Аз боздошти падарандар барои ба марг расонидани кӯдаки 6-сола то қурбониёни заминларзаи Афғонистон

Падарандар кӯдаки 6-соларо латукӯб намуда, маҷбурӣ ба даҳонаш нос андохта, ӯро ба марг расонидааст, фармони даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ имзо шуд, дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Турсунзода чор тан ба ҳалокат расида, панҷ нафари дигар захмӣ шуд, шумораи ҷонбохтагони заминларзаи Афғонистон аз 2200 нафар убур кард ва ҷавони 17-солаи тоҷик, ки дар як занозание дар Амрико маҷрӯҳ шуда буд, даргузашт.

Хабару рӯйдодҳои муҳимтарини ҳафтаи охир дар нашри навбатии барномаи “Навиди ҳафт рӯз” аз Your.tj.

Skip to toolbar