Дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 250-солагии истиқлолияти худро дар соли 2026 таҷлил мекунад мо дар бораи озодиҳое, ки дар ватани худ бунёд кардаем, ва ормону арзишҳое, ки ба хориҷа бурдаем, андеша мекунем. Аз кумаки таъҷилӣ ҳангоми офатҳои табиӣ то таҳияи доруҳои ҳаётбахш, рӯҳияи башардӯстонаи амрикоиҳо ва иқтидори онҳо дар навовариҳои тиббӣ муддати тӯлонӣ яке аз бузургтарин «содироти» мо буд. Ин мерос имрӯз аз ҳама беҳтар дар Тоҷикистон зинда аст, ки дар он шарикии даҳсолаҳои Амрико дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ натиҷаҳоеро ба бор овардааст, ки ҳатто як насл пеш ғайриимкон ба назар мерасид.
Шарикии таърихӣ
Рӯзи 6 апрели соли 2026 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории панҷсола дар соҳаи тандурустиро ба имзо расониданд, ки нахустин созишномаи чунин навъ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар давраи маъмурияти Президент Трамп мебошад. Ин сармоягузории муштарак ба маблағи 78 миллион доллар талошҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо ВНМО ва сил ва беҳтар кардани амнияти ҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ мекунад.
Тоҷикистон низ ба худ ӯҳда гирифтааст, ки дар давоми ҳамин панҷ сол 40 миллион доллар ба хароҷоти дохилии соҳаи тандурустӣ сармоягузорӣ кунад, ки нишонаи равшани содиқияти ҳукумат ба сохтани низоми тандурустии худтаъминкунанда мебошад. Мутобиқи анъанаи башардӯстонаи Амрико ин шарикӣ на вобастагӣ, балки иқтидорро мустаҳкам мекунад ва ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ояндаи тандурустии ҷамъиятии худро роҳбарӣ кунад.
Навовариҳое, ки ҳаёт одамонро наҷот медиҳанд
Навовариҳои тиббии амрикоӣ ба манфиати ҷаҳон хизмат кардаанд. Дар доираи фаъоилияти Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) дар Тоҷикистон таъсиси нахустин платформаи онлайнии минтақа барои санҷиши мустақил, беном ва ройгони ВНМО бо истифода аз воситаҳои санҷишии сохти амрикоӣ, ки натиҷаашон дар 15–20 дақиқа маълум мешавад, дастгирӣ карда шуд. То аввали соли 2026 тақрибан 10 000 нафар дар Тоҷикистон аз ин воситаҳо барои санҷиши мустақилонаи ВНМО истифода бурдаанд.
Пас аз ташхис ва оғози муолиҷа 94% беморон ба фурӯнишинии вирус ноил мешаванд, ки ба дарозтар шудани умр, кам шудани таваллуди кӯдакон бо ВНМО ва нест шудани хатари интиқол ба шариконашон мусоидат мекунад.
Дар соҳаи табобати сил Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доруҳои пешрафтаи амрикоиро барои муолиҷаи сили ба дору тобовар тӯҳфа кард ва технологияҳои ташхисии сохти амрикоиро барои деҳаҳои дурдаст тақдим намуд. Ба шарофати ин кӯмак ҳарсола зиёда аз 90% беморони сил дар Тоҷикистон шифо меёбанд, имконияти дуюм барои зиндагӣ пайдо мекунанд ва оилаю ҷомеаи онҳо аз ин беморӣ ҳифз мешавад.
Дар вақти пандемияи COVID-19 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамроҳ бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон зиёда аз чор миллион вояи ваксинаи сохти амрикоиро расонид, се истгоҳи оксиген барои осон кардани нафаскашии одамони гирифтори беморӣ насб кард, оид ба сохтори «занҷири хунук» дар саросари кишвар машварат дод ва ба маблағи 1,8 миллион доллар таҷҳизоти оксиген ва эҳёгарии наврасонро ба клиникаҳои саросари кишвар тӯҳфа кард. Ин дастгирии Амрико дар наҷоти ҳаёти мардуми Тоҷикистон дар давраи бесобиқаи бӯҳрони ҷаҳонӣ мусоидат кард.
Сохтани низомҳои тандурустӣ барои оянда
Сафорати ИМА дар ш. Душанбе на танҳо имрӯз дар табобати бемориҳо кумак мерасонад — инчунин ба Тоҷикистон барои сохтани воситаҳо барои мубориза бо бемориҳо дар оянда кумак мекунад. Мо ҳаммуаллифи Стратегияҳои миллии мубориза бо сил ва ВНМО/БПМИ барои солҳои 2026–2030 будем ва дар оғози нахустин низоми мушоҳидаи ВНМО барои муайян кардани саривақтии хуруҷи он кумак кардем. Дар якҷоягӣ бо роҳбарони соҳаи тандурустии Тоҷикистон мо навъҳои хатарноки ВНМО-и ба дору тобоварро муайян кардем ва дар паст кардани фавти кӯдакон ба андозаи 45% мусоидат кардем.
Мо инчунин барои мустаҳкам кардани қонунгузории соҳаи тандурустӣ талош кардем ва ба беморхона ва лабораторияҳои Тоҷикистон дар ба даст овардани аккредитатсияи байналмилалӣ кумак расонидем, то беморон тавонанд табобату нигоҳубини беҳтарро дар Тоҷикистон гиранд.
Мероси мо идома дорад
Ҳангоми таҷлили 250-солагии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шарикии мо бо Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ намунаи Стратегияи ҷаҳонии тандурустии ИМА мебошад: пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳо, бастани созишномаҳои дуҷонибаи пойдор, ки манфиатҳои миллии моро пеш мебаранд ва ҳаёти миллионҳо одамонро наҷот медиҳад, ва тарғиби навовариҳои тиббии амрикоӣ дар саросари ҷаҳон.
Аз воситаи санҷиши ВНМО-и сохти амрикоӣ то созишномаҳои таърихии дуҷониба, аз омӯзиши насли ояндаи роҳбарони тандурустии ҷамъиятӣ то ислоҳи қонунгузории миллӣ — ин мероси 250-солаи мо аст, ки то ҳол навишта карда мешавад, ки ҳаёту саломатии ҳар одамро нигоҳ дорем.
Муаллиф: Кордори Сафорати ИМА дар ш. Душанбе хонум Карсон Релитc Рокер
