Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:0223.01.2025
Сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар гузаргоҳҳои наздимарзии ду кишвар ҳашари дастаҷамъона баргузор кардаанд.
Дар ин ҳашар зиёда аз 400 нафар сокинони шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон иштирок кардаанд, гуфтааст Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс”.
Дар ин ҳашар сокинони ду кишвар роҳ ва ҷуйборҳои гузаргоҳи “Гулистон”-и Исфара ва “Қизил-Бел”-и Боткандро аз партовҳо тоза кардаанд.

Пас аз поккорӣ сокиноҳи ҳарду тараф “оши дӯстӣ” хӯрдаанд.
Зубайдулло Шомадов гуфтааст, ки техникаҳо аллакай кори ҳамворкунии роҳро оғоз кардаанд ва дар рӯзҳои наздик асфалтпӯшкунии роҳҳо шурӯъ мешавад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон моҳи декабри соли гузашта аз анҷом ёфтани раванди муайянсозии хати сарҳади ҳарду кишвар хабар доданд ва гурӯҳҳои корӣ дар раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии таъйини марз машғул мебошанд.
Чанд рӯз пеш Қамчибек Ташиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон дар як нишасти матбуотӣ дар масъалаи марзи ду кишвар гуфт, масъалаи сарҳад то охири моҳи январ ба охир мерасад ва дар арафаи иди Наврӯз сарони ду кишвар онро тасвиб мекунанд.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
2 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
4 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
5 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
5 дня назад