Аз афзоиши нарх то эълони қарздорони нерӯи барқ

Дар нимсолаи аввали соли 2024 арзиши миёнаи нерӯи барқ 5,9 дирам ё 19,5% зиёд шуда, 36,2 дирамро ташкил додааст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика дар нишасти матбуотии вазорат хабар дод.

Ҷамъоварии маблағи барқ дар ин нимсола 86,9% ё беш аз 2,2 млрд. сомониро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,7 млн. сомонӣ ё 0,5 фоиз зиёд будааст.

Аз ҳисоби аҳолӣ 933,2 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ шуда, 88,7%-и иҷро гардидааст, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 141,5 млн. сомонӣ ё 17,1% зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол қарзи нерӯи барқ то 1-уми июли соли ҷорӣ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин ба беш аз 3,8 млрд. сомонӣ расидааст, гуфта шуд дар нишасти Вазорати энергетика.

  • Аз ҷумла, аҳолӣ – беш аз 1,6 млрд. сомонӣ;
  • ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” – 492,5 млн. сомонӣ;
  • Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ – 134,3 млн. сомонӣ;
  • ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ – 87,2 млн. сомонӣ;
  • КВД “Обу корези Душанбе” – 113,3 млн. сомонӣ;
  • дигар корхонаҳо – наздики 1,4 млрд. сомонӣ қарздоранд.

Вазири энергетика афзуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 истеҳсоли барқ дар кишвар (бо дарназардошти НБО-ҳои хурд) беш аз 10,3 млрд. кВт. соатро ташкил додааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 393,4 млн. кВт. соат кам будааст. Ба ҳисоби Вазорати энергетика суръати афзоиш дар ин давра 92,8% таъмин гардидааст.

Skip to toolbar