Сафари Ҳаҷ

Арзиши сафари Ҳаҷ дар соли 2025 муайян шуд

Кумитаи дин нархи хизматрасониҳо сафари ҳаҷҷи соли 2025-ро эълон кард. Ба иттилои ин ниҳод, арзиши сафари Ҳаҷ имсол 56 ҳазору 800 сомонӣ муайян шудааст.

Ин маблағ барои билети ҳавопаймо, иқомат, хӯрок, нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, довталабон маблағро танҳо ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” пардохт карда метавонанд. Сафарбарнамоии зоирон дар нимаи дуюми моҳи май оғоз хоҳад шуд.

Кумита шаҳрвандонро ҳушдор додааст, ки ба таблиғоти ширкатҳои сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, ки ба қабули ҳоҷиён аз Тоҷикистон даъват мекунанд, бовар накунанд.

“Танҳо ниҳодҳои ваколатдори давлатӣ метавонанд зоиронро ба ҳаҷ сафарбар намоянд”,- омадааст дар хабар.

Дар мавсими ҳаҷҷи соли гузашта баъзе ҳамватанон, ки бо раводидҳои ғайриқонунӣ вориди Арабистони Саудӣ шудаанд, ҳангоми рейдҳо боздошт ва ихроҷ гардидаанд.

Ҳоло Саудӣ барои чунин ҳолатҳо ҷарима дар ҳаҷми 50 ҳазор риёл (тақрибан 13 300 доллари амрикоӣ), ҳабси то 6 моҳ ва маҳдудияти воридшавӣ ба ин кишварро ба муддати 10 сол пешбинӣ кардааст.

Кумита аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки танҳо ба тартиби расмӣ барои ҳаҷ номнавис шаванд ва ба ваъдаҳои бардурӯғи миёнаравҳо бовар накунанд.

Skip to toolbar