Аз 30-юми июни соли 2025 Русия барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид вориди ин кишвар мешаванд, низоми нави бақайдгирии рақамиро ҷорӣ менамояд. Акнун барои убур кардани марзи Русия, ба хориҷиён лозим меояд, ки пешакӣ дар портали “Госуслуги RuID” сабтином карда, QR-рамзи шахсӣ гиранд.
Барномаи мобилии “Госуслуги RuID”, ки барои сабтином истифода мешавад, ҳанӯз барои зеркашӣ дастрас нест. Дар барномаи умумии “Госуслуги” низ чунин имконот ҷой надорад.
Бо вуҷуди ин, тартиби сабтином аллакай тавзеҳ дода шудааст. Дар зер онро ба таври сода шарҳ медиҳем.
QR-рамз чӣ гуна кор мекунад?
Ин низоми нави рақамӣ ба ҳамаи хориҷиёни бераводид дахл дорад, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС). Танҳо шаҳрвандони Беларус аз ин талабот озод ҳастанд.
Шаҳрванди хориҷӣ на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд ба Русия бо нишон додани маълумоти шахсӣ, ҳадафи сафар, муҳлати эҳтимолии буду бош, масир ва суроғаи зист дар Русия бояд сабти ном кунад.
Инчунин бояд акс ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи хориҷӣ) боргузорӣ шавад.
Пас аз санҷиш, низом QR-рамзи ягонаеро медиҳад, ки шахс бояд ҳангоми убури марз ба корманди назорати сарҳадӣ пешниҳод кунад.
Дар ҳолатҳои фавқулода, ба монанди беморӣ ё вафоти наздикон, имкон дорад сабти ном то чор соат пеш аз вуруд анҷом дода шавад. Дархост барои гирифтани QR-рамз то 90 рӯз эътибор дорад, аммо агар сафар сурат нагирад, бояд тамоми раванд аз нав анҷом дода шавад.
Дар кадом ҳолат QR-рамз дода намешавад?
Агар дар натиҷаи санҷиш аз рӯи пойгоҳҳои Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД), Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ), Росфинмониторинг ва дигар идораҳо маълум шавад, ки шахс дар гузашта қонуншиканӣ доштааст, ба ӯ иҷозаи вуруд ба Русия дода намешавад.
Ҳамин тавр шаҳрванди хориҷӣ пешакӣ мефаҳмад, ки иҷозаи вуруд ба Русияро мегирад ё не.
Доштани QR-рамз вуруд ба Русияро кафолат медиҳад?
Не, доштани QR-рамз ҳанӯз маънои онро надорад, ки шахс ҳатман вориди Русия мешавад. Кормандони назорати сарҳадӣ ҳақ доранд, ки дар сурати мавҷуд будани асосҳои иловагӣ, иҷозаи вуруд надиҳанд.
Илова бар ин, дар марз тамоми хориҷиён аз назорати биометрӣ: аксбардорӣ ва гирифтани изи ангуштҳо мегузаранд.
Оё кӯдакон низ бояд сабтином шаванд?
Бале, кӯдакони аз 6-сола боло бояд сабтином шаванд. Барои кӯдакони аз 6 то 18-сола волидон ё сарпарастони онҳо дархост медиҳанд, ба шарте ки худ иҷозаи вуруд дошта бошанд.
Аз сабтином озоданд:
- кӯдакони то 6-сола;
- шаҳрвандони Беларус;
- шахсоне, ки бо раводид, иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) ё иҷозаи иқомати доимӣ (ВНЖ) ворид мешаванд;
- инчунин дипломатҳои хориҷӣ ва аъзои оилаи онҳо.
Чӣ гуна дар портали “Госуслуги RuID” сабтином кунем?
Барномаи “Госуслуги RuID”-ро аз Google Play (барои Android) ё App Store (барои IOS) пайдо ва насб намоед (то замони нашри ин мавод, барнома ҳанӯз дастрас набуд).
Ҳангоми сабтином “Другой способ регистрации”-ро интихоб намуда насаб, ном, суроғаи электронии шахсӣ (email)-ро, ки ба он дастрасӣ доред, ворид кунед. Агар рақами телефонии русӣ доред, онро низ ворид намоед.
Пас аз ин, ба суроғаи почтаи электронӣ паёмак меояд – ба он ворид шавед ва пайвандро пахш кунед. Агар рақами телефонро ишора карда бошед, ба он SMS бо рамз меояд – рамзро дар барнома ворид кунед. Баъд равзанае барои муайян кардани рамзи махфӣ (парол) боз мешавад.
Пас аз вуруд ба Русия, тамоми дигар хизматрасониҳо (монанди бақайдгирӣ, гирифтани суғуртаи тиббӣ ва ғ.) низ тавассути “Госуслуги RuID” анҷом дода мешаванд.
Барои чӣ ин тартиб ҷорӣ мешавад?
Бино ба иттилои расонаҳои Русия, низоми нав якбора чанд вазифаро иҷро мекунад:
- назорати воридшавии муҳоҷирон,
- осон кардани равандҳои бюрократӣ,
- қонунӣ кардани фаъолияти муҳоҷирон,
- мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷинояткорӣ.
“Ин низом дар муайян кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва бозгардонии онҳо ба ватан мусоидат мекунад. Дар нуқтаҳои гузариши марзӣ дигар навбатҳои тӯлонӣ нахоҳанд буд”,- мегӯянд коршиносон.
Ин таҷриба, дар асл, як озмоиш аст, ки аз декабри соли 2024 оғоз ёфт, вақте дар фурудгоҳҳои Шереметево, Домодедово, Внуково, Жуковский ва дар гузаргоҳи сарҳадии “Маштаково” бо Қазоқистон, назорати ҳатмии биометрӣ барои тамоми хориҷиён ҷорӣ гардид.
Озмоиш то 30 июни соли 2026 идома мекунад. Баъдан, мақомот тасмим мегиранд, ки онро тамдид кунанд ё ба таври доимӣ қабул намоянд.
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо