Аз барканории писари Нуриддин Саиду Дилшод Назаров то вазифаи нави бародари Рамазон Раҳимзода

Беш аз 9 миллион доллар. Ҳисоби бонкии Қосим Роҳбарро дар Швейтсария ёфтаанд

Муҳаққиқони OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, ҳисоби бонкии Қосим Роҳбар (Қосим Қосимов), раиси пешини вилояти Суғд ва вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистонро дар Бонки Швейтсария кашф кардаанд.

Ба иттилои онҳо, ҳисоби бонкӣ соли 2004 кушода шуда, то соли 2011 фаъол будааст. Дар он 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ, ба ҳисоби ҳозира, баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоиро нигоҳ доштаанд. Сарчашмаи чӣ гуна ба даст омадани ин миқдор пул маълум нест.

Тибқи қонун мансабдорони давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҳаққи доштани маблағ дар бонкҳои хориҷӣ ё моликият дар берун аз кишвар маҳруманд.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо Қосим Роҳбар то ин лаҳза бенатиҷа буданд. Дар сурати посух додани ӯ назараш ба хабар илова карда хоҳад шуд.

Пажӯҳишгарони OCCRP Қосим Роҳбарро ҳампаймони президент Эмомалӣ Раҳмон тавсиф кардаанд, ки як муддат тиҷорати пахта, яке аз маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ва манбаи асосии асъори хориҷиро зери назорат доштааст.

Муҳаққиқон навиштаанд, дар як паёми дипломатии Амрико дар соли 2008 ӯ “шахсе бо гузаштаи шубҳаовар” номбар шудааст, вале дар замина шарҳи кофӣ дар даст нест.

Қосим Роҳбар, ки дар гузашта бо номи Қосим Қосимов машҳур буд, 58-сола аст ва моҳи январи имсол раиси шаҳри Ҳисор таъин шуд. То ин дам раёсати Кумитаи рушди маҳал, як ниҳоди навтаъсисро дар Тоҷикистон бар уҳда дошт. Аз соли 1994 то 1996 раиси ноҳияи Хуҷанд буд.

Соли 1996, пас аз ду соли интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, ки дар он аз Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кард, ба мансаби раиси вилояти Суғд расид. Даҳ сол дар ин мақом кор кард.

Дар солҳои 2008-2015 дар мансаби вазири кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дошт. Номи ӯ дар робита ба эълони ҷамъоварии як миллион тонна картошка ва якбора боло рафтани нархи ин навъи маҳсулот дар бозорҳои кишвар як муддат дар сархати расонаҳо буд.

Барканории Дилшод Назаров аз вазифаи муовини Кумитаи кор бо ҷавонон

Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпии Тоҷикистон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озод гардид.

Қарори ҳукумат дар ин бора зери имзои Эмомалӣ Раҳмонро дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон нашр кардааст.

Ба иттилои манбаъ, сабаби барканории Назаров гузаштан ба кори нав мебошад. Аммо дар мавриди мақоми нави ӯ феълан иттилое рӯи даст нест. Ӯ қаблан ноиби президенти Куимтаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардида буд.

Инчунин Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озод гардид.

Ҳукумат ба мақоми муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон Шабнам Раҳимзодаро таъйин намудаст.

Чоршанбезода Сураҷ, ки то ҳол мудири бахши ҷавонони Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон буд, мақоми муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзишро гирифт. Собирзода Парвиз низ муовини раиси кумитаи мазкур таъйин шудааст.

Барканории Шоҳин Саидзода писари Нуриддин Саид

Шоҳин Саидзода, мудири Оҷонсии давлатии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳам дар пайи тағйироти кадрии имрӯз аз мақомаш барканор шудааст.

Манбаъ гуфт, ки фармони барканории ӯро дар Вазорат дар расмии муаррифи вазири нави маориф ва муовинонаш сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода қироат кард, ки дар фармон танҳо гуфта мешуд, ки аз сабаби ба кори дигар гузаштан, мақомаш озод карда шавад.

Шоҳин Саидзода писари Нуриддин Саид вазири собиқи маорифи Тоҷикистон ва раисии кунунии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон аст, ки дар гузашта, дар замонии вазирии падараш исмаш баъди аз сӯйи пойгоҳи “Диссренет” ба асардуздӣ муттаҳам шуданаш, расонаӣ шуда буд.

Соли 2018 пойгоҳи “Диссернет” ӯро ба асардуздӣ муттаҳам кард ва хабарҳо ҳам нашр шуда буд, ки дараҷаи илмии ӯ бекор карда шудааст, вале соли 2019 намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буданд, дараҷаи илмии Шоҳин Саидзода бо иттиҳоми асардуздӣ бекор нашудааст.

Аммо соли 2019, Саидзода рисолаи номзадиашро аз нав ва ин дафъа дар Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК-и Тоҷикистон дифоъ кард.

Вазифаи нави бародари Рамазон Раҳимзода

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамроро ба мақоми муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар таъйин намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро бародари Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.

Раҳмоналӣ Раҳимзода то ҳол дар мақомоти гумруки Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз вазифаҳои асосие, ки Раҳимзода дар бахши гумрук ба уҳда дошт, мубориза бо қочоқ буд. Ӯ солҳо дар мақоми сардори Раёсати ташкили мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ кор мекард.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон инчунин сардорони як қатор раёсатҳои Хадамоти гумрук дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ иваз гардидаанд. Аммо тафсилоташ феълан маълум нест.

Дар Душанбе марде аз ҷавонзан бо сурати бараҳнааш пул тамаъ кард

Дар Душанбе як марди 31-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, мард бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-сола даромада, ӯро бо тариқи телефони мобилӣ навори видеоӣ ва аксбардорӣ кардаааст.

Гуфта мешавад, баъдан бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, таҳдид намудааст, ки дар сурати надодани маблағ наворҳои бараҳнаи ӯро ба хешовандони наздикаш, аз ҷумла бародараш ва дар шабакаҳои интернетӣ паҳн менамояд.

“Ҳамин тариқ, ӯ бо ин роҳ аз ҷабрдида дар умум 4 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД Тоҷикистон бо моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мувофиқи ин модда, ӯ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо гирифта метавонад.

Таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Хатлон. Захмиҳо ҳастанд

Дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ки наздик ба маҳалли аҳолинишин ҷойгир аст, таркиш рух додааст.

Ҳодиса нисфирӯзии 21-уми феврал ба вуқӯъ пайваста, то ҳоло, замони нашри хабар, оташи сӯхтор хомӯш карда нашудааст.

Мақомот гуфтанд, захмиҳо низ ҳастанд, вале теъдоди онҳоро нагуфтанд. Манобеи Радиои Озодӣ дар минтақа дар бораи захмӣ шудани дастикам шаш кас гузориш доданд. Онҳо гуфтанд, шахсони маҷруҳ дар шифохонаи ноҳияи Қубодиён бистарӣ карда шудаанд. Вазъи яке аз онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Рустам Қарахонов, масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Қубодиён, ба Радиои Озодӣ гуфт, талош доранд, сӯхторро зудтар хомӯш кунанд. Ӯ гуфт, “ҳоло сабаби сӯхтор маълум нест.”

Дар гузашта дар вилояти Хатлон чанд ҳолати сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шуда буд, ки дар натиҷа ба хонаҳои мардум зарар ворид карда, чанд нафар ҳам осеб дида буданд.

Бар асари як чунин таркиш дар соли 2017 дар ҷамоати “Бӯстонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Маликхон Малахови 35-сола фавтида, 21 нафар бо шумули кӯдакону наврасон ҷароҳат бардоштанд.

Skip to toolbar