fbpx

Ҷасади занеро, ки дар Рашт худро ба дарё партофта буд, пас аз се ҳафта ёфтанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-3
-3 points
Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Ҷаримаи танӯрфурӯш ва масъули “автомойка”

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи шикояти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ масъули нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт ва дӯкони фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, воқеъ дар маҳаллаи Гипроземро ҷарима кардаанд.

Муҳаммадӣ  Холматов барои “иҷозаи гузоштани нақлиёт дар роҳи пиёдагард” ва Ҷамшед Раҷабов барои “коста гардонидани ҳусни атроф ва халалдор кардани ҳаракати шаҳрвандон” ҷаримабандӣ гардиданд, хабар медиҳад сомонаи раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

“Мизоҷони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт, аз хунукназарии масъулони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт истифода бурда, автомашинаҳои худро дар байни роҳи пиёдагард гузоштаанд. Фурӯшанда Ҷамшед Раҷабов бошад, танӯрҳои худро дар ду канори роҳи пиёдагард гузошта, дар баробари коста гардонидани ҳусни атроф, ба ҳаракати шаҳрвандон халал ворид сохтааст”, – омадааст дар хабар.

Таъкид мегардад, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин нафаронро дар пайи нашри акс аз ҷониби корбари «Фейсбук» ва хоҳиши андешидани чораҳои зарурӣ, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намудааст.

Ҷасади занеро, ки дар Рашт худро ба дарё партофта буд пас се ҳафта ёфтанд

Ҷасади як зани 23-соларо, ки дар ноҳияи Рашт худро ба дарё андохта буд, баъд аз тақрибан се ҳафта ёфтаанд. Маҳинаи Холаҳмад рӯзи 5-уми августи имсол, баъди муноқиша бо шавҳараш, худро ба дарё андохт.

Ин лаҳза дар навори видеоӣ сабт шудааст.

Як сокини деҳаи Хоҷаалии ноҳияи Рашт рӯзи 24-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “Эмомиддин Сафолов ва Саидмуҳиддин Бураков ҷасадро рӯзи сешанбе аз об берун оварданд.”

“Маъмурони милиса рӯзи 23-юми август ҷасадро барои ташхис ба шаҳраки Ғарм бурда, сипас ба дасти наздиконаш додаанд,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия дар робита ба ин қазия чизе нагуфтанд.

Як корманди минтақавии умури дохилӣ бе зикри ном гуфт, “дар ҳоли ҳозир тафтиш идома дорад ва ҳамсараш, Султони Абдувоҳид, дар боздоштгоҳ аст. Ӯ барои ба худкушӣ расонидани ҳамсараш гумонбар аст.”

Нарх ба нуриҳои минералӣ бо кадом сабабҳо боло меравад?

Охири соли равон 70% болоравии нархи нуриҳои минералӣ дар назар аст, хабар дода мешавад дар гузориши Кумитаи иҷроияи ИДМ аз 19 августи соли 2022.

Дар гузориш зикр мегардад, ки сиёсати ҷорӣ намудани таҳримҳо аз ҷониби кишварҳои Ғарб ба бозори нуриҳои минералӣ таъсири манфии ҷиддӣ расонид.

“Дар баробари маҳдудияти интиқоли онҳо аз Русия ва Беларус, болоравии арзиши нерӯи барқ ​​ва сӯзишворӣ ба нарх таъсири беҳад манфӣ расонд”, – зикр мешавад дар гузориш.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, дар семоҳаи аввали соли 2022 нархи нуриҳои минералӣ дар ҷаҳон 10% боло рафта, охири соли 2022 аз афзоиши нархҳо дар ин бахш дар сатҳи 70% интизорӣ меравад.

Дар гузориши моҳи майи соли 2022 гуфта мешавад, нархи нуриҳои азотӣ нисбат ба бӯҳрони соли 2008 ба далели коҳиши тавлиди он, ки дар Аврупо, бахусус, ба афзоиши қимати газ вобаста аст, бештар шудааст. Болоравии нархи нуриҳои фосфатӣ боиси боло рафтани нархи сулфур ва аммиак гардид, ки бузургтарин содиркунандаи он Русия аст.

Қимати калий тақрибан 80% боло рафта, афзоиши ахири нарх дар пайи таҳримҳо алайҳи Беларус ва ҳамчунин қатъи интиқол тавассути бандарҳои Баҳри Сиёҳ пас аз сар задани низоъ дар Украина ба амал омадааст.

Илова бар ин, Литва аз 1 феврали соли 2022 транзити калийро аз Беларус тавассути роҳи оҳани худ манъ кард.

Дар Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин тахмин мезананд, ки соли 2022 нархи калий нисбат ба соли 2021 ба ҳисоби миёна 1,5 маротиба боло хоҳад рафт ва дар соли 2023 дар сурати барқарор нашудани содирот (интиқол) аз Русия ва Беларус ба бозори ҷаҳонӣ, баланд боқӣ мемонад.

Идомаи задухӯрди шадид миёни Толибон* ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва гуруҳи Толибон* дар вулусволии Хинҷи вилояти Панҷшер вориди даргирии шадид гардидаанд, хабар медиҳад агентии иттилоотии “Aamaj News”.

Тибқи иттилои ин расона, субҳи имрӯз, 24 август даргирӣ дар вулусволии Хинҷ шиддат гирифт ва Толибон* бо истифода аз чархболҳо талош доранд мавзеъҳояшонро тақвият бахшанд.

Дар хусуси талафоти ҷонии ҷонибҳо то кунун маълумоти мушаххас дастрас нест.

Ба гузориши агентии иттилоотии мазкур даргирӣ ба думболи асир гирифтани шуморе аз ҷангҷуёни Толибон* аз сӯйи муқоваматгарони ҷабҳа дар Панҷшер иттифоқ афтодааст ва Толибон талош доранд ҳадди ақал ҷасади ҷангҷӯёнашонро аз кӯҳҳои Хинҷ дастрас намоянд.

Бояд гуфт, ки шаби гузашта дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамат ба як постгоҳи Толибон* дар вилояти Кописо се толиб кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд.

Толибон ҳанӯз дар мавриди ин ҳамла чизе нагуфтаанд. Онҳо ҳамвора даргириҳо дар Панҷшер рад мекунанд ва иддао доранд, ки дар ин минтақа ҳеҷ як нерӯи муқовиматгар вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзе пеш роҳбари Толибон* бо фармоне барои вилояти Панҷшер ва вулусволиҳои Андаробу Бағлон масъули низомии нав таъйин карда буд.

Тибқи ин фармон Мулло Абдулқаюм Зокир, масъули низомии умумии вилояти Панҷшер ва Андаробу Бағлон ва Мулло Муҳаммад Тайиб Ҳаққонӣ ба ҳайси қумондони амнияи Панҷшер таъйин шуданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-3
-3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend