fbpx

Аз 16 – уми август хатсайрҳои роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Русия оғоз мешаванд

Ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия 17 марти соли 2020 ба далели паҳншавии сирояти коронавирус қатъ гардида буд.


0

Имрӯз 5 – уми август вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки сар аз нимаи ҳамин моҳ робитаи роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад. Аввалин қатора  рӯзи 16 – ум аз Кӯлоб ба самти Волгоград ҳаракат мекунад.

Рӯзи 27 – уми август  аз  Душанбе  ба Волгоград ва рӯзи 7 – уми сентябр аз Хуҷанд  ба Волгоград хатсайрҳо анҷом дода мешаванд

Тавре Азим Иброҳим изҳор дошт, айни ҳол маблағи чиптаҳо муаян нашудаанд, вале ваъда дод, ки он барои мусофирон дастрас хоҳад буд.

“Қимати билетҳо ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо ба шумо итминон медиҳам, ки нархи он барои мусофирон дастрас хоҳад буд”, гуфт, вазири нақлиёт.

Гуфта мешавад, ки қатораҳо аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба — рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе — рӯзҳои ҷумъа ҳаракат мекунад. Қатораҳо аз Хуҷанд рӯзҳои чоршанбе ва аз Волгоград рӯзҳои шанбе ҳаракат менамоянд.

Пештар АМИТ Ховар иттилоъ дода буд, ки хатсайрҳои роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Русия аз 30 – юми август оғоз меёбанд.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тавзеҳ доданд, ки ҳаракати қатораҳои мусофирбар пас аз танаффуси дусола роҳандозӣ мешавад.

«Ин тасмим дар чаҳорчӯби сафари раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба Русия ва мулоқоти ӯ бо роҳбарияти Роҳи оҳани Русия гирифта шудааст», — гуфтанд дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон».

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия 17 марти соли 2020 ба далели паҳншавии сирояти коронавирус муваққатан қатъ гардида буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend