Аз бозгашти 700 донишҷӯйи тоҷик аз Қирғизистон то сафари навбатии Путин ба Тоҷикистон

Мухтасари хабарҳои рӯз.


Ифтитоҳи боз як мактаби тоҷикӣ дар Ӯзбекистон

Имрӯз, 5-уми сентябр, мактаби тоҷикие, ки мардуми деҳаи Истошони ноҳияи Букаи Ӯзбекистон бунёд кардаанд, расман ифтитоҳ гардид. Дар ин бора “Азия плюс” Фитрати Ҳикмат, як масъули ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст.

“Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони расмии ҳокимияти ноҳияи Бука ширкат варзиданд”, – навиштааст Фитрати Ҳикмат.

Тибқи иттилои Ф. Ҳикмат сохтмони ин мактаб тирамоҳи соли 2021 оғоз гардида, моҳи августи соли 2022 ба итмом расид. Дар бунёди ин мактаб беш 3 млн. сомонӣ сарф гардида, ҳамаи ин маблағро сокинони деҳаи Истошон пардохт кардаанд.

Мактаб барои таҳсили 350 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Ӯзбекистон замони ҳукумати Ислом Каримов шумораи мактабҳои тоҷикӣ ба маротиб кам шуда буд, аммо бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, теъдоди ин мактабҳо зиёд мешавад.

Бозгашти беш аз 700 донишҷӯйи тоҷик аз Қирғизистон

Баъди тақрибан 2,5 соли бастани марз аз ҷониби Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 700 донишҷӯйи тоҷик барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон баргаштаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” хабар додаанд.

Манбаъ гуфт, аз ҳама бештар донишҷӯёни курсҳои болоӣ хостори идомаи таҳсили худ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шудаанд.

“То имрӯз ба вазорат зиёда аз 700 муроҷиати хаттии донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Қирғизистон таҳсил менамоянд, ворид шудааст, ки онҳо ба курс ва ихтисоси мувофиқ интиқол дода шуданд”,- гуфтанд аз вазорат.

Ин ниҳод ҳамчунин афзуд, ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки бархе донишҷӯёни ба донишгоҳҳои Тоҷикистон роҳхат гирифта, бо мақсади идомаи таҳсил тариқи давлати сеюм боз ба Қирғизистон сафар кардаанд.

Аз вазорати маориф гуфтанд, ҳамарӯза аз 5 то 10 муроҷиати донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаву донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил менамоянд, ҷиҳати бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳои аслӣ ба вазорат ворид мегардад.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров: Путин ба Тоҷикистон меояд

Имрӯз, 5-уми сентябр, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар Маскав дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар оғози мулоқот Сергей Лавров аз таркиш дар сафорати Русия дар Кобул ёловар шуда, таъкид намуд, ки “дар таркиши мазкур метавонанд хадамоти истихборот ва ҷосусии Афғонистон даст дошта бошанд”.

Сергей Лавров таъкид намуд, ки пас аз таркиши имрӯза “тадбирҳои ҳифзи ҳудуди сафорат пурзӯр карда шуд”.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни ин мулоқот гуфт, ки “яке аз масъалаҳои асосӣ ин сафари расмии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон аст ва омодагиҳо дар ин самт идома дорад”.

Ҳамчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сиёсати муҳоҷират, омодасозии кадрҳо, тадбирҳои муштарак дар соҳаи амнияти биологӣ, аз ҷумла мушкилоти эпидемиологӣ ва амнияти иттилоотӣ сӯҳбат кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ин дидор имзои барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2022-2023 дар назар аст.