Аспи 30 ҳазор сомона, марг, ғалаба ва шӯҳрат: Дар Тоҷикистон човандозҳо чӣ гуна зиндагӣ мекунанд

Бузкашӣ яке аз навъҳои намуди варзиши миллии қадимии халқи тоҷик ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин намуди варзиш, баъзан аспсаворон меафтанд, ҳалок ё маъюби якумрӣ мешаванд. Лекин бо вуҷуди ин ҳама дар Тоҷикистон бузкашӣ ҳаводорони зиёди худро дорад ва дар ҷашни Наврӯз он дар сатҳи ҷумҳуриявӣ доир мешавад.  

Имрӯз дар бораи тарзу усул, қоида, парвариши асп барои Бузкашӣ, омодагӣ ба ин намуди варзиш ва зиндагии човандозҳо Наҷмиддин Фахриддинов, човандози 31-сола қисса мекунад.

Мулло Фахриддин бо аспи 14 ҳазор сомонаи худ

Тарзу усул ва замони баргузории Бузкашӣ

Бузкашӣ чӣ тавре гуфтем, яке аз намудҳои варзиши қадимии миллии тоҷик ба ҳисоб меравад. Он дар гузашта бештар дар фасли зимистон ва ё ба муносибати ҷашне, бахусус Наврӯз баргузор мегардид. Замонҳои пеш шахсони сарватманд ҳангоми хатнасур ва гоҳе дар ҷашни арусӣ низ маросими Бузкаширо барпо мекарданд.

Қоида ва тарзу усули човандозӣ қариб дар ҳама манотиқи Тоҷикистон якхела аст. Аввал майдони баргузории мусобиқаро интихоб мекунанд, пасон теъдоди зиёди аспсаворон ба майдон ҳозир мешаванд, ки дар баъзе ҳолатҳо шумораи онҳо аз 100-200 нафар зиёд мешавад. Баъдан як аспсавор бузро, ки даруни он тоза бо намак пур карда шудааст, дар нуқтаи муайяне ба замин ҳаво медиҳад. Бо шитоб кардани анбуҳи човандозҳо Бузкашӣ шурӯъ мешавад. Дар он нафаре ғолиб меояд, ки бузро аз замин бардошта ва ё бузи аз замин бардоштаро аз дасти аспсаворон зӯран гирифта ба марра (тақрибан 300-500 метр) расонад.

Дар Бузкашӣ танҳо як қоида вуҷуд дорад, он низ бо ресмон ба зини асп бастани пои буз мумкин нест. Дигар қоидаи мавҷуд нест, аспсавор хоҳ бузро зӯран аз дасти нафари дигар гирад, шаллоқ занад, рақибонро афтонад ин ҳама мамнӯъ нест.

Асп барои Бузкашӣ омода аст

Орзуи кӯдакӣ

Фахриддин Наҷмиддинов 31 сол дошта зодаи деҳаи Тозқалъаи ноҳияи Восеъ аст. Ба човандозӣ машғул асту аллакай номаш ҳамчун яке аз майдондорони муҳорибаҳои бузкашӣ вирди забони аҳолии минтақа аст. Ӯро бо лақаби Мулло Фахриддини човандоз мешиносанд. Ӯ аз хурдӣ аспҳои ҳамсояро дида, дар дил орзуи асппарварӣ ва човандозиро мепарварид. Ҳангоми дар синфи 7 таҳсил карданаш аспи ҳамсояро дуздида дар таҳхонаашон пинҳон кард. Волидайнаш аз ин кор бехабар буданд. Хоҳарчаи хурдиаш инро дида ба волидонаш бурда мерасонад.

Човандоз бо аспи худ дар вақти тамрин

“Падарам вақте дохили таҳхона шуда дид, ки асп ҳамаи гандумҳои даруни хумро резонида, зери по кардааст сахт ба ғазаб омаду маро дар сутуни назди пешайвони хонаамон баста, мурданивор латтукӯб кард, ки то ҳол таъсири шаллоқҳояш аз ёдам нарафтааст”, – бо ханда ба ёд меорад Мулло Фахриддин.

Амалишавии орзуҳои кӯдакӣ

Фахриддин пас аз муддати тӯлонӣ ва маблағҷамъкунӣ ниҳоят дар синни 28 – солагӣ ба арзиши 7 ҳазор сомонӣ соҳиби асп мешавад. Аз сабаби оне, ки зоти аспҳоро намешинохт,нигоҳубини он барояш мушкил буд. Бо гузашти чанд муддат, рӯзе як рафиқаш пешниҳод мекунад, то аспро фурӯшад ва ягон аспи хуби мувофиқ ба човандозӣ харида дар маъракаҳои мардум ширкат кунад. Ӯ ки аз кӯдакӣ орзуи човандоз шуданро дар дил мепарварид, дарҳол розӣ шуда, аспро мефурӯшад ва бо нархи гаронтар аспи бузкашӣ мехарад.

Мӯзаи човандозӣ, ки зиёда аз 1000 сомонӣ нарх дорад

“Он замон аспи харидаам нав 5 сол дошт ва барои ширкат дар маъракаҳои бузкашӣ омода набуд. Чун одатан аспҳои аз 8 – сола болоро ба майдони муҳориба ворид мекунанд. Аспро тарбия карда барои пойгаву бузкашиҳо омодагӣ медидам. Ба хотири ҳар чӣ зудтар пурқувват шудани асп ҷавро аз меъёри муқаррашуда зиёд медодам, лекин аз сабаби надоштани донишу таҷрибаи кофӣ дар ин самт пай намебурдам, ки истеъмоли ҷави зиёд ба асп зарар дорад. Аз зиёд хӯронидани ҷав асп аз по афтиду онро аз рӯи ноилоҷӣ ба қассоб додам, то ки кушта, гӯшташро фурӯшам”, – нақл мекунад Фахриддин.

Пас аз ин боз як аспи дигар харид ва онро хеле зиёд эҳтиёт мекард, чун маротиба аввал ноком шуда буд. Хатоҳои дар тарбияи аспи аввала кардаашро такрор намекард.

Бузе, ки барои Бузкашӣ истифода мекунанд. Дарунашро пурра тоза карда бо намак пур мекунанд

Аспи 30 ҳазор сомона ва шӯҳрати Мулло човандоз

Ниҳояти кор аспи навхаридааш ба мусобиқа омода шуд. Ӯ бори аввал дар майдони яке аз деҳаҳои ҳамсоя баромад карду, бузро як маротиба ба давра ҳаво дода ғолиб шуд. Аз ғолибияти аввалааш соҳиби курта гашт.

“Ин дар ҳаёти ман бори аввал буд, ки шаҳди ғалабаро мечашидам. Он лаҳзаҳо барои ман яке аз лаҳзаҳои фаромӯшношуданӣ ба ҳисоб мераванд. Вақте меҳнат мекунӣ ва дар охир меҳнати кардаат мева медиҳад, ин ба ту қувва мебахшад, то ба пеш ҳаракат намоӣ. Баъди як соли бозӣ дар майдонҳои қишлоқ шавқам ба муҳорибаҳои сатҳи баланд бедор шуд ва маблағҳои ҷамънамудаи худро ба харидани аспи нав сарф кардам. Аз вилояти Суғд ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ аспи дигар харидам”,- мегӯяд човандоз.

Асп аз нигоҳи аввал қадбаланду боқуват менамуд ва Фахриддин бовар дошт, ки он дар майдонҳо хуб баромад мекунад. Гумонаш хато набаромад. Ӯ дар байни қишлоқи худ ва деҳаҳои ҳамсоя ҳамчун човандози моҳир ном баровард. Ҳаводорон ба ӯ тахаллуси Муллоро доданд. Сипас одамони зиёде пайдо шуданд, ки аз ӯ хоҳиш мекарданд, то аспҳояшонро савор шуда, дар майдонҳо баромад кунад.

Човандоз бо аспи худ дар вақти тамрин

Тибқи қоидаҳои човандозии анъанавӣ вақте човандоз бо аспи дигар дар муҳориба ширкат намуда, ғолиб мебарояд, довар ҳатман чунин эълон мекунад: “Човандоз фалонӣ аз фалон ноҳия бо аспи фалон аз фалон одам ғолиб омад”. Номи асп ва соҳибаш маҳз тавассути ширкати човандоз дар бозӣ машҳур мегардад.

Асппарварӣ ва шароити будубоши аспҳо

Фахриддин дар ҳавлии худ ҷойи махсусеро барои нигоҳ доштани аспҳои хос ба талаботи бузкашӣ омода намудааст. Соле чанд сар аспро дар он ҷо тарбия мекунад. Барои хӯроквории як асп ҳар сол то 80 ҷувол ҷав лозим меояд. Асперо, ки ҳозир ӯ дар хонааш парвариш дорад, наздик ба 14 000 сомонӣ арзиш дорад.

Ҷойи нигаҳдорӣ ва парваришгоҳи аспҳои човандоз

Тарбияи аспҳо барои бузкашӣ ва дар саҳна баромад кардани онҳо маблағи калон мехоҳад, зеро барои ин кор шароити хуб лозим аст. “Мо барои аспҳои нав кӯшиш мекунем, ки абзорҳои ҷолибу зебо харидорӣ кунем, ки ҳаҷми он дар умум аз 2000 сомонӣ боло мешавад.Дар шароити имрӯз аз ҳама лавозимоти заруриву хушсифат барои човандозон бо сифати хуб аз кишвари Ӯзбекистон ворид мешавад”, – мегӯяд Мулло Фахриддин.

Мулло Фахриддин мехоҳад савори асп шавад

Тиҷорати Муллои човандоз

Ҷоизаи гаронарзиши бурднамудаи Мулло Фахриддин ин як сар чорвои калони шохдор мебошад. Ӯ то ҳол барандаи автомашина ва ё маблағҳои ҳангуфт нашудааст. Даромаде, ки ӯ имрӯз аз ҳисоби човандозӣ ба даст меорад, барои пешбурди зиндагиаш мерасад.

Мулло Фахриддин бар замми човандози моҳир будан. Тоҷири хуб низ ҳаст ва ҳоло бо тиҷорати чорвои калони шохдор машғул аст. Ӯ зиндагии худро дар замони қатъ шудани маъракаҳои бузкашӣ маҳз аз рӯи ин самт пеш мебарад. Яъне, ӯ чорво (асосан гов) – ро аз бозор харидорӣ карда, чанд вақт парвариш мекунаду бо иловаи чанд миқдор маблағи дигар гаронтар мефурӯшад.

Аспи 14 ҳазор сомонаи Мулло Фахриддин

Човандоз бояд ба варзиш машғул шавад

Фахриддин дар вақтҳои холии худ ба варзиш машғул мешавад, зеро дар майдони рақобат аз болои аспе, ки бо суръати баланд медавад, овезон шудану бузи 40 – 45 килограммаро бардоштан, кори чандон осон нест.

Мулло Фахриддин дар ҳолати омода бош барои бузкашӣ

“Чандин маротиба аз болои асп ба замин афтодааму ҷароҳатҳои хурду бузург низ бардоштаам, ки то ҳанӯз изашон боқист. Ҳатто шоҳиди марги чанд нафар човандози номӣ гаштем. Ин касб маҳорати вижа ва чолокӣ металабад, зеро як иштибоҳи хурд човандозро метавонад ба сӯи қурбонӣ барад. Лекин ин кор барои човандозҳо мисли дигар намуди варзишҳо як  кайфият мебахшаду бо ҳама мушкиливу хатарҳои вуҷуд дошта бо чеҳраи хандон нигоҳ мекунем”,- мегӯяд Фахриддин.

Шералӣ Давлатов

Skip to toolbar