Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:1207.04.2026
Дар ноҳияи Ёвон ҷасади Лутфулло Сафаров 38-сола, ки дар ширкати “3333”-и ноҳияи Ёвон кор мекард, рӯзи 4-уми апрел дар майдони заминҳои кишт пайдо шудааст. Наздикони марҳум мегӯянд, ӯ бо 9 зарби корд кушта шуда, бо мошинаш гумонбарони номаълум фирор кардаанд.
Падари марҳум, Фатҳулло Сафаров, ба дар сӯҳбат ба Азия-Плюс гуфтааст, ки писараш рӯзи 3-юми апрел ба кор баромада ва дигар ба хона наомадааст. Тақрибан соати 17:30 ба мошини ӯ ду нафар нишаста гуфтаанд, ки онҳоро ба деҳаи Дастгирак барад. Дар роҳи нақлиётӣ ба Лутфулло ҳамла карда, аз пушт ва гарданаш се корд зада, маҷрӯҳ кардаанд. Пул ва ҳуҷҷатҳояш дар ҷайбаш боқӣ мондаанд.
Фатҳулло Сафаров илова кард, ки ҷасади писарашро як подабон ёфтааст ва ӯ дар бораи қатли писараш, нисфирӯзии 4-уми апрел аз як ҳамкори марҳум шунидааст.
Ба иттилои Азия-Плюс, марҳум Лутфулло Сафаров соҳиби зану чор фарзанд будааст.
Ба гуфтаи падари марҳум, як гумонбар, хонандаи мактаби деҳаи Дастгирак, боздошт шудааст. Вале ӯ бовар надорад, ки ин ҷавонон танҳо даст ба куштор задаанд ва эҳтимол ба ин амал 2-3 нафар дигар ҳам алоқаманд бошанд.
Мақомоти ноҳия то ҳол расман боздошти гумонбар ё ангезаи ҳодисаро тасдиқ намекунанд ва таҳқиқи қазия идома дорад.
Ин ҳодиса дар чанд рӯзи охир аввалин куштори мармуз дар Тоҷикистон нест. Шаби 1 ба 2-уми апрел дар шаҳри Кӯлоб ду зан ва як кӯдаки 6-сола кушта шуда, алайҳи яке аз наздикони онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.
139 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
1 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
5 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
8 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
8 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
9 дня назад