fbpx

Аз 3 сол то ҳукми абад. Талаби ҷазо ба гумонбарони қатли Шуҳрат Исматуллоев

Прокурор аз суд хостааст, муттаҳамони асосии парванда – Дилшод Саидмуродов ва Қамарруззамон Азизов ба ҳабси абад маҳкум шаванд.


0
Муовини раиси Ориёнбонк ки рабуда шуд
Шуҳрат Исматуллоев

Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд ба 4 гумонбари ҷинояти рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, собиқ мувоини раиси “Ориёнбонк” ҳукми абад ва ба 10 муттаҳами дигар аз 3 то 14 соли зиндон талаб кардааст.

Аз ҷумла, прокурор аз суд хостааст, муттаҳамони асосии парванда – Дилшод Саидмуродов ва Қамарруззамон Азизов ба ҳабси абад маҳкум шаванд, навиштааст Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои ду манбаи худ.

Саидмуродов, маъруф ба “Дилшоди СБ”, муттаҳами асосӣ ва созмондиҳандаи ин ҷиноят, қаблан дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекард ва муддате нозири Раёсати мубориза бо киберҷинояти Прокуратураи генералӣ буд.

Як манбаи Радиои Озодӣ, ки аз ҷузъиёти парвандаи ҷиноӣ огоҳ аст, гуфтааст, дар маҷмӯъ айбдоркунандаи давлатӣ талаб кардааст, ки чаҳор гумонбар ба ҳабси абад ва боқимонда вобаста ба дараҷаи гуноҳашон аз 3 то 14 сол маҳкум шаванд.

Манбаи дуюми РО, корманди Суди Олии Тоҷикистон ин хабарҳоро тасдиқ карда гуфтааст, “суд барои қабули қарор ба хонаи машваратӣ рафт ва рӯзҳои наздик ҳукми додгоҳ нисбат ба 14 нафар содир мешавад”.

Вале ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Суди Олӣ ба  гуфтаанд, дар бораи талаби прокурор хабар надоранд ва “мурофиаи гумонбарони парвандаи қатли Шуҳрат Исматуллоев идома дорад”.

Назари гумонбарон ва пайвандони онҳо ҳам дастрас нест.

Муҳокимаи гумонбарони қатли Шуҳрат Исматуллоев аввали моҳи январи имсол дар Суди Олӣ оғоз шуд. Мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатӣ мегузарад ва барои ҳамин гирифтани иттилоъ дар бораи он чӣ дар дохил мегузарад, мушкил аст.

Юсуф Раҳмон, додситони кулл, моҳи феврали имсол зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар робита ба рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев ба зидди 18 нафар парванда кушодааст.

Аз инҳо 14 нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд, ду нафарашон дар кофтукоб қарор доранд ва ду гумонбари дигар фавтидаанд.

Шуҳрат Исматуллоеви 49-сола, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” рӯзи 23 июни соли 2023 рабуда шуд.

Баъдан Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки аъзоёни гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятӣ Исматуллоевро бо зӯрӣ ба мошини тамғаи “Хундай Соната”, ки тирезаҳои сиёҳшиша дошт, савор карда, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб рафтаанд.

Одамрабоён бонкирро бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, ва дигар воситаҳо шиканҷа карда, ба ҳалокат расонидаанд.

“Сипас бо мақсади пинҳон доштани осори ҷиноят ҷасади ӯро бо мошин дар километри 130-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба дарёи Зарафшон партофтаанд”, – омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Ҷасади Исматуллоев рӯзи 15 август дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент пайдо шуда, рӯзи 30 август дар Душанбе ба хок супурда шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend