Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:4912.03.2025
Кумитаи дин нархи хизматрасониҳо сафари ҳаҷҷи соли 2025-ро эълон кард. Ба иттилои ин ниҳод, арзиши сафари Ҳаҷ имсол 56 ҳазору 800 сомонӣ муайян шудааст.
Ин маблағ барои билети ҳавопаймо, иқомат, хӯрок, нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, довталабон маблағро танҳо ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои ҶСК "Ориёнбонк" пардохт карда метавонанд. Сафарбарнамоии зоирон дар нимаи дуюми моҳи май оғоз хоҳад шуд.
Кумита шаҳрвандонро ҳушдор додааст, ки ба таблиғоти ширкатҳои сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, ки ба қабули ҳоҷиён аз Тоҷикистон даъват мекунанд, бовар накунанд.
“Танҳо ниҳодҳои ваколатдори давлатӣ метавонанд зоиронро ба ҳаҷ сафарбар намоянд”,- омадааст дар хабар.
Дар мавсими ҳаҷҷи соли гузашта баъзе ҳамватанон, ки бо раводидҳои ғайриқонунӣ вориди Арабистони Саудӣ шудаанд, ҳангоми рейдҳо боздошт ва ихроҷ гардидаанд.
Ҳоло Саудӣ барои чунин ҳолатҳо ҷарима дар ҳаҷми 50 ҳазор риёл (тақрибан 13 300 доллари амрикоӣ), ҳабси то 6 моҳ ва маҳдудияти воридшавӣ ба ин кишварро ба муддати 10 сол пешбинӣ кардааст.
Кумита аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки танҳо ба тартиби расмӣ барои ҳаҷ номнавис шаванд ва ба ваъдаҳои бардурӯғи миёнаравҳо бовар накунанд.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
2 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
4 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
5 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
5 дня назад