Аз даромад маҳрум ва зери қарзи зиёд. Нақли савдогарони бозори Ҷайҳун аз оқибатҳои сӯхтор

Дӯкони Қодирҷон Қодиров, як фурӯшандаи бозори марказии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар пайи сӯхтори шадиди шаби 1 ба 2-юми июл дар қатори даҳҳо савдогарони дигар пурра ба коми оташ рафт. Ӯ пойафзор мефурӯхт ва мегӯяд, беш аз 150 ҳазор сомонӣ зарар дид.

Муаллифи Your.tj пас аз ду рӯзи ҳодиса ба суроғи чанде аз савдогарони ин бозор рафт, ки дӯконҳояшон сӯхтаву даҳҳо ҳазор сомонӣ зарар дидаанд ва бар замми ин қарздор ҳам шудаанд.

“60 ҳазор сомонӣ қарздорам, ба кӯмак ниёз дорам”

Қодирҷони 30-сола беш аз чаҳор сол боз дар бозори ноҳия ба фурӯши пойафзор машғул буд. Масоҳати дӯкони ӯ 8 метри квадратиро ташкил медод. Мегӯяд, бегоҳи ҳамон рӯз, тақрибан соати 17:30 дари дӯконашро баста, ба замини киштзораш рафт.

 

“Тақрибан соати 22:40 занги телефонам садо дод ва хабар доданд, ки бозор оташ гирифтааст. Дарҳол ба бозор расида дидам, ки дӯкони ман низ ба коми оташ рафтааст. Алангаи оташ чунон баланд буд, ки ба ғайр аз кормандони сӯхторхомӯшкунӣ ҳеҷ кас ҷуръати наздик шуданро надошт”,- ба хотир овард савдогар.

Қодирҷон он шаби даҳшатборро фаромӯш карда наметавонад, зеро беш аз 150 ҳазор сомонӣ зарар дидааст. Илова бар ин тақрибан 60 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст, ки чӣ тавр ҷуброн онро намедонад.

“Дирӯз рафта, оҳанҳои сӯхтаро канда овардем. Масъулин ҳам омада буданд. Гуфтанд, ҳамааш хуб мешавад. Сабаби сӯхтор пурра дақиқ нест. Агар ягон хел кӯмак кунанд, боз хуб мешавад”,- изҳори умед кард Қодирҷон.

 

Ӯ 3 гектар замини кишт низ дорад, ки дар як қисми он тарбуз рӯёнидааст, вале мегӯяд, ҳосил имсола нисбати соли гузашта камтар аст.

“То тавонистам молҳои дӯконамро аз оташ наҷот додам, аммо…”

Даҳҳо савдогари дигари бозори ноҳияи Ҷайҳун низ дар пайи сӯхтор аз даромади дӯконҳояшон маҳрум ва ҳоло дар фикри ҷуброни қарз ва зарари дидаашон ҳастанд.

Қудратулло Ҷамилов, фурӯшандаи дигари ин бозор беш аз 40 ҳазор сомонӣ зарар дидааст. Ӯ ашёи рӯзгор, ба мисли чойнику пиёла ва дигар зарфҳои шишагӣ мефурӯхт.

“Аз наздикии деҳқонбозор дудро дидам, вале чандон аҳамият надодам. Писари амаам занг заду гуфт, ки бозор оташ гирифт. Дӯкони ман дар сари роҳ буд. Дарҳол худро ба бозор расонидам ва тавонистам, ки қисме аз молҳои дӯконамро берун орам. Шояд ягона фурӯшандае бошам, ки қисме аз молҳои фурӯшиамро аз коми оташ наҷот дода тавонистам. Дигар фурӯшандаҳо зарари бештар диданд”,- афзуд Қудратулло.

Ӯ нақл кард, ки ҳамаи савдогарони бозор то саҳар он ҷо буданд. Аз дидани дӯконҳои сӯхта сахт ғамгин буданд.

Мақомот: ҳаҷми зарар муайян карда мешавад

Сӯхтор дар бозори ноҳияи Ҷайҳун шаби 1-уми июл тақрибан соати 22:40 сар зад. Фурӯшандаҳо мегӯянд, аксарияти онҳо бо сабаби баланд будани алангаи оташ ва роҳ наёфтан ба дохили бозор натавонистаанд молу маҳсулоташонро аз коми оташ раҳо созанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки сабаби сӯхтор расиши ноқилҳо буд. Ба иттилои ин ниҳод ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ надид ва талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд гирифта нашуд. Ҳаҷми зарар бошад, муайян карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ба сомонаи Your.tj хабар доданд, ки он шаб шуъбаҳои эҳёгарӣ ва амрози даруниро барои ҳолатҳои эҳтимолӣ омода карда буданд. Манбаъ афзуд, ки 4 нафар – 3 фурӯшанда ва як корманди сӯхторхомӯшкунӣ аз дуди оташ нафасгир шуда, баъди ду соати бистарӣ дар беморхона ва расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ҷавоб дода шуданд.

Ба иттилои расонаҳо, барои хомӯш кардани оташ 18 мошини сӯхторхомӯшкуни сафарбар гардидааст. Гуфта мешавад, онҳо давоми бештар аз ду соат сӯторро хомӯш кардаанд.

 

Аз мақомоти ноҳияи Ҷайҳун хабар доданд, ки барои майян кардани сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷми зарари расида гурӯҳи корӣ ташкил шудааст.

Солҳои охир оташ гирифтани бозорҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар зиёд мушоҳида мешавад. Аввали моҳи марти соли равон дар фурӯшгоҳи Шаҳлои шаҳри Бохтар низ сӯхтор сар зад, ки чанде аз савдогарони он зарари молӣ диданд.

Skip to toolbar