Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:0907.07.2023
Ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ боздошт гардидааст. Тибқи иттилои ВКД Тоҷикистон, ӯ қаблан барои дуздӣ зиндонӣ шуда буд.
Номи ҷавон дар хабар зикр намешавад. Ба иттилои манбаъ, ӯ рӯзи 4-уми июл тахминан соати 23:00 барои мулоқоти ошиқона ба хонаи дӯстдоштааш, зани 27-солаи сокини шаҳри Истаравшан меояд.
Аз ҳолати мазкур модари духтар, зани 47-сола огоҳӣ меёбад. Бо мақсади аз хонааш берун кардани ҷавон ӯ аз дохили ҳуҷраи зисташ 1 адад корди хонагиро гирифта, ба вай таҳдид мекунад.
“Дар натиҷа баҳсу муноқиша сар зада, гумонбар кордро аз дасти ҷабрдида гирифта, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан зани 27-соларо 3 маротиба ва модарашро 1 маротиба ба аъзои баданашон корд мезанад”, - омадааст дар хабари ВКД.
Дар пайи ин зани 27-сола аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Модараш бошад, ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ аст.
Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 (Одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Тибқи ин модда ӯро аз 15 то 25 соли зиндон интизор аст.
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
4 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
4 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
16 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
19 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 дня назад