fbpx

Ҷавоби расмии сафорати Русия: Киҳо аз Тоҷикистон метавонанд ба Русия ворид шаванд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Тоҷикистон дар ду моҳ ба Афғонистон ба маблағи 7 миллион доллар барқ додааст

Тоҷикистон дар ду моҳи аввали имсол аз ҳисоби содироти нерӯи барқ ба хориҷа беш аз 7 миллион доллар даромад гирифтааст.

Хабаргузории “Авесто” навиштааст, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, “нисбатан бештар аст”. Мақомоти марбута дар бораи барқи фурӯхташуда ба кишварҳои ҳамсоя маълумот надодаанд. Танҳо зикр гардидааст, ки нерӯи барқ ба Афғонистон содирот шудааст.

Қаблан ширкати “Барқи тоҷик” бо ширкатҳои барқрасони Афғонистону Узбекистон барои интиқоли нерӯи барқ дар соли ҷорӣ созишнома имзо карда буд. Интизор меравад, то поёни соли 2021 аз Тоҷикистон ба хориҷа беш аз 3 миллирад киловатт-соат нерӯи барқ содирот гардад.

Донишҷӯёни тоҷик акнун бе мамониат метавонанд барои таҳсил ба Русия раванд

Сафорати Русия дар Тоҷикистон расман ба саволҳои зуд-зуд такроршавандаи вобаста ба барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни ин ду кишвар посух дод. Хадамоти дипломатии Русия тасдиқ кард, ки вуруд ба Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар озод аст ва ягон мамониат вуҷуд надорад.

Дар бахши русии сомонаи мо Шумо метавонед ба саволҳои худ аз матлаби нашркардаи сафорат оид ба бақарор шудани парвозҳои Тоҷикистону Русия ҷавоб пайдо намоед.

Сафорати Русия гуфтааст, акнун донишҷӯён низ метавонанд бе мамониат ба Русия ворид шаванд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ва илми Русия тартиби махсуси вуруди донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯёни Тоҷикистонро ба Русия ҷорӣ кардааст.

– Донишҷӯёни тоҷик на дертар аз 10 рӯз бо почтаи электронӣ бояд муассисаи таълимиро аз санаи вуруд ба Русия огаҳ созанд. Пас аз ирсоли нома онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд.

Ба ҷуз гузаштан аз тест на дертар аз 3 рӯз то замини расидан ба Русия, донишҷӯёни тоҷик дар муддати 72 соати пас аз вуруд ба қаламрави Русия бояд боз ПЦР-тести иловагӣ супоранд.

То гирифтани натиҷаҳои ин тест донишҷӯён бояд дар макони иқомат реҷаи гӯшанишиниро риоя намоянд. Дар давраи гӯшанишинӣ таълим дар шакли фосилавӣ мегузарад. Шахсоне, ки аз тести такрорӣ намегузаранд, ба таҳсили рӯзона роҳ дода намешаванд, – гуфтаанд дар сафорат.

Шикояти сокинони деҳот аз риоя нашудани “лимит”-и барқ

Сокинони ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз шадидтар шудани маҳдудияти истифодаи барқ шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, пештар интиқоли барқ соати 23:00 қатъ мешуд, аммо акнун аз соати 22:00 барқ хомӯш мешавад.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” шадидтар шудани маҳдудияти истифодаи барқро рад карда гуфтаанд, он мисли пешин аз соати 23:00 то 05:00-субҳ амал мекунад.

“Дар сурати риоя нашудани реҷаи маҳдуд, ҳар кадоме аз истеъмолгарон метавонад ба телефонҳои боварии мо: 2 35 86 84; 93 355 51 51 ва 93 355 52 52 муроҷиат намояд”, – гуфтанд дар ширкат.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” пурра баратараф шудани речаи маҳдуди истифодаи барқро ба гармшавии ҳаво вобаста медонанд, ки ба афзоиши маҷрои об дар дарёҳо мусоидат мекунад.

Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ “лимит” расман аз 6 январи соли равон ҷорӣ шуда буд.

Дар Хуҷанд духтари 15-соларо аз худкушӣ наҷот доданд

Маъмурони наҷот дар шаҳри Хуҷанд аз худкушии як ноболиғ пешгирӣ кардаанд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, духтари 15-сола рӯзи 29-уми март худро ба дарёи Сир афканда, мехост, риштаи ҳаёти худро барканад.

Наҷотдиҳандаҳо тавонистаанд, ноболиғро аз дарё берун оварда, то расидани мошини Ёрии таъҷилӣ ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонанд. Баъдан духтарро ба бемористон бурдаанд.

Масъулони Кумита гуфтанд, сабаби қасд ба ҷони худ кардани наврас маълум нест. Тафтишот дар ин замина идома дорад.

Дар сабқати ҷудои Antalya Grand Slam 2021 аз Тоҷикистон се нафар ширкат мекунад

Дар сабқати бонуфузи ҷудои Antalya Grand Slam 2021, ки рӯзҳои 1-3 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Анталяи кишвари Туркия доир мегардад, аз Тоҷикистон се ҷудокрори шинохта ширкат мекунад: Комроншоҳ Устопириён, Шаҳбоз Саидаброров ва Темур Раҳимов.

Бино ба иттилои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо дар ин мусобиқот ширкати 501 варзишгар аз 96 давлати дунё дар назар аст. Рақобатҳо ҳам миёни занон ва ҳам миёни мардон ба таври зер сурат хоҳанд гирифт.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хандақҳои кандаро пур мекунанд

Дар нуқтаҳои аҳолинишини марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд ба пур кардани хандақҳое оғоз кардаанд, ки гуфта мешавад як сол пеш дар давраи хуруҷи коронавирус барои пешгири аз рафтуомадаи сокинон канда шуда буданд. Ин кор дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ҳаммарз аст, оғоз шудааст.

Сокинони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз кушода шудани роҳ ва иҷозаи ҳаракати мошинҳо дар чанде аз кӯчаҳояшон хушҳоланд.

Қаблан зимни як нишаст раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафар Давлатзода гуфта буд, онҳо дар ду ҷамоати ҳаммарзи Овчӣ-Қалъача ва Хистеварзи ноҳия бо Қирғизистон 34 гузаргоҳҳои сарҳадиро дар замони коронавирус бастанд. Барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус ва вуруди ғайриқонунии шаҳрвандони ду ҷониб дар ин ҷойҳо хандақ кофтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон: “Мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” иштирок ва суханронӣ намуд.

Ёдрас мекунем, ки дар конфронси мазкур раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвар дар шакли ҳузури бевосита, 16 кишвари мададрасон ва 16 созмони минтақавӣ ва байнулмилалӣ дар шакли маҷозӣ (онлайн) иштирок доранд.

Дар оғози суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам пайваста, мардуми шарифи ин кишвари бародар бо тоҷикистониён ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихиашон ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд.

“Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем, – гуфт ӯ. – Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад.

Мо итминон дорем, ки ҳамоиши имрӯзаи Душанбе бо вазифагузориҳои нав дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ин кишвар қадамҳои тозаеро хоҳад гузошт”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend