fbpx
0

Азим Мирасанов тоза ба бозори рақобат бо маҳсулоти табиӣ ва анъанавии ватанӣ ворид шудааст. Ӯ соли 2025 аз бонк қарз гирифта тиҷорати худро роҳандозӣ кард.

Корхонаи “Меваҳои Шуғнон”-ро таъсис дод, ки ба коркард ва хушконидани меваҳои маҳаллӣ машғул буда, ҳадаф дорад маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватаниро дар бозорҳои калонтар муаррифӣ намояд.

Азим Мирасанов

Корхона моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода дода шуд. Ифтитоҳи он дар доираи сафари кории президент Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ сурат гирифт.

Асоси маҳсулоти корхонаро меваҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи муассиси корхона, себ, зардолу ва олуболуро асосан аз ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон дастрас мекунанд, баъд кокард намуда ба бозор мебароранд.

“Мо кӯшиш мекунем меваҳоро аз деҳқонони маҳаллӣ харидорӣ намоем, то ҳам сифати маҳсулот нигоҳ дошта шавад ва ҳам сокинони маҳаллӣ манфиат бинанд”,- мегӯяд Азим.

Интихоби меваҳо бо назардошти мазза, таровати табиӣ ва мутобиқат ба стандартҳои сифатӣ сурат мегирад. Яъне агар муҳлати истифодаи мева каме гузашта бошад, ё сиёҳ шуда бошад онро хушк карда намешавад.

“Агар дар баҳор боронгарӣ зиёд шавад албатта раъду барқ зиёд шуда ба ғӯраҳои дарахти зардолу таъсир мерасонад. Вақте зардолу мепазад дар он ҷойи ягон нуқтаи сиёҳ боқӣ мемонад. Яъне ин гуна мева сифати хуб надорад ва замоне онро хушк кунонем харидор намехарад”,- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Кори мавсимӣ

Барои коркарди меваҳо дар корхона таҷҳизоти муосир аз Чин оварда шудааст. Бо истифода аз технологияҳои муосир, меваҳо хушк ва коркард мешаванд, то хосиятҳои ғизоии онҳо ҳифз гардад.

Ҳамзамон, дар таҳияи дастурамалҳои коркардсозӣ танҳо ба техника такя нашудааст. Роҳбарияти корхона бо якчанд хонаводаи деҳа, ки беш аз 50 сол таҷрибаи хушконидани мева доранд, ҳамсуҳбат шуда, аз дониш ва таҷрибаи онҳо истифода бурдаанд. Илова бар ин, ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа роҳандозӣ шуда, ҷустуҷӯи дастурамалҳои нав низ идома дорад.

“Пеш аз оғози кор бо якчанд оила, ки солҳои зиёд ба деҳқони машғуланд ва дар ҳамин соҳа таҷрибаи 50 сола доранд ҳамсуҳбат шудам ва бо як мутахассиси ҳамин соҳа корро сар кардем. Ҳоло бошад, бо мутахасисони хориҷӣ онлайн суҳбат карда дунболи навъҳои нави таҳия ҳастам”,- мегӯяд Азим.

Айни ҳол дар корхона панҷ нафар фаъолият мекунанд. Азбаски кор хусусияти мавсимӣ дорад, дар ҳайат ду ҷавондухтар ва се ҷавонписар кор мекунанд. Ба гуфтаи роҳбарият, ҷалби ҷавонон яке аз ҳадафҳои асосӣ буда, дар оянда бо васеъ шудани корхона шумораи ҷойҳои корӣ низ афзоиш меёбад.

“Ҳоло маҳсулоти корхона асосан дар бозорҳои ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ ба фурӯш бароварда шудаанд. Илова бар ин, дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Хоруғ барои меҳмонони хориҷӣ гӯшаи махсуси намоишӣ ташкил карда шудааст, то сайёҳон бо меваҳои хушк ва маҳсулоти маҳаллӣ аз наздик шинос шаванд”,- мегӯяд муассиси корхона.

Рақобат ва бартарии асосӣ

Дар оғози фаъолият корхона бо баъзе мушкилот, аз ҷумла дар раванди хушконидани меваҳо рӯбарӯ шудааст. Аммо, ба гуфтаи Азим Мирасанов, ин мушкилот тадриҷан роҳи ҳалли худро ёфтаанд.

“Барои нигоҳдории маҳсулот шароити махсус фароҳам оварда шуда, анбори алоҳида мавҷуд аст, ки ба талаботи нигаҳдории меваҳои хушк ҷавобгӯ мебошад”,- таъкид кард соҳибкор.

Ба гуфтаи Азим бастабандии маҳсулот бо маводи омодаи воридотӣ анҷом дода мешавад. Таҷҳизоти бастабандӣ низ аз Чин оварда шудааст. Аммо аз соли оянда роҳбарияти корхона ният доранд маҳсулотро бо бренди худӣ ва тарҳи миллӣ ба бозор пешниҳод намояд.

Дар бозори ВМКБ рақобат вуҷуд дорад, аммо ба гуфтаи соҳибкор, бартарии асосии “Меваҳои Шуғнон” – тозагии экологӣ ва сифати баланди маҳсулот ба ҳисоб мерафтааст.

“Меваҳо дар мо бидуни иловаҳои кимиёвӣ коркард мешаванд ва ҳамин чиз онҳоро аз дигар корхонаҳои истеҳсолӣ фарқ мекунонад”,- таъкид мекунад Мирасанов.

Аз кӯдакӣ то соҳибкорӣ

Роҳбари коргоҳ мегӯяд, ки муҳаббат ба ин кор аз кӯдакӣ сарчашма мегирад.

“Аз овони кӯдакӣ бо бибиву бобоям дар деҳа кор мекардам. Дар вақти таътил ҳосили меваро ҷамъ карда, дар бозор мефурӯхтем, мева хушк мекардем, шарбат тайёр менамудем. Ҳамин тавр шавқам рӯз то рӯз ба ин кор зиёд мешуд”, – нақл мекунад ӯ.

Пас аз хатми мактаб таҳсил дар донишгоҳ идома ёфта, баъдан барои кор ба Русия рафтааст. Аммо тағйирёбии сиёсати муҳоҷират боис шудааст, ки ба ватан баргардад. Дар ҳамин ҷо, бо ҳамроҳии соҳибкори маҳаллӣ, роҳбарии корхонаи коркарди меваҳоро ба ӯҳда гирифтааст. Ҳоло ба унвони директори ҶДММ “Меваҳои Шуғнон” Муносиб Муносибшоев ва ҳамчун муассис Азим Мирасанов фаъолият мекунанд.

Идеяи таъсиси корхонаро, ба гуфтаи соҳибкор, роҳбарияти вилоят ба миён гузоштааст.

“Мо соҳибкорони маҳаллӣ ҳастем ва дар чанд самт фаъолият мекунем. Ин идеяро вақте пешниҳод карданд, вобаста ба таҷриба ва шавқамон онро қабул намудем. Аз ин пешниҳод бисёр розӣ ҳастем”,- мегӯяд Азим.

Нақшаҳо барои оянда

Ба гуфтаи соҳибкор Азим Мирасанов, нақшаҳо барои оянда марҳила ба марҳила тарҳрезӣ шудаанд.

“Дар қадами аввал мехоҳем иқтидори корхонаро васеъ кунем ва бо ворид намудани таҷҳизоти муосири иловагӣ ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намоем. Ин ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо талаботи бозори маҳаллиро пурра қонеъ созем, балки ба бозорҳои дигар низ бароем.

Барои баромадан ба бозорҳои хориҷӣ мо бояд сертификатсия ва стандартҳои заруриро ба даст орем. Албатта, ин кор осон нест, аммо қадамҳои аввал аллакай гузошта шудаанд”,- изҳор мекунад Азим Мирасанов.

Ба гуфтаи ӯ, рушди корхона танҳо ба фоида равона нашуда, балки ҳадафи иҷтимоӣ низ дорад.

“Мехоҳем бо васеъ шудани корхона ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва ҷавонони маҳаллиро бештар ба кор ҷалб намоем. Орзуи ман ин аст, ки маҳсулоти мо рӯзе дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро пайдо кунад”, – мегӯяд соҳибкор.

С.У.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend