Аз Қарақурум ба Сиёвушгирд. Ивази ном ва “ташкил”-и чанд деҳа дар ВМКБ

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) иваз карда шуд. Ҳамчунин баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз ва Шуғнон категорияи деҳаро гирифтанд.

Тавре нашрияи порлумонии “Садои мардум” менависад, маҳалли аҳолинишини Дашти Паткуноби деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвози ВМКБ ба категорияи деҳа мансуб дониста шуда, номи он ба Сомониён иваз гардид.

Маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Шуғнон ба категорияи деҳа шомил шуданд:

  • маҳалли аҳолинишини Себзори деҳоти Нав­обод ба деҳаи Себзор;
  • маҳалли аҳолинишини Деҳбастаи деҳоти Навобод ба деҳаи Деҳбаста;
  • маҳалли аҳолинишини Саидхомушиёни деҳоти Навобод ба деҳаи Саидхомушиён;
  • маҳалли аҳолинишини Кулеви деҳоти Навобод ба деҳаи Кулев.

Ҳамчунин, номи маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъаи ВМКБ иваз карда шуданд:

  • деҳаи Ҷелондеҳи деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ба деҳаи Оби Гарм;
  • деҳаи Лесхози деҳоти Барвоз ба деҳаи Лоҷварди ноҳияи Роштқалъа;
  • деҳаи Бутаноқурғани деҳоти Сежд ба деҳаи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа;
  • деҳаи Қарақуруми деҳоти Сежд ба деҳаи Сиёвушгирди ноҳияи Роштқалъа.

Ин Қарор аз ҷониби раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 5 ноябр ба имзо расидааст.

Skip to toolbar