Хабари авфи Ҳусниддин Абдуллоеви 42-сола, ки дар таҷовуз ба номуси духтари 12-сола айбдор карда мешуду ин ноболиғ баъдан фарзанд ба дунё овард, ҷомеаи фаъоли шаҳрвандии тоҷикро хашмгин кардааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисор норозигӣ баён намуда, аз Суди олӣ талаб доранд, ки онро аз сари нав ба таври одилона баррасӣ намояд.
Муаллифи Your.tj Малика Сафарзода якчанд ҳолати таҷовуз ба номуси ноболиғонро, ки соли 2020 дар Тоҷикистон ба амал омада ва аз сӯйи додгоҳҳои кишвар маҳкумшударо ҷамъоварӣ намуд.
Мувофиқи қонунгузориҳои ҶТ шахсони таҷовузкор аз 2 то 25 соли зиндон ва ба ҳукми абадӣ маҳкум карда мешаванд. Аммо на дар ҳама ҳолатҳо ба таҷовузкорон ҷазои мувофиқ дода мешавад, ки ин ҳолат мардуми тоҷикро нигарон намудааст. Қисми зиёди мардум пешниҳод мекунанд, чунин шахсонро ба ҳабси абад ё ҳукми қатл маҳкум намоянд.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар охири моҳи июл гуфт, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд.
Озод намудани айбдоршуда аз толори суд
Додгоҳи Ҳисор як сокини 42-солаи ин шаҳрро, ки ба таҷовуз ба номуси духтаре ноболиғ гумонбар буд, аввал ба панҷ соли зиндон маҳкум карда, сипас, бар асоси қонуни афв озод намудааст.Бори охир қонуни афв моҳи октябри соли 2019 қабул шуда буд. Намояндагони додгоҳ дар шарҳи тасмими худ гуфтаанд, азбаски ҳодиса моҳи августи соли гузашта иттифоқ уфтода, санади афв моҳи октябр қабул шуд, қонун метавонад нисбат ба гумонбар татбиқ шавад.
Ҷабрдида мегӯяд, тобистони соли 2019 яке аз хешовандон ба номусаш дастдарозӣ кард ва ӯро дар айёми наврасӣ ба мушкил гирифтор кард. Хонаводааш мегӯянд, замоне аз ҳодиса хабар ёфтанд, ки алакай тифли батни ӯ ҳаштмоҳа шуда буд.
Модари духтар мегӯяд, марде, ки ба фарзандаш чунин рафтор кард, писари хоҳараш Ҳусниддин Абдуллоеви 42-сола аст ва ӯ зану ду фарзанд дорад.
Гулчеҳра Раҳмонова, мудири Бунёди “Ташаббуси ҳуқуқӣ”, ки созмонаш аз хонаводаи духтар ҳимоят мекунад, рӯзи 18-уми декабр гуфт, бо ҳукм розӣ нестанд ва барои бозбинии он ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят карданд. “Ҷараёни тафтишу мурофиа хеле камбуд дошт ва мо мунтазири он ҳастем, ки зинаи болоии додгоҳ чӣ ҷавоб медиҳад”, — афзудааст ӯ.
Ба қавли вакили мудофеъ, додрас парвандаро дар як рӯз баррасӣ кардаву хулосаашро эълон намудааст. Масъулони Додгоҳи шаҳри Ҳисор дар бораи эълони ҳукм расман хабар надоданд.
Рустами Эмомалӣ: ҷазои ҷиноятӣ нисбати таҷовузгарон пурзӯр карда шавад
Чунин кор дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли ҷорӣ Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони кишвар, бо иштироки раиси Суди Олии Тоҷикистон Шоҳиён Шермаҳмад, додситони кул, Раҳмон Юсуф ва роҳбарони дигар сохторҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуда, аз ҷумла ҳодисаҳои таҷовузи кӯдаконро ба миён гузошта буд.
Рустами Эмомалӣ пас аз гузориши масъулин, ба онҳо, аз ҷумла ба Прокурори генералии Тоҷикистон супориш дод, ки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятиро ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият, ахлоқ, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбат ба хурдсолон ва ноболиғон, ки дар моддаҳои 138-142 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мавриди таҳлил қарор дода шаванд.
“Содиршавии чунин амалҳои нангин ва барои мардуми мо бегона, ки хусусан, нисбат ба хурдсолону ноболиғон бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зеҳнии онҳо содир карда мешаванд, номи неки миллат ва ҷомеаи моро доғдор месозанд ва ба саломатии насли наврас таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз зиндагӣ ноумед мегардонанд”, – афзуда буд Рустами Эмомалӣ.
Ӯ ҳамчунин дастур дода буд, ки бо мақсади минбаъд пешгирӣ намудани чунин кирдорҳои нангин меъёрҳои қонунгузорӣ, пеш аз ҳама, моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа такмил дода шаванд ва нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин ҷиноятҳо ҷазои ҷиноятӣ пурзӯр карда шавад.
Тамоми умр пушти панҷара
Суди шаҳри Душанбе рӯзи 9 июли соли 2020, Юсуф Зиёев сокини шаҳри Душанберо барои дастдарозӣ ба номуси духтари 3 сола маҳкум намуд.
Бино ба иттилои сомонаи Суди шаҳри Душанбе, Юсуф Зиёев дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 138, қисми 3 , банди “а” (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида), 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) ва 127 (Дар хатар монондан)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф гардид.
Бо қарори суди шаҳри Душанбе Юсуф Зиёев ба ҳукми ҳабси абад бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми махсус маҳкум шуд. Мурофиаи додгоҳии таҷовузгар 3-юми июл оғоз шуда, пушти дарҳои баста ҷараён гирифт.
Ҳабси абад барои таҷовузи ноболиғон
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 15-уми сентябр як сокини ноҳияи Шаҳритусро бо гуноҳи дастдарозӣ ба номуси духтарандар ва писарандари ноболиғаш ба ҳабси абад маҳкум карда буд. Додгоҳ дар изҳороти расмӣ гуфт, Турғунҷон Исанови 35-сола, зодаи Шаҳритусро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “таҷовуз ба номус” ва “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ” – равонаи зиндон кард. Ӯро дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш махсус нигоҳ медоранд.
Додгоҳ дар изҳороти расмӣ гуфтааст, ин мард соли 2016 бо зани соҳиби ду фарзанд оиладор шуда, солҳои 2018, 2019 ва моҳи майи имсол ба номуси онҳо дастдарозӣ намудааст. Ташхиси тиббиву додгоҳӣ таҷовуз ба номуси ҳарду ноболиғро тасдиқ кардааст.
3 соли зиндон барои таҷовузи ноболиғ
Бо ҳамаги 3 сол ҳукми зиндон гирифтани тақовузкори духтари ноболиғ мардуми тоҷикро ба шӯр овард. Баъзе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Раиси маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ аризаи шикоятӣ навистанд, ки оиди ин гуна масалаҳо чораандешӣ кунанд.
Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Фараҳбахш Қурбонзодаи 25-соларо ба муҳлати се сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ ӯро тибқи моддаи 141-и Кодекси ҷиноӣ (робитаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) ба мӯҳлати се сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ зиндонӣ кард.
Модари ноболиғи 14-сола гуфт, дар хобгоҳи як корхонае дар Душанбе зиндагӣ мекард ва ҳодиса ду моҳи пеш ҳамонҷо рух дода буд. Вай 31-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҳодиса духтараш М.Ҳ. дар хона танҳо буд ва ин ҷавон ба манзили зисти онҳо даромада, ба ӯ дастдарозӣ кардааст.
Волидони ҷабрдида мегӯянд, ки бо ҳукми содир намудаи додгоҳ розӣ нестанд, аммо барои ба мақомотҳои болоӣ шикоят намудан шароит надоранд. “Барои ҷазо гирифтани ҷавони гумонбар талош кардам, то ҳодиса пинҳон намонад ва боис ба афзоиши бадбахтии хонаводаҳои дигар шавад. Се сол ҳукм доданд. Ин, албатта, ба ивази доғдор шудани номи духтарам барои як умр кам аст, вале аз Худо мехоҳам ҷазояшро диҳад. Хостам ба зинаҳои болоӣ шикоят барам, лекин шароит надорам,”- мегӯяд модари ҷабрдида.
25 соли зиндони падар барои дастдарозӣ ба номуси духтар
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мардеро бо гуноҳи таҷовузи духтараш 25 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ҳукмро Додгоҳи вилояти Хатлон содир намудааст.
Бино ба итиллои Додистонии кулли Тоҷикистон, А.А. тобистони соли 2017 ба номуси он замон духтари 16-солааш дастдарозӣ кардааст. Тафсилоти ҳодиса маълум нест. Ҳамин гуна рӯшан нест, ки духтар дар чӣ вазъ қарор дорад ва чаро ҳукм баъд аз се соли ҳодиса эълон шудааст.