logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"Аз 4 то 6 ҳазор". Нигаронии СММ аз ҳузури ҷангҷӯёни "ДОИШ - Хуросон" дар Афғонистон

Нашрияи ин гурӯҳ ба забонҳои паштун, форсӣ, тоҷикӣ, узбакӣ ва русӣ барои ҷалби ҷангҷӯёни нав аз қавмҳои минтақа таблиғотро ба роҳ мондааст.

Your tj

14:4728.08.2023

"Аз 4 то 6 ҳазор". Нигаронии СММ аз ҳузури ҷангҷӯёни "ДОИШ - Хуросон" дар Афғонистон

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз идомаи фаъолияти шохаи “Хуросон”-и ДОИШ (дар Тоҷикистон мамнӯъ), ки онро “ҷиддитарин хатари феълии террористӣ ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ” медонад, нигарон аст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Дар гузориши Шӯрои амнияти СММ дар бораи таҳдидҳои ДОИШ гуфта мешавад, шумораи ҷангҷӯёни ин гурӯҳ (якҷо бо хонаводаҳояшон) аз 4 то 6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Нашрияи ин гурӯҳ бо номи “Садои Хуросон” ба забонҳои паштун, форсӣ, тоҷикӣ, узбакӣ ва русӣ таблиғотро ба роҳ мондааст, то ҷангҷӯёни нав аз қавмҳои минтақаро ба сафи худ ҷалб кунад.

Ин рақам бештар аз маълумоти қаблан нашршуда дар бораи шумораи аъзоёни ДОИШ дар Афғонистон аст. Бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тахмин мезаданд, ки теъдоди ҷангиёни “Хуросон” ва хонаводаҳои онҳо дар Афғонистон ҳудуди 3,5 ҳазор нафар буд.

Гузориш ва изҳороти Шӯрои амнияти СММ рӯзи 25-уми август дар расонаҳо нашр шуд.

“Гурӯҳи террористии ДОИШ ва шарикони он ба минтақаҳои даргириҳо ва кишварҳое, ки дар наздикии ин минтақаҳо ҷойгиранд, хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд”,- омадааст дар гузориш.

Бино ба гузоришҳо, “ДОИШ – Хуросон” тавоноии худро афзоиш дода, дар ҳамлаҳо ба Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) фаъолтар шудааст.

Кишварҳои узви Шӯрои амният дар гузорише ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хостори ҷилавгирӣ аз табдили Афғонистон ба макони терроризм шуда, таъкид кардаанд, ки “Толибонро бояд барои даст накашидан аз ваъдаашон барои нобуд кардани ДОИШ ташвиқ кард”.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

14 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ