fbpx

Ҷавони 20 солаи зодаи Тоҷикистонро дар Русия барои пуштибонӣ аз хоҳараш бо авбошӣ гумонбар кардаанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Ҷавони тоҷикро дар Русия парвандаи ҷиноӣ кушоданд

Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз нагирифтани ҳаққи кор дар Мариупол

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик шикоят доранд, ки зиёда аз ду моҳ боз дар Мариуполи Украина, ки зери тасарруфи Русия аст, ҳаққи кори худро гирифта наметавонанд. Аксари онҳо моҳи октябр ва ноябри соли гузашта ба Мариупол бурда шудаанд, менависад “Радиои Озодӣ”.

Шаҳри Мариупол баъди ҷанг
Акс аз Радиои Озодӣ

Русия барои бозсозии ин шаҳри ишғолшуда ҳазорон муҳоҷирро бо ваъдаи пардохти маоши бештар ба кор ҷалб кардааст.

Сафаралӣ, яке аз муҳоҷирон, рӯзи 9-уми март гуфтааст, шумори муҳоҷирони тоҷик, ки маоши худро нагирифтаанд, тақрибан 300 нафар аст.

Ба ин гурӯҳи муҳоҷирон ваъда карда будаанд, ки барои ҳар моҳ то 120 ҳазор рубл медиҳанд, вале Сафаралӣ ва ҳамроҳонаш гуфтанд, дар моҳҳои аввал ҳатто нисфи онро нагирифтанд.

Русия дар моҳи майи соли 2022 пас аз ҷангҳои сахт шаҳри бандарии Мариуполи Украинаро ғасб кард. Ин шаҳр дар натиҷаи ҷангҳои сахт хароб шудааст ва ҳоло Русия бо ҷалби муҳоҷирон мехоҳад, онро бозсозӣ кунад.

Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон ҳушдор додаанд, ки ба чунин минтақаҳо нараванд. Украина вуруди хориҷиёнро ба Мариупол марзшиканӣ медонад.

Сабаби боздошти Хуршед Фозиловро бо гузашти се рӯз ҳанӯз нагуфтаанд

Наздикони Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик намедонанд, ки ӯ се шабонарӯз боз чаро дар бинои Идораи амнияти шаҳри Панҷакент қарор дорад. Касе шарҳ ҳам намедиҳад, ки сабаби боздошти ӯ чист.

Рӯзноманигори тоҷикро боздошт кардаанд
Акс аз саҳифаи фейсбуки рӯзноманигор

Ба “Азия-Плюс” яке аз наздикони рӯзноманигор гуфтааст, масъуле аз шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакент ваъда карда буд, ки шоми 8-уми март ӯро раҳо мекунанд. Вале пас аз нисфирӯзии 8 – уми март талаб кардаанд, ки телефону компютери шахсӣ ва либосашро баранд.

“Як маротиба нишон доданд. Гуфтанд баёноташро гирифтем, ба ҳамааш иқрор шуд, вале мушаххас нагуфтанд, ки ба чӣ гуноҳе иқрор шудааст”,- гуфтааст яке аз наздиконаш.

Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов дидори фарзандашро  тасдиқ карда, вале гуфтааст, имкони суҳбат надоданд.

“Хуршедро дидам, аммо нагузоштанд суҳбат кунам. Намедонам чаро писарам дар боздошт аст, чун ҳеҷ кас шарҳ намедиҳад”, – гуфт Азиза Нуъмонова.

Айни ҳол наздикони рӯзноманигор дар пайи ҷустуҷӯи вакили дифоъ будаанд, зеро мехоҳанд адвокат бо истифода аз ваколат ба мақомоти қудратӣ муроҷиат кунад, то сабаби боздошти Хуршед Фозиловро шарҳ диҳанд.

Тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон муҳлати бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт 48 соат буда, баъди он боздоштшуда ё бояд озод гардад ё нисбати ӯ расман айб эълон карда шавад. Ҳамчунин, тибқи талаботи конун нафари боздоштшуда, аз лаҳзаи боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ дошта бошад.

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Фозилов аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.

Ҷавони 20 солаи зодаи Тоҷикистонро дар Русия барои пуштибонӣ аз хоҳараш бо авбошӣ гумонбар кардаанд

Дар Русия бар зидди ҷавони 20 – солаи зодаи Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ӯ хоҳари ноболиғашро ҳимоят карда буд, вале худашро бо авбошӣ ва расонидани зарари миёна ба саломатӣ  гумонбар кардаанд.

Занҷирро ба дасти ҷинояткор маҳкам мекунанд

Кумитаи тафтишоти Русия хабар медиҳад, ки шоми 22 – юми феврали соли 2023 як сокини 20 – солаи маҳаллӣ дар назди манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Волжское дар шаҳри Самара, нисбати кӯдаки 10 – солаи рус, бо гумони он ки хоҳари 11 – солаашро латукӯб мекунад, “даст ба амалҳои авбошӣ задааст”.

“Гумонбаршуда ҳамроҳи шиносонаш ба рӯй, сар ва тани падари писарбачаи номбурда чанд зарбаи мушту лагад задаанд. Як сокини хонае, ки дар наздикии он занозанӣ рух додааст, талош кардааст, ки муноқишаро қатъ кунад, вале гумонбарон ӯро низ захмӣ кардаанд”,- менависад Кумитаи тафтишоти Русия.

Мақомоти тафтишотӣ шахсияти ҳамаи иштирокчиёни муноқишаро муайян карда, ҳоло бар зидди ҷавони 20 – солаи зодаи Тоҷикистон бо моддаҳои 213 ва 112, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноятии Русия (авбошӣ ва қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Гуфта мешавад, ки муфаттиш парвандаи мазкурро бораи чораҷӯӣ ва ба ҳабси пешакӣ гирифтани гумонбаршаванда ба суд ирсол кардааст.

Нашрияҳои маҳаллӣ қаблан хабар дода буданд, ки дар робита ба ин қазия як зодаи Тоҷикистон боздошт шудааст. Ӯ барои ҳимояти хоҳари 11 – солааш аз латукӯби писари 10 – солаи маҳаллӣ вориди муноқиша шудааст.

Хабаргузории русии “Самара-Безформата” менависад, ки гумонбаршаванда як зодаи Тоҷикистгон аст.

Ба навиштаи ин расона, муноқиша байни мактаббачагон оғоз шудааст ва бачаҳо як духтари зодаи Тоҷикистонро латукӯб кардаанд. Наздикони духтар барои ҳифзи кӯдаки худ ба ҷои кори модари яке аз хонандагоне, ки дар занозанӣ ширкат дошт, рафта, хоҳиш кардаанд, ки бо падари кӯдак сӯҳбат кунанд. Дар натиҷа занозанӣ сар задааст.

Кумитаи тафтишотӣ гуфтааст ҳоло санҷиш идома дорад.

Зиёни заминларза дар Туркия 80 млрд доллар тахмин мешавад

Зиёни тахминии ба Туркия аз заминларза расида ҳудуди 80 млрд долларро ташкил медиҳад, изҳор доштааст вазири кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали ин кишвар Вахит Киршичи, хабар медиҳад РБК бо истинод ба Sabah.

Заминларза дар Туркия
Диярбакир, Туркия, Рейтерс

Ӯ зикр кардааст, ки зиёни молиявӣ танҳо дар Раёсати захираҳои обӣ вақте ки замони обёрии заминҳои кишт бо ёрии низоми обрасонӣ зери фишор оғоз мегардад, метавонад боз зиёдтар шавад.

Ғайр аз ин, минтақаҳои осебдида истеҳсоли маҳсулоти содиротиро 40% кам карданд, гуфтааст Киршичи. Вазир шарҳ додааст, ки ҳиссаи минтақаҳои аз офат осебида дар ҳаҷми умумии содироти Туркия ҳудуди 15,5%-ро ташкил дода, лекин ҳозир то 10% кам шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6 феврал дар Туркия заминларзаи 7,7 балла рух дода, пас аз он як силсила таконҳои қувваашон нисбатан пасттар ба амал амаданд. Офати табиӣ ба Сурия ҳам таъсир кард. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба зиёда аз 46,1 ҳазор нафар расид.

Шумори бинову иншооти аз заминларза фурӯрафта, садамавӣ ва тахрибшуда ҳудуди 230 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Дар мавриди ҳолати номуносиби бисёре аз хонаҳои тахрибшуда дар Туркия тафтишот роҳандозӣ шудааст.

Бонки ҷаҳонӣ зиёни мустақимро аз заминларза дар Туркия тақрибан 34,2 млрд доллар арзёбӣ кард. Дар Бонк зикр кардаанд, ки хароҷоти таъмиру навсозии онҳо метавонад ду баробар зиёдтар шавад.

Се сокини вилояти Суғд барои интиқоли пули нақд боздошт шудаанд

Мақомоти гумруки вилояти Суғд дар соли 2022 се нафарро барои интиқоли пули нақд бидуни барасмиятдарории гумрукӣ боздошт намудаанд.

Доллар
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд гуфт, нафарони боздоштшуда мехостанд миқдори калони асъори нақдро бе расмиёти гумрукӣ аз сарҳад гузаронанд.

Ба иттилои ин масъули минтақаи гумрукии вилояти Суғд, нафари аввал Сайдулло Нуриллоев будааст, ки мехостааст 27 ҳазор евроро ба таври сохтакорӣ аз кормандони гумрук пинҳон карда, аз сарҳад гузаронад.

Нафари дуюм Фурқатҷон Қулматов бошад, барои интиқоли ғайриқонунии 50 ҳазор доллари ИМА боздошт шудааст.

Амирҷони Воҳид ҳам барои ба таври сохтакорӣ аз кормандони гумрук пинҳон кардани 2 млн рубли русӣ боздошт шудааст.

“Айни ҳол нисбати ҳамаи боздоштшудагон бо моддаи 289-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст”, – иброз намуд Зафар Маҳмадиев.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ  сол муайян мекунад.

Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон меояд

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов моҳи оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод.

президенти Туркманистон

Гуфта мешавад, сафари давлатии Сардор Бердимуҳаммадов дар нимаи аввали моҳи апрел пешбинӣ шудааст. Ин аввалин сафари Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон дар мақоми президенти Туркманистон аст.

Ба иттилои ВКХ-и Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷӣ рӯзи 8-уми март дар Душанбе бо ҳамтои туркманаш Рашид Мередов доир ба омодагиҳои ин сафар суҳбат карданд. Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои ду кишварро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисод ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Рашид Мередов ҳамчунин дар бораи омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Миёна ва ҷаласаи навбатии Шӯрони сарони кишварҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал суҳбат кардаанд. Қарор аст ин вохӯрӣ дар моҳи сентябри солӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend