Ҷавон маъшуқаашро кушта, модари ӯро захмӣ кард

Зани 47-сола бо ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона бистарӣ аст.


Куштор дар Тоҷикистон

Акси марбута аз интернет

Ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ боздошт гардидааст. Тибқи иттилои ВКД Тоҷикистон, ӯ қаблан барои дуздӣ зиндонӣ шуда буд.

Номи ҷавон дар хабар зикр намешавад. Ба иттилои манбаъ, ӯ рӯзи 4-уми июл тахминан соати 23:00 барои мулоқоти ошиқона ба хонаи дӯстдоштааш, зани 27-солаи сокини шаҳри Истаравшан меояд.

Аз ҳолати мазкур модари духтар, зани 47-сола огоҳӣ меёбад. Бо мақсади аз хонааш берун кардани ҷавон ӯ аз дохили ҳуҷраи зисташ 1 адад корди хонагиро гирифта, ба вай таҳдид мекунад.

“Дар натиҷа баҳсу муноқиша сар зада, гумонбар кордро аз дасти ҷабрдида гирифта, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан зани 27-соларо 3 маротиба ва модарашро 1 маротиба ба аъзои баданашон корд мезанад”, – омадааст дар хабари ВКД.

Дар пайи ин зани 27-сола аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Модараш бошад, ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ аст.

Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 (Одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Тибқи ин модда ӯро аз 15 то 25 соли зиндон интизор аст.