fbpx

Аз 7 – уми октябр то 5 – уми декабр мавсими ба хизмати ҳарбӣ ҷалб кардани ҷавонони пойтахт

Мухтасари муҳимтарин хабарҳои рӯз


0
Акс аз сомонаи bankstoday.net

Тирпаронӣ дар се минтақаи марзӣ. Ду сарбози тоҷик кушта ва 11 тан захмӣ шуданд

Тирпарониҳои дуҷонибаи сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз дар се мавзеи сарҳадиӣ идома ёфт, ки дар натиҷа аз тири марзбонони қирғиз 2 сарбози тоҷик кушта ва 11 тан, аз ҷумла 6 марзбон ва 5 сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол ёфтаанд.
Манбаъ аз ҷамоати деҳоти Ворух гуфтааст, ки сарбози 26-солаи ҳалокшудаи тоҷик, ки субҳи имрӯз, 14-уми сентябр, аз тири марзбонони қирғиз ҷароҳат бардошта буд, баъди зуҳри дар беморхона аз хунравии зиёд ба ҳалокат расид.

“Яке аз кушташудагон сарбози 29-сола буд. Ӯ аз тири “снайпер”-и қирғизҳо кушта шуд. Сарбози дигари кушташуда 26-сола буд, ки баъди хатми мактаби олӣ, як сол ба хизмат ҷалб шуд ва дар натиҷаи хунравии зиёд ба ҳалокат расид. Аз 6 нафаре, ки ҷароҳат бардоштанд, 4 нафарашонро ба Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бурданд, 2 тани дигар дар беморхонаи ҷамоати Ворух қарор доранд”.

Ба иттилои масъули ҷамоати Ворух баъди зуҳри 14 – уми сентябр, дар ҳудуди ҷамоати Зумради Исфараи Тоҷикистон, ҳаммарз бо Қаробоғи Қирғизистон, байни сарҳадбонони ду кишвар дубора тирпаронӣ сар шудааст, ки дар натиҷа, 2 сокини деҳаи Чорқишлоқ ҷароҳат бардошта ба беморхона бистарӣ шуданд.

Чанд сокини ҷамоати Чоркӯҳ низ гуфтаанд, ки тирпарронии дуввум тақрибан соатҳои 13:30, дар мавзеи Чорқишлоқи Исфара сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки сарҳадбонони қирғиз дар пойгоҳи сарҳадии “Достук” ба сӯи сарҳадбонони тоҷик, ки дар ҳудуди ҷамоати Зумради Исфара ҷойгиранд, тир кушодаанд.

Дар ҳамин ҳол, тирпарронии сеюм дар ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳ ҳаммарз бо “Самарқандак” – и Ботканд оғоз шудааст.
Манбаи дигар аз беморхонаи марказии шаҳри Исфара хабар додаст, ки дар натиҷаи ин тирпаронӣ 3 сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол, ҷониби Қирғизистон танҳо дар бораи захмӣ шудани ду сарбозаш дар минтақаи “Кех” хабар додааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, тақрибан соати 07:15, дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонони Қирғизистон ба сарҳадбонони тоҷик ҳамла сурат гирифт.
“Аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст”, – омадааст дар иттилоияи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон.

Аз 7 – уми октябр то 5 – уми декабр мавсими ба хизмати ҳарбӣ ҷалб кардани ҷавонони пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дар бораи даъвати ҷавонони пойтахт ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро тасдиқ кардааст. Ин қарори ӯ баъди фармони Президент – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони мавсими нави даъвати ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қабул шудааст.

Мувофиқи қарори мазкур мақомоти расмӣ вазифадор шудаанд, ки аз рӯзи 7 – уми октябр, ҷавонони аз 18 то 27 – соларо, ки сабабе барои таъхир дар анҷоми хидмати ҳатмии ҳарбӣ надоранд, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ, аз ҷумла нерӯҳои марзбонӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ ҷалб кунанд.

Дар қароре, ки дар сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Душанбе нашр шудааст, омадааст, ки даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳ то моҳи декабр идома мекунад ва мақомот бояд то рӯзи 5-уми декабр гузориш бидиҳанд, ки чанд ҷавонро ба сафи артиш ҷалб кардаанд.

Фармони Президент дар бораи оғози мавсими нави даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва ба рухсат фиристодани онҳое, ки муҳлати хизмати ҳарбиро адо кардаанд, рӯзи 3-уми сентябр имзо шуд ва онро бояд дар тамоми ноҳияву шаҳрҳо иҷро кунанд.

Се медали паҳлавонони тоҷик аз мусобиқоти гӯштини Узбекистон

Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, се медал – як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.

Ин мусобиқа рӯзҳои 8 – 11 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Намангон баргузор шуд. Дар он беш аз 300 гӯштингир аз Гурҷистон, Қазоқистон, Латвия, Молдова, Узбекистон, Тоҷикистон, Русия, Эстония, Белгия, Бразилия, Покистон, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон ва ғайра иштирок карданд.

Сабқатҳо оид ба тарзи классикӣ ва озод миёни мардон дар 8 вазн ва миёни занон дар 5 вазн баргузор шуд. Ҷамъи туҳфаҳои пулии мусобиқа 351 миллион сўми узбекиро ташкил медод. Барои ғолибони ҷойҳои аввал 10 миллион сӯм, ҷойҳои дуюм ва сеюм мутаносибан 7 ва 5 миллион сӯм мукофотҳои пулӣ муқаррар гардида буд.

Паҳлавони тоҷик – Тоҷиддин Тӯйчиев дар вазни 90 кг медали нуқра, Ойбек Ҳамидов (62 кг) ва Абӯэҳсон Ашӯрзода (75 кг) медали биринҷии мусобиқаро ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2021 варзишгарони тоҷик – Меҳроҷ Рабиев, Кароматулло Қурбонов ва Беҳрӯз Гулмаҳмадзода се медали биринҷии мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандии Қазонро ба кишвар оварда буданд.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар идораи зиндонҳои вилояти Суғд тағйироти кадрӣ анҷом додаст.

Бо фармони вазири адлия, полковник Мирзо Маҳмадӣ, сардори идораи зиндонҳои вилояти Суғд таъйин гардид, омадааст дар хабари сомонаи Sputnik Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар расми муаррифии мақомдори нави идораи зиндонҳо дар вилояти Суғд, генерал Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон иштирок дошт.

“Маросими муаррифии сардори нави Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури генерал Мансурҷон Умаров баргузор шуд”, – афзуд, манбаъ.

Полковник Мирзо Маҳмадӣ дар ин мақом полковник Иброҳим Солеҳзодаро иваз намуд.

Маврид ба зикр аст, ки Солеҳзода дар ин вазифа ҳудуди 10 сол кор кардааст. Зимнан сабаби барканории Солеҳзод гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст, аммо вазифаи нави ӯ ҳанӯз маълум нест.

Мирзо Маҳмадӣ то таъйин шуданаш ба мақоми роҳбарӣ дар идораи зиндонҳои Суғд, дар Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кор кардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend