди ДМТ дохил шуд. Ба андешаи Муҳаммад Алӣ, дунё дар асоси иқтисоди молӣ ташкил ёфтааст. Ҳар касе, ки мехоҳад дар риштае таҳсил намояд, як гӯшаи зеҳнаш ба дунболи пул аст. Воқеият аст, ки дар Тоҷикистон мусиқии асил харидор надорад. Он замонҳо таърифу тавсиф аз донандагони иқтисод бештар буд. Бинобар ин дар ин ришта таҳсил кардам, – ақидаашро тавзеҳ медиҳад ин ҷавони ҳамакора.
Аз лиҳози пешаи мавсимӣ будани роҳбаладӣ ва одатан ба Тоҷикистон сафар кардани бештари сайёҳон ба мавсими саратон дуруст меояд, қаҳрамони мо тасмим гирифт, ки бо дигар касб машғул шавад. Ҳамин тавр дар Мактаби байналмилалии муосир дар шаҳри Душанбе (Modern international School) ба кор шуруъ намуд. Феълан ҳоло ӯ омӯзгор аст аз фанни дурнамои ҷаҳонӣ, ки ба толибилмон аз рӯйи тафаккури интиқодӣ дарс медиҳад.
Нодира СОБИРЗОД