Аз ба “маршировка” ҷалб шудани кормандони давлатӣ то изҳороти вазири қирғиз дар бораи марз бо Тоҷикистон. Мухтасари хабарҳои рӯз

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон оиди масоили марзӣ бо Тоҷикистон изҳори назар кардааст

Ба гуфти вазири умури хориҷии Қирғизистон, дар бораи ҳалли масъала дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сухан гуфтан барвақт аст ва эҳтимол дорад, Русия ба ин музокирот ҷалб шавад

“Сарфи назар аз талошҳои давомдор барои аломатгузории хатти сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон, дар бораи ҳалли ниҳоии муноқиша сухан гуфтан барвақт аст”, – гуфтааст вазири қирғиз, менависад РИА Новости.

Ба гуфти Қазоқбоев, як “пешрафт” метавонад қарори муштарак бо Тоҷикистон “дар бораи даст кашидан аз даъвоҳои ҳудудӣ ва оғози ҷустуҷӯи созиш” бошад.

“Агар бо ягон сабаб кишварҳои мо натавонанд ин корро иҷро кунанд, албатта имкони ҷалби Русия ё дигар кишварҳо ва шарикони бародари мо дар минтақаро баррасӣ хоҳем кард”.

Ёдовар мешавем, ки як қисмати сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон гоҳ -гоҳ ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.

Кормандони давлатӣ низ ба “Маршировка” ҷалб шудаанд

Хабарнигорони “Азия-Плюс” тамрин ё “маршировка”-и кормандони корхонаву идораҳои давлатӣ барои роҳпаймоии осоишта ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро мушоҳида кардаанд, аммо масъулин гуфтаанд, ки он ҳоло оғоз нашудааст ва теъдоди иштироккунандагон мушаххас нест.

Аз Раёсати санъати Вазорати фарҳанг ба “Азия плюс” гуфтанд, ки ҳоло ин маърака оғоз нашудааст ва баъди мушаххас шудани теъдоди ширкаткунандагони роҳпаймоии осоишта маъракаи тамрини онҳо оғоз хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки ба ғайр аз он ки 12 ҳазор нафар дар чорабинии театришуда дар “Наврӯзгоҳ” ба ифтихори ин ҷашн ширкат мекунанд, инчунин, дар ин рӯз Паради низомӣ ва роҳпаймоии осоиштаи шаҳрвандон дар хиёбони Рӯдакӣ низ дар назар гирифта шудааст.

Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзи гузоштани поячӯбҳоро дар сарҳад мушаххас мекунанд

Гурӯҳи кории ҳукумати Ӯзбекистон 23 август ҷиҳати анҷоми гуфтушунидҳои ниҳоӣ бо ҳамтоёни худ аз Тоҷикистон дар бораи аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии ду кишвар ба Душанбе омад, хабар додаанд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати кишвар.

Дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ ва оид ба хатти аломатгузории лоиҳавӣ табодули назар мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Душанбе ва Тошканд ба гурӯҳҳои кории марбута, ки ба ҳайати онҳо геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ ва Хадамоти сарҳадбонӣ шомиланд, дастур доданд, ки то охири соли 2021 тартиби гузоштани поячӯбҳои сарҳадиро дар марзи ду кишвар ба таври ниҳоӣ тасдиқ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки корҳои аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2019 пурра ба анҷом расиданд.

Дар Бонки Миллӣ ҷузъиёти афви пулу дороиҳоро шарҳ доданд

Бонки Миллии Тоҷикистон дар як нишаст бо иштироки намояндагони бонкҳои кишвар ҷузъиёти афви дороиҳо ва маблағҳоро шарҳ дод.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки Миллӣ ва домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 24-уми август дар нишаст гуфт, ҳадаф аз афви пул ва дороиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон “ворид шудани сармояи иловагӣ ба низоми молиявӣ-бонкӣ ва ба ин васила бештар гардидани маблағгузориҳо ба бахши иқтисод аст.”

Мақомот дар Тоҷикистон интизор доранд, ки бо эълони афви дороиҳо шахсоне, ки молу маблағҳояшон ба иборае зери болишт ниҳон аст, ба маҷрои қонунӣ дароварда, ба ин васила сатҳи иқтисоди пинҳонӣ коҳиш меёбад.

Гурӯҳи “Ахбор барои афкор”-ро дар Facebook масдуд карданд

Маъмурияти шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» пуркорбартарин гурӯҳи тоҷикӣ – “Ахбор барои афкор/Информация для размышления”-ро, ки беш аз 75 ҳазор узв дошт, масдуд кард. Дар ин бора, муассиси гурӯҳ, рӯзноманигори шинохта ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Раҷаби Мирзо хабар дод.

Маъмурияти Фейсбук ин гурӯҳро ба фурӯши ҳайвонот ва силоҳ муттаҳам кардаву бастааст, ки ин иттиҳомотро муассиси гуруҳ “хеле хандаовар” медонад.

Ӯ гуфтааст, он чизеро, ки маъмурияти “Фейсбук” пеш меорад, онҳо ба ин корҳо умуман роҳ надодаанд ва маълум аст, ки дар оянда низ роҳ намедиҳанд.

– На ба фурӯши ҳайвонот ва маълум аст, ки на ба фурӯши силоҳ, ки як масъалаи ҳуқуқист, даст назадаем,-гуфтааст Раҷаби Мирзо

Гурӯҳи “Ахбор барои афкор” моҳи декабри соли 2016  таъсис шуда буд, ки дар ибтидо “Сарду торикӣ” ном дошт ва бештар рӯйи мушкилоти барқу гармӣ дар кишвар баҳс мекард. Баъди ин гурӯҳ тағйири ном кард ва ба баррасии мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва нашри иттилои гуногун дар бораи вазъи имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон ихтисос ёфт.

Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон соҳиби “Корнет” шуд

Русия гуфт, дар пасманзари таҳаввулоти Афғонистон пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар дар Тоҷикистон “бо маҷмаи мушакии зиддитонкии “Корнет” тақвият дода шуд”.

Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомӣ 24-уми август хабар дод, ки ин маҷмаи мушакӣ навъи нави силоҳ буда, тавони расидан ба ҳадафҳои заминиву ҳавоӣ, аз ҷумла, чархболу ҳавопаймоҳои бесарнишинро дорад.

Дар дафтари матбуот шарҳ додаанд, ки мушак тавассути нурҳои лазерӣ ҳадафро пайгирӣ карда, дар фосилаи 5,5 километр ҳадди аксар ва 100 метр ҳадди ақал оташ мезанад.

Русияву Тоҷикистон шарики стратегӣ буда, яке аз вазифаҳои пойгоҳи 201-ум мусоидат ба Тоҷикистон дар ҳолати сар задани таҳдиди низомӣ аз берун мебошад.

Дабири кулли СААД: Тоҷикистон марз бо Афғонистонро дилпурона назорат мекунад

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вазъ дар марз бо Афғонистонро таҳти назорат дошта, ба ҷалби неруҳои иловагӣ ба он ҷо зарурат нест.

Тавре ТАСС хабар медиҳад, пас аз иҷлосияи ғайринавбтии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дабири кулли Созмон Станислав Зас таъкид доштааст, ки нисбати таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон бармеоянд, Созмон то ҳадди имкон ҷиддӣ муносибат мекунад ва аз ин рӯ, вазъро дар минтақаи Осиёи Марказӣ бодиққат пайгирӣ дорад.

“Имрӯз марзбонон ва хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон вазъро дар сарҳад бо Афғонистон дилпурона ва ҳамаҷониба зери назорат дошта, ҷалби неруҳои иловагӣ айни замон ба ин ҷо талаб намешавад, – иброз доштааст Зас.

Зас таъкид кардааст, ки барои таъмини амнияти Тоҷикистон дар сурати шиддат ёфтани вазъият дар  сарҳад, Созмон чораҳои амалии дастаҷамъиро таҳия карда истодааст.

Skip to toolbar