fbpx

“Аз ҳар гуна сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунед”. Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон

Ба иттилои сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон гӯё дар фурудгоҳи Душанбе ба қирғизистониҳо иҷозаи вуруд намедодаанд.


0
Қирғизистон ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.
Бинои ВКХ Қирғизистон

Қирғизистон ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз ҳама гуна сафар ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дирӯз, 14-уми март иттилоия нашр кардааст.

Тибқи он ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия дода шудааст, ки “аз ҳар гуна сафар ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд”. Зеро ба иттилои ин ниҳод Тоҷикистон гӯё “бидуни огоҳии расмӣ сафар ба ин кишварро маҳдуд мекунад”.

Ба таъкиди ВКХ – и Қирғизистон гӯё сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки

“Марзбонон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба қирғизистониҳо иҷозат намедиҳанд, ки вориди ин кишвар шаванд. Дар натиҷа, қирғизистониҳо маҷбур мешаванд, ки маблағи иловагӣ сарф карда, билет харанд ва дар минтақаи транзитӣ парвози баргаштро мунтазир монанд”.

Ин бори аввал нест, ки Қирғизистон ба шаҳрвандонаш тавсияи худдорӣ аз сафар ба Тоҷикистон медиҳад. Пеш аз ин, 22 – юми декабри соли гузашта низ ВКХ-и Қирғизистон ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия дода буд, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Тавсияи такрории ВКХ-и Қирғизистон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон то имрӯз ҳеҷ як ҳодисаи озору бадрафторӣ нисбати қирғизистониён дар заминаи баҳси марзӣ сабт нашудааст. Баръакс, ВКХ-и Тоҷикистон 22-юми сентябр дар як изҳороти хеш оид ба афзоиши мавридҳои таъқибу табъизу тарсондани шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон дар шаҳрҳои гуногуни давлати Қирғизистон хабар дода буд.

Қобили зикр аст, ки сарҳад аз тарафи Тоҷикистон боз буда, Қирғизистон пас аз муноқишаи навбатӣ якҷониба сарҳад бо Тоҷикистонро аз 21 майи соли 2021 баста буд ва он то ҳол баста боқӣ мемонад.

Муноқишаи ахир байни кишварҳо нимаи моҳи сентябр рух дод. Бар асари он аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Ҳамчунин дар ин муноқиша манзилҳо ва иншооти иҷтимоии сершумор дар қаламрави наздимарзӣ тахриб ва ё пурра вайрон шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистону Қирғизистон аз 970 километр марз танҳо 602,5 километри онро аломатгузорӣ намудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend