Ҷавони тоҷик дучархае сохтааст, ки 3 метр дарозӣ дорад. Ӯ аз оҳанпораҳои нолозим ашёҳои ороишӣ низ месозад

Одилҷон Ашӯров сокини 28-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз олоти оҳанини бекорхобида дучархае сохтааст, ки дарозиаш 3 метр аст. Бар замми ин, ӯ боз ашёҳои ороишӣ ба мисли гитара ва мотосикли декоративӣ низ месозад.

Одилҷон мегӯяд, хонандаи мактаб буд ва мехост мотосикл дошта бошад. Вале, он вақт падараш тавони харидани онро надошт. Ӯ чанде пеш тасмим гирифт, ки барои худ дучархаи ғайриодие бисозад, ки ба мотосикл монанд бошад.

“Қисми зиёди маҳсулотро аз бозор харидам, қисми дигарашро бошад аз таҷҳизотҳои бекорхобида гирифтам. Танҳо балон ва чархи як дучархаро гирифта, дар ин часпондам. Ҳамаги барои сохтани дучархаам 2000 сомонӣ сарф кардам. Дучархаи ман аз дучархаҳои маъмулӣ бо дарозӣ ва сифаташ фарқ мекунад”,- мегӯяд, Одилҷон.

 

Ӯ мегӯяд, ки 10 сол пеш тариқи телевизион дар хориҷи кишвар дучархаеро дида буд, ки ба велосипеди сохтааш хеле монандӣ дошт. Акнун бовар дорад, ки ин ягона дучархаи дарозтарин дар Тоҷикистон аст.

“Дар кӯча мардум механдиданд ва мепурсиданд, “ин чӣ гуна дучарха аст? Онро аз куҷо харидӣ? Бори аввал аст чунин дучархаро мебинем”. Вақте мегӯям, худам сохтаам, боварашон намеояд. Ба он савор шуда, акс мегиранд ва каме меронанд. Ҳатто харидор ҳам пайдо кард, вале нафурӯхтам.

Аз сабабе, ки дарозтар аст, ронданаш нисбат ба дучархаҳои маъмулӣ, каме мушкилтар аст. Вале, барои саломатӣ муфид аст, чун барои ба ҳаракат даровардани он қувваи бештаре сарф мекунӣ”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

“Вақти холигиамро бо навовариҳо мегузаронам”

Аслан, Одилҷон дар бозори марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фурӯшандаи ашёҳои рӯзгор аст. Зиндагияшро бо пули савдогарӣ пеш мебарад. Ӯ дар вақтҳои холигӣ ба навоварию ихтироъкорӣ машғул мешавад. Ӯ ҳамчунин аз оҳанпораҳои нолозим гитари ороишӣ сохтааст.

“Дар гитари сохтаи ман, оҳанҳои ароба, моторол, дучарха, мошин, калиди хона ва амсоли инҳо истифода шудаанд. Оҳанҳоро аз бозор нахаридам, аз назди устохонаҳои мошинсозӣ ва аз роҳу кӯчаҳо ҷамъ овардам. Гарчанде, ки гитари маро навохта намешавад, он барои туҳфа ва ороишӣ хонаву коргоҳ чизи хуб аст”, – мегӯяд, Одилҷон

Одилҷон мегӯяд, ӯ ба ин васила анҷомхонаашро аз чизҳои нолозим тоза мекунад ва ҳам аз кораш кайфият мебарад. Ҳамчунин офаридаҳояшро фурӯхта, маблағи хубе низ ба даст меорад.

“Чун дар мардуми мо масали “сад рӯз дар бор, як рӯз даркор” маъруф асту, мо онро риоя мекунем, ҳар чизи лозиму нолозимро ҷое ҷамъ меорем. Акнун ман кӯшиш мекунам, ки аз ашёҳои бекорхобида, ягон чизи даркорӣ бисозам”, – шарҳ медиҳад, Одилҷон.

Чанде пеш Одилҷон Ашӯров дар як намоиши ҳунарҳои мардумӣ иштирок кард. Ҳайати меҳмонон ба офаридаҳои ӯ баҳои баланд доданд.

“Масъулини меҳмонхонаи марказии ноҳия як адад гитари сохтаи маро бо арзиши 500 сомонӣ харидорӣ карданд. Вақте маҳсули дастам харидор пайдо кард, шавқу ҳавасам ба навоварию ихтироъкорӣ зиёд шуд. Ҳоло ҳар рӯзи истироҳатиамро бо сохтани ашёҳои декоративӣ мегузаронам”, – мегӯяд, ҳамсуҳбати мо.

Амонҷон Муҳиддинов

Skip to toolbar