fbpx

Ҷашни таърихии ҳафт ҳазорсола. Шаби Ялдо чӣ тавр таҷлил мешавад?

Дар Шаби Ялдо аҳли оила атрофи хони ороста дар хонаи пирон ҷамъ мешаванд.


1
1 point
Шаби Ялдо - ҷашни қадимии мардумони ориёӣ ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид карда шуд.
Шаби Ялдо ҷашни қадимии мардумони ориёист, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд.

Соли гузашта Ялдо – ҷашни қадимии мардумони ориёӣ, ки дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ҷашн гирифта мешавад, ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид карда шуд. Шаби Ялдо дар ҳамин шабу рӯзи сипарӣ мешуда мувофиқ меояд.

Шаби Ялдо дарозтарин шаби аввали моҳи Дай, ҷашни қадимии мардумони ориёист, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд. Мувофиқи тақвими эронӣ шаби 30-юми моҳи Озар (22 декабр) рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтар ва тобиши Офтоб бештар мегардад.

Ялдо калимаи сурёнӣ буда, маънои таваллудро дорад.
Шаби Ялдо дар осори гузаштагон ёд шудааст. Аксҳо аз сомонаи digikala.com

Ялдо чӣ маъно дорад?

Ялдо калимаи сурёнӣ буда, маънои таваллудро дорад. Сурёнӣ забоне дар байни масеҳиён маъмул буд. Ин маънӣ аз пажӯҳиш дар луғатҳо ва китобҳои таърихӣ дарёфт шудааст. Абӯрайҳони Берунӣ, донишманд ва тақвимшинос аз Шаби Ялдо бо номи “Милод Акбар” ёдовар кардааст.

Вожаи Ялдо кай ва чӣ гуна вориди забони форсӣ шудааст, дақиқ нест. Аз таърих маълум мешавад, ки масеҳиёни пешин, ки дар Рум зиндагии сангин доштанд ва бархе аз онҳо ба Эрон муҳоҷират кардаанд. Шояд ба далели наздикии фарҳангӣ ин вожаи сурёнӣ ба форсӣ роҳ ёфта бошад.

Таърихи шаби Ялдо

Таърихи шаби Ялдо ба гузаштаи хеле дур бармегардад. Бархе бостоншиносон таърихи шаби Ялдоро ҳафт ҳазорсола медонанд.

Бо ин ҳама, он чизе, ки шаби Ялдо ба расмият дароварда шудааст, тақрибан ба 500 соли пеш аз милод бармегардад. Ялдо дар замони Дориюши I ба тақвими расмии эрониёни бостон ворид шудааст. Тақвиме, ки аз бобулиён ва мисриён гирифта шудааст.

Бархе бостоншиносон таърихи шаби Ялдоро ҳафт ҳазорсола медонанд.
Шаби Ялдо тахминан 7 ҳазор сол таърих дорад.

Шаби Ялдо:ғалабаи меҳр бар зулмат

Эътиқодҳои эрониёни бостонӣ бар афсонаҳо ва дониши рӯйдодҳои кайҳонӣ асос ёфтаанд. Дар бораи сабаби таҷлили Ялдо ривоятҳои гуногун вуҷуд доранд.

Яке аз ин ривоятҳо ба пирӯзии нур бар зулмот марбут аст. Дар замонҳои қадим зиндагии мардум асосан аз зироаткорӣ ва чорводорӣ иборат буд ва таъсири обу ҳаво барои онҳо хеле муҳим дониста мешуд. Бо мушохида ва таҷриба одамон тағйирёбии пайвастаи шабу рӯз ва фаслҳои солро дарк карда буданд.

Онҳо таъсири рӯшноӣ ва зулмот ва гармиву сарморо дар зиндагии худ диданд. Аз таъсире, ки гирифтаанд, ба хулосае омаданд, ки нур, рӯз ва офтоб рамзи офаридгор ва некӣ мебошанд. Баръакс, шабу сармо нишонаи бадӣ ва палидист.

Аз ин мушоҳидаҳо онҳо бовар доштанд, ки шабу рӯз ва рӯшноӣ ва торикӣ дар як ихтилофи доимӣ ҳастанд. Рӯзҳои дароз нишонаи ғалабаи нур ва рӯзҳои кӯтоҳ нишони ғалабаи зулмот дониста мешаванд.

Дар ин баробар, Меҳрпарастон шаби Ялдоро зодрӯзи Митра (Худои Меҳр – Офтоб) медонанд. Ба иборати дигар, Митра дар ин шаб ба дунё бармегардад.

Ҳамчунин, дини масеҳӣ зодрӯзи Исои Масеҳро дар яке аз рӯзҳое, ки дар шаби Ялдо наздик ҷашн мегиранд.

Оини Шаби Ялдо

Дар Шаби Ялдо аҳли оила атрофи хони ороста дар хонаи пирон ҷамъ мешаванд. Хони онҳо аз як силсила ашё ва ғизоҳои рамзӣ, аз ҷумла чароғ барои рамзи нур, об барои покизагӣ ва меваҳои сурх аз қабили анор, тарбуз, лаблабу, ҷуворимакка ва ангур рамзи гармӣ, ороиш дода мешавад.

Анор аз назари мусалмонон меваи муқаддас буда, дар Қуръони карим ҳамчун меваи биҳиштӣ зикр шудааст. Хӯрдани ин меваро пирони динӣ тавсия медиҳанд.

Тарбуз барои дастархони Ялдо меваи махсус аст. Бояд гуфт, ки мо ҳама медонем, ки тарбуз меваи тобистон аст. Аммо он чун рамзи офтоб ва гармои тобистон ёдоварӣ мешавад.

Дар қатори дигар меваҳои дастархони Ялдо ҳамаи навъҳои меваҳои тирамоҳиро номбар бурдан мумкин аст. Дар гузашта дар баробари анору тарбуз меваҳои мавсимиро низ рӯи дастархон мемонданд. Дар дастархони Ялдо аксаран афлесун, себ, хурмо, нок ва ҳатто каду ҷой гирифта метавонанд.

Дар Шаби Ялдо аҳли оила атрофи хони ороста дар хонаи пирон ҷамъ мешаванд.
Шаби Ялдо рамзҳои ба худ хосро дорад.

Таҷлили Ялдо дар Тоҷикистон

Ҳарчанд Шаби Ялдо дар Тоҷикистон ба таври оммавӣ таҷлил намегардад, аммо аз ҷониби доираҳои мушаххаси фарҳангиён ҳамасола бо қироати шеъру қисса, бозӣ ва мусиқӣ ва додани тӯҳфаҳо ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин, дар арафаи ин ҷашн расонаҳои алоҳидаи кишвар оид ба Шаби Ялдо барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва мақолаҳо таърихиву пажӯҳишӣ омода ва интишор мекунанд.

Оинҳои шаби Ялдо дар Эрон

Шаби Ялдо дар саросари кишвари Эрон ба монанди Наврӯз ба таври бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Гуфта мешавад, дастархони мардуми Шероз мисли дастархони Наврӯз рангин аст.

Қироати Ҳофиз як ҷузъи ҷудонашавандаи маросими Шаби Ялдо барои шерозиён аст ва ин суннати нек бешак аз Шероз паҳн шудааст. Дар қисме аз Эрон китоби ҳамосаи “Шоҳнома”-ро қироат мекунанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки фолбинӣ як рукни ин ҷашн дар Эрон маҳсуб мешавад.

Дар шаҳри Кирмони Эрон боз ҳам аҷибтар аз Шаби Ялдо истиқбол мешавад. Саргузашти шаби Ялда дар миёни кирмониён бо достони машҳури қадимии он шунида мешавад. Кирмониён дар шаби Ялдо то субҳ бедор мемонанд ва ин шаби ҳушёрӣ қиссаи ҷолибе дорад.

Кирмониён мегӯянд, ки дар ин шаб Қорун ба сурати ҳезумчин, ки дар пушташ як даста ҳезум аст, ба хонаҳо меояд ва ба онҳо ҳезум медиҳад. Ин ҳезум субҳи рӯзи дигар ба сутунҳои тилло табдил меёбад.

Ҳамин тавр, дар шаҳрҳои Лоҳур, Гелон, Кавзин, Гулистон, Курдистон, Ҳамадон, Хуросон ва дигар манотиқи Эрон бо анъанаҳои вижа Шаби Ялдоро таҷлил мекунанд.

Шаби Ялдо дар саросари кишвари Эрон ба монанди Наврӯз ба таври бошукӯҳ таҷлил карда мешавад.
Дар Эрон дар Шаби Ялдо то субҳ бедор меистанд.

Шаби Ялдо дар Афғонистон

Дар Афғонистон мутаносиби Эрон аз Шаби Ялдо истиқбол намешавад. Дар Бадахшони Афғонистон расму оинҳои гуногун то ба ҳол ҷорӣ ҳаст ва гуфта мешавад, ки мардуми ин минтақа аз Шаби Ялдо истиқболи хуб мегиранд.

Шаби Ялдо дар Покистон

Дар Покистони дар ин шаб намоз мехонанд. Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки мардон маросими оббозии зимистониро иҷро мекунанд ва як пора нон дар даст ба сарашон об мерезанд. Ин маросим аз субҳ то нисфирӯзӣ дар рӯзи охирини тирамоҳ сурат мегирад. Маросими анъанавии ҳаммомро занону духтарон низ иҷро мекунанд.

Пас аз ин поксозӣ маросими оташзанӣ баргузор мешавад ва онҳо рақсу пой мезананд. Таоми махсуси ин шаб меъдаи буз дониста мешавад.

Ялдо дар Аврупо

Маросими таваллуди Митро ба унвони як рӯзи муқаддас бо оини Меҳр ба Аврупо рафт. То он замон ҷашни таваллуд ва таъмиди Масеҳ рӯзи шашуми жонвия гирифта мешуд. Пас аз он ки масеҳият нуфуз ёфт ва бисёре аз одобу русуми меҳрӣ дар он ҷазб шуданд, мелоди Меҳр, ки ба эътиқоди меҳрпарастон наҷотдиҳандаи башарият дар охируззамон хоҳад буд, ба Масеҳ мунтасаб гашт ва бо густариши масеҳият дар Шарқ муҷададдан ба Эрон боз гашт ва «Шаби ялдо» номида шуд. Шаби ялдо дар оғози зимистон ва пешонии чиллаи бузург барои гоҳшумории Эрони қадим падид омада ва дар китобҳои нуҷум, аз ҷумла осори Берунӣ аз он сухан рафтааст.

Ҳамин тавр, Шаби Ялдо дар кишварҳои аврупоӣ ба ҷашни Кристмас (Рождество – Милод) ё худ зодрӯзи Исои Масеҳ табдил ёфт ва то имрӯз идома дорад.

Дар кишварҳои масеҳикеши Аврупо дар шаби ҷашни Милод ҳоло ҳам шамъ рӯшан мекунанд ва он се ҳафта фурӯзон мемонад. Шамъгузорӣ ёде аз эзади фурӯғу рӯшноӣ Меҳр (Митра) мебошад. Яъне идома ва унсурҳои ойини бостонии ниёгони мо – меҳрпарастӣ ҳоло ҳам дар фарҳанги халқҳои гуногуни ҷаҳон ба назар мерасанд.

Таҳияи М.Раҳмат


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend