Аз ҳалокати 5 кас дар Кӯлоб то тағйиротҳои кадрӣ дар сохторҳои Тоҷикистон

Имсол, беш аз 4 ҳазор нафар ба Ҳаҷ рафтаанд

Дар соли 2022 беш аз 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, бо пардохти 60 ҳазору 520 сомонӣ ба Ҳаҷи умра рафтаанд. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар хабар дод.

Номбурда гуфт, бозгашти охирин гурӯҳи зоирон ба ватан рӯзи 1 августи соли 2022 дар назар аст.

Давлатзода афзуд, ки айни ҳол дар хориҷи кишвар 78 донишҷӯ ба таълими ғайрирасмии динӣ ҷалб гардидаанд.

Ӯ ҳамчунин, афзуд, ки аз ҷониби кумита дар ин давра, дар асоси 247 дархост 1359 номгӯй адабиёти динӣ ва 11441 адад варақа, ҳамагӣ дар ҳаҷми 306090 саҳифа, баробар ба 19130,62 ҷузъи чопӣ, инчунин 214 адад фита, 25 адад телефони мобилӣ, 3 адад флешкорт, 1 ноутбук ва 1 адад протсессори дорои 11341 адад сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дода шуд.

– Аз ин теъдод ба 152 дархост хулосаи манфӣ ва ба 95 дархост хулосаи мусбат дода шуд. Аз маводи мазкур ба 1261 номгӯй адабиёти динӣ, 9696 адад варақа, 88 адад фита, 14 адад телефони мобилӣ, 2 адад флешкорт, 1 адад ноутбук ва 1 адад протсессор хулосаи мусбат ва ба 98 номгӯй адабиёти динӣ, 1746 адад варақа, 127 адад фита, 11 адад телефони мобилӣ ва 1 адад ноутбук ва 1 адад протсессор хулосаи мусбат ва ба 98 номгӯй адабиёти динӣ, 1746 адад варақа, 127 адад фита, 11 адад телефони мобилӣ ва 1 адад флешкорт хулосаи манфӣ дода шуд, – гуфт раиси кумита

Роҳбари ин ниҳод афзуд, ки дар ин давра  11 ҳазору 348 рейд гузаронида шуда, 416  ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани талаботи қонуни дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон ошкор шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 58 ҳолат зиёд мебошад.

Ҳалокати 5 кас дар Кӯлоб бар асари фурӯрезии кӯҳ

Панҷ нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдаку наврас, ки се нафари онҳо узви як оила будаанд, дар зери хок мондаву ҷон бохтаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ҳодиса 24-уми июл дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб рӯй дод.

Мақомот гуфтанд, онҳо хостаанд, хоки теппаро канда, барои харгӯшон лона созанд, “аммо кӯҳпора чаппа шуда, ҳамагӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.”

Сокинони маҳаллӣ панҷ ҷасадро аз зери хок берун овардаанд.

Яке аз онҳо 45 ва дигарон аз 6 то 12 сол доштанд.

Тағйироти кадрӣ. Раиси ноҳияи Варзобу ректори Донишгоҳи Хоруғ ва муовини вазири нақлиёт нав шуданд

Имрӯз, 25 июли соли равон, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Дар пайи тағйироти кадрии охир, Маҳмадулло Шерализода, раиси ноҳияи Варзоб аз мақом барканор ва ба ҷои ӯ Шарифхон Сафарзода, муовини акнун собиқи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ раиси ин ноҳия таъин гардид.

Ҳамчунин, бо фармону қарорҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, маориф ва илми кишвар тағйирот сурат гирифт.

Аз ҷумла, бо қарорҳои ҳукумат, Амид Комилбек, ки то ин вақт ба ҳайси ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон фаъолият мекард, ба ҷои Гулзорхон Юсуфзода ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи ба номи Моёншо Назаршоев таъин гардид.

Мавлуда Бойназарзода, ба ҷои Шодигул Қонунзода, директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ» интихоб шуд.

Ҳамчунин, Мадамон Замонзода, аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, Сироҷзода Шуҷоат аз мақоми муовини вазири нақлиёти  Тоҷикистон ва Абдулаҳад Хоҷазода аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» озод гардиданд.

Сабаби барканории кадрҳо гузаштан ба кори дигар унвон шудааст.

Ҳамин тариқ, бо қарорҳои дигари ҳукумати кишвар, Фаррух  Неъматзода – муовини вазири нақлиёт, Тағоймурод Ғафурзода – сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, Баҳром Мирзоализода – директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва Қобил Тоҳирзода – муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумат таъин гардиданд.

Аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид

Мақомоти тоҷик хабар доданд, ки соати 12:00-и рӯзи 23-уми июл дар Душанбе тифле таваллуд шуд, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 10 миллион баробар кард. Ӯро Фирдавс ном гузоштаанд.

Ин тифл дар таваллудхонаи рақами 2-и пойтахт ба дунё омадааст. Падараш муҳоҷири меҳнатӣ будааст. Волидайни навзод, Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова, сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳастанд.

Ба гуфтаи пизишкон, “вазни писарчаи нав ба дунё омада 3 кг 250 грамм буда, қадаш 50 см мебошад.” Вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд.

Ба ин хонавода ҳукумат дар пойтахт манзили сеҳуҷрагӣ тақдим кардааст. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳисоби тифле, ки аҳолиро ба 10 миллион расонд, одилона намедонанд. Ба гуфтаи онҳо, навзодоне, ки аҳолиро ба 7, 8, 9 ва 10 миллион расонданд, ҳамагӣ дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаанд, ки шубҳабарангез ба назар мерасад. Ҳамчунин Вазорати тандурустӣ ва Бунгоҳи омори Тоҷикистон, ки ин хабарро паҳн карданд, нагуфтаанд, ки бар пояи чӣ меъёру ҳисоб маҳз ин навзод кӯдаки даҳмиллионумин шумурда шудааст. Корбарон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд дар соати 12-и рӯзи 23-уми июл дар шаҳру деҳи Тоҷикистон чандин тифл ба дунё омадааст ва мақомт бар пояи чӣ маҳз ин хонаводаро интихоб карданд.

Шумораи аҳолии Тоҷикистон дар ҳоле ба 10 миллион расид, ки ҳукумат аз соли 2000-ум ба ин тараф сиёсати “танзими оила”-ро пеш гирифтааст. Тибқи ин барнома доштани то чаҳор фарзанд дар миёни оилаҳои тоҷик тарғиб мешавад. Ҳарчанд барнома тавсиявӣ аст ва дар назди оилаҳо ҳеч маҳдудият намегузорад, мизони таваллуд ба фарқ аз солҳои пешин дар Тоҷикистон кам шудааст.

Бори охир, соли 2020, дар Тоҷикистон нуфусшуморӣ шуд, ки тибқи натиҷаҳои он аҳолии кишвар аз 9 миллиону 661 ҳазор нафар иборат буд. Беш аз 4 миллиону 900 ҳазор мард ва 4 миллиону 760 ҳазор зан.

Skip to toolbar