Донишҷӯёни тоҷик

Аз 80 ҳазор довталаб ҳамагӣ 58 ҳазор донишҷӯ шуданд

Мувофиқи натиҷаиҳои тақсимоти Маркази миллии тестӣ, 57 ҳазору 988 нафар довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар шомил гардиданд. Дар ин бора ба Азия-Плюс  бо истинод ба Маркази милии тетсӣ хабар дод.

Аз 80 ҳазору 942 довталаб, 22 ҳазору 470 нафар натавонистанд ба макотиби олӣ дохил шаванд. Онҳо имкон доранд, дар тақсимоти такрорӣ, ки аз 12 то 15 августи соли равон баргузор мегардад, ширкат кунанд.
“Дар маҷмӯъ, 82 ҳазору 718 нафар аз ҳисоби хатмкунандаи синфи 11 ва 13 ҳазору 303 аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 9 барои супоридани имтиҳон дар ММТ  ба қайд гирифта шуданд. Вале 68 ҳазору 745 нафар аз шумораи умумии хатмкунандагони синфи 11 ва 12 ҳазору 197 нафар аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 9 дар имтиҳони дохилшавӣ ширкат карданд”, – афзуданд аз ММТ.
Ба  гуфтаи манбаъи мо, ҳамин тариқ, баъди супоридани имтиҳон ба тақсимот (озмун)-и ММТ дар маҷмӯъ, 80 ҳазору 458 нафар роҳ ёфтанд, ки аз ин хатмкунандагони синфи 11-ум 68 ҳазору 319 нафар ва синфи 9-ум 12 ҳазору 139 нафар мебошанд.
– Аз шумораи умумии ба тақсимот роҳёфтагон танҳо 57  ҳазору 988 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб шуданд. 22 ҳазору 470 нафар аз имтиҳон афтоданд ва натавонистанд донишҷӯ шаванд, – гуфтанд аз Маркази миллии тестӣ.
Ба таъкиди онҳо аз шумораи умумии донишҷӯёни имсола, 51 ҳазору 809 нафарро хатмкунандагони синфи 11 ва 6 ҳазору 179 нафарро хатмкунандагони синфи 9 ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, 16 ҳазору 510 хатмкунандаи синфи 11-ум ва 5 ҳазору 960 хатмкунандаи синфи 9-ум натавонистанд ки донишҷӯ шаванд. Вале онҳо имкон доранд, дар имтиҳони такрории ММТ, ки аз 12 то 15 август баргузор мегардад, дубора ширкат кунанд ва сазовори унвони донишҷӯ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта, дар натиҷаи тақсимоти асосӣ ва такрори ҳудуди 70 ҳазор нафар донишҷӯй шуда буданд.

Skip to toolbar