Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:2401.12.2025
Ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои шадиди барқ дар чанд рӯзи охир акнун на танҳо сокинони минтақаҳои дурдаст ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, балки пойтахти кишвар – шаҳри Душанберо низ ба ташвиш андохтааст.
Дар ҳоле ки аллакай аз нимаҳои тирамоҳ аз реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ё худ “лимит” дар кӯчаву маҳаллаҳои атрофи шаҳри Душанбе сухан мерафт, ҳоло бо пуршиддат шудани он ҳатто дар баъзе кӯчаҳои наздик ба марказ низ барқро хомӯш мекунанд. “Лимит”-е, ки соату вақти муайян надорад.
Шоми дирӯз, 30 ноябр ба телефонҳои сокинон аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва ширкати “Барқи тоҷик” паёмак омад, ки дар он аз шаҳрвандон “худдорӣ аз истифодаи якчанд асбоби барқӣ дар як вақт” талаб карда мешавад. Тибқи он, сокинон набояд якчанд дастгоҳи барқӣ, аз ҷумла гармкунакҳои об, дарзмол, плитаҳои барқӣ, тафдони барқӣ ва мошини ҷомашӯӣ дар як вақт истифода кунанд.
Дар паёмаки СМС, ки ба сокинон ирсол шудааст, таъкид мешавад, ки агар истеъмоли барқ аз 4 кВт зиёд шавад, барқ ба таври худкор барои 30 дақиқа хомӯш мешавад.
«Дарҳол асбобҳои барқиро ҷудо намуда, истеъмолро кам кунед ва мунтазири барқароршавии таъмини энергияи барқ шавед»,- омадааст дар паём.
Таъкид мешавад, ки ин тадбирҳо ба хотири сарфаи об дар обанборҳо муваққатан роҳандозӣ шудаанд. Аммо боз ҳам дақиқ гуфта нашудааст то кай.
Қабл аз ин, 27-уми ноябр Салвӣ Маноҷ, директори филиалҳои ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба мақомоти зертобеи ин ниҳод мактуб ирсол намуда, иҷрои фаврии “тартиби таъминоти барқ, қатъ гардидани баъзе истеъмолкунандагон”-ро талаб карда буд.
Аз ҷумла, дар мактуб гуфта мешавад, барқи идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ аз соати 18:00 то оғози рӯзи нави корӣ қатъ карда шуда, чароғҳои кӯчагии беаҳамияти стратегӣ хомӯш карда шаванд.
Дар мактуби ин ҷамъият, ки ба дасти Your.tj расид, гуфта мешавад, ки супоришҳо ба фармони қаблӣ аз 13-уми ноябр илова аст.
Ба ҳамин тартиб, тиқи ин мактуб:
Дар мактуб гуфта шудааст, ки “дар сурати иҷро нашудани ин дастурҳо нисбат ба шахсони масъул чораҳои интизомӣ андешида мешаванд”.
Дар ҳоли ҳозир сокинони минтақаҳои кишвар мегӯянд то 3-4 соат дар як шабонарӯз барқ мегиранд.
Маҳдудияти нерӯи барқ ё "лимит" дар Тоҷикистон ҳамасола аз нимаи тирамоҳ оғоз ёфта то нимаи баҳор идома меёбад. Он ду соли охир шадидтар шуда, аллакай аз нимаи моҳи сентябр оғоз меёбад.
Читайте также
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
3 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
3 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
4 дня назад
SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1
4 дня назад
Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш дода шавад
5 дня назад