Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Ҷасади Сафияхонро дар амалиёти муштараки наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Узбекистон ёфтанд
Дата публикации: 10:2513.03.2024
Баъди беш аз як моҳи нопадид шудан ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-соларо дар ҳудуди Узбекистон ёфтанд.
Ин хабарро дар Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба хабарнигори Your.tj тасдиқ карда, гуфтанд, ҷасади ӯ имрӯз ба Тоҷикистон оварда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки ҷасади духтарак 12 март, тахминан соати 15:15 дақиқа аз соҳили рости канали Мирзочӯли Ҷанубӣ, ки дар шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Узбекистон ҷорӣ пайдо карда шуд.
Сафияхон Раҳматова 7-уми феврали соли равон дар шаҳри Хуҷанд бедарак шуд. Ӯро бори охир аз сабти камераҳои назоратӣ дидаанд, ки ба соҳили дарёи Сир мефарояд.
Ҷустуҷӯи ӯ 34 рӯз идома ёфт ва дар баробари мақомоти давлатӣ сокинон ва ризокорон низ ба корҳои ҷустуҷӯӣ кӯмак карданд.
Дар рӯзи 21-уми нопадид шудани Сафияхон падараш Саидаъзамхон Раҳматов дар суҳбат ба Your.tj гуфта буд, тасмим гирифтааст, бо кӯмаки мақомоти дахлдор ба наҷотдиҳандагони кишвари ҳамсоя мактуби расмӣ ирсол намояд.
Ӯ мехост, дар поёноби дарёи Сир, дар ҳудуди Ӯзбекистон низ ҷустуҷӯи духтарашро идома диҳанд. То он замон корҳои ҷустуҷӯиро то сарҳади Узбекистон иҷро карда буданд.
Ҳамин тавр, 29 феврал КҲФ Тоҷикистон ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон барои мусоидат дар анҷом додани корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ин кишвар дархост кардааст.
Аз 2 то 12 март гурӯҳи ғаввосии Хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Сирдарё дар ҳамкорӣ бо Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ва азназаргузаронии соҳил дар деҳаҳои наздики шаҳри Ширини вилояти Сирдарёро анҷом дода шудааст.
588 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
7 часов назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
1 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
1 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
5 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
9 дня назад