“Аробакаши дипломдор”. Қиссаи зиндагии як марди аробакаши тоҷик

Дар бозори “Деҳқон” – и Душанбе дасти кам бо 10 аробакаше вохӯрдем, ки хатм кардаи ин ё он донишгоҳанд.


Абдусалим Шарипови 59 сола беш аз 25 сол мешавад, ки ба мардикорӣ машғул буда, аксар вақт аз ноилоҷӣ ба аробакашӣ даст мезанад. Гарчанде ӯ хатмкардаи Коллеҷи техникӣ асту ҳунари сарояндагӣ низ дорад, барои таъмини оила маҷбур шудааст, то мардикориро пеша кунад.

Барои суҳбат бо ин мард муаллифи Your.tj ба бозори маъруфи “Деҳқон” рафт ва он ҷо бо ӯ ва чандин аробакашони дигар ҳамсуҳбат шуд. Наздики 10 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд. Яке сабаби паст будани маош, дигаре наёфтани ҷойи кори мувофиқро барои ба аробакшӣ рӯй оварданашон ҳамчун сабаб пешниҳод карданд.

Аробакаш – дорандаи дипломи аъло

“Зиндагӣ пур аз ғаму дард, пур аз пастиву баландиҳост. Сабр кардан бо ин машаққатҳои рӯзгор, ризқи ҳалол дарёфт намудану ҳаёти осоишта сохтан дар он кори ҳар кас нест…”, – мегӯяд Абдусалим Шарипов– “аробакаш”-е аз бозори маъруфи “Гипрозем”. Ӯ зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон аст.

Аз суҳбатҳои оқилонаш бармеомад, ки инсони соҳибмаърифату донишманд ва хоксору заминист. Баъдтар маълум гашт, ки ӯ соли 1986 Коллеҷи индустралӣ – техникии шаҳри Душанберо бо дипломи аъло хатм намудааст.

Аз гуфтаҳояш маълум гашт, ки ӯ ҳар субҳ соати шаш ба “Бозори деҳқон” (Гипрозем) омада, то соатҳои панҷ – шаши бегоҳ ба аробакашӣ ва боркашонӣ машғул мешавад.

“Кор ҳар рӯз ҳар хел мешавад. Аксар рӯз 40-50 сомонӣ меёбам. Мешавад рӯзҳое, ки то 70-80 сомонӣ ё аз ин бештар низ кор мекунам, вале аз ин пулҳо харҷи ҳаррӯзаи ароба, таваққуфгоҳ ва “чеки бозор”-ро пардохт кардан лозим меояд”, – мегӯяд Абдусалим.

Ба гуфтаи ӯ, харҷи якрӯза дар бозор 13 сомониро ташкил медиҳад: 5 сомонӣ “чеки бозор”, 8-сомонии дигар пули тавақуфгоҳ ва иҷораи ароба.

Ғайр аз ин субҳона, ва хӯроки нисфирӯзияшро низ дар бозор тановул мекунад. Агар хӯрокхӯрӣ ва харҷҳои дигари амаки Абдусалимро ба назар бигирем, пули ночизе боқӣ мемонад, ки барои таъмини хонаводааш кофӣ нест.

“Дилшикаста шудам”

Абдусалим дар гузашта навозандаи хуби асбобҳои мусиқӣ низ будааст. Дар маҳфилу шабнишинӣ ва ҷашнҳои шодмонии дӯстону наздикон навозандагиву сарояндагӣ низ мекардааст. Муҳаббати беандоза ба санъат буд, ки ӯ баъди хатми мактаби миёна ба шӯъбаи овозхонии донишкадаи санъати Тоҷикистон ҳуҷҷат месупорад. Мутаасифона, ҳамагӣ чанд хол барои дохил шуданаш намерасад ва ӯ наметавонад, ки овозхон шавад.

“Ростӣ хело маъюс ва дилшикаста шудам. Барои ҳамин, қарор додам, ки таҳсил намекунам ва ба хизмати аскарӣ рафтам”, – мегӯяд ӯ.

Қаҳрамони мо мегӯяд, бинобар забондонӣ ва ҳусни хати зебо доштанаш, ӯ дар хизмати ҳарбӣ, ки онро дар Махачқалъаи Доғистон адо намудааст, ба корҳои ҳуҷҷатнигорӣ ҷалб шуда.

“Ба донишгоҳ дохил мешудам, муваффақ мегардидам”

Ба гуфти амаки Абдусалим агар ба донишгоҳ дохил мешуду роҳи санъатро пеш мегирифт муваффақ мешуд. Чун ӯ алакай аз уҳдаи навохтани чандин асбобҳои мусиқӣ мебаромад.

“Сурудхониву навозишҳои дастаи ҳаваскорони мактабамонро бо шавқ тамошо мекардам. Онҷо як духтарак, ки номаш Суман буд аккордеон менавохт. Навозишҳои ширини Суман маро ба аккордеон навозӣ ҷалб намуд.

Оҳиста-оҳиста ба навозиши асбобҳои гуногуни мусиқӣ шавқи беандоза пайдо намудам. Чанд маротиба аз падарам хоҳиш намудам, ки бароям аккордеон бихаранд. Аввалҳо розӣ намешуд, вале билохира онро харид” , – ба хотир меорад қаҳрамони мо.

Баъди тамринҳо ва худомӯзиҳои зиёд навозиши чанд оҳангро дар аккордеон меомӯзад ва ба ин васила ба дастаи ҳаваскорони муассисаи таълимие, ки дар он таҳсил мекард, шомил мегардад. Баъдтар навохтани чанд асбоби дигари мусиқӣ аз ҷумла дутор, соз ва рубобро низ аз худ мекунад.

Пас аз хизмати ҳарбӣ  амаки Абдусалим аз рӯи ихтисос дар Фабрикаи дӯзандагии ноҳияи Темурмалик чун технолог корро оғоз мекунад. Дар ин фабрика шаш сол дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, роҳбари иттифоқи касаба кор карда, маоши хуб низ мегирифтааст. Ба гуфти ӯ, музди меҳнаташ барои таъмини хонавода пурра мерасидааст. Илова бар ин аз боқимондаи ҳамон маош дар таъмини падару модар ва бародарон низ кӯмак мекардааст.

Аммо баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ва сарзадани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, фабрикаи дӯзандагии онҳо барҳам мехӯрад ва амаки Абдусалим низ дар баробари садҳо корманди ин фабрика бекор мемонад.

“Аз ноилоҷӣ ароба мекашам”

Барои таъмини хонавода ӯ маҷбур мешавад, ки ба ҳаргуна корҳои сангин даст занад. Ҳаминтавр наздики 25 сол аст, ки ӯ баъзан дар сохтмонҳо, баъзан дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва баъзан чун боркашу аробакаш кор мекунад. Имрӯзҳои сард низ аз оилаву фарзандон дур, дар Душанбе барои пайдо кардани ризқи хонавода дар талош аст.

“Хайр чи илоҷ? Ҳоло ҷойи кори мувофиқ нест ё агар бошад ҳам 500 – 600 сомонӣ маош дорад, ки барои зиндагии дурусти як нафар ҳам намерасад. Мо дар оила 7- нафарем, се фарзандам мактабхон ва яктои дигараш маъюб мебошад. Вақте дар сохтмон кор намеёбам маҷбур мешавам, ки аробакашӣ кунам, то хонаводаамро таъмин созам. Ин бароям охирин роҳ аст”, – мегӯяд Абдусалим.

Қаҳрамони мо бо ин ҳама мушкилот аз зиндагӣ дилшикаста нест. Ӯ зиндагиро дӯст медорад ва талош мекунад, ки бо заҳмати ҳалоли хеш зиндагӣ намуда,  пеши касе сархам набошад. Умед дорад, ки солҳои наздик вазъи иқтисодии кишвар беҳтар мегардад.

“Худо хоҳад ҳамааш хуб мешавад. Ватани мо ҳам пешрафт мекунад, ҷойҳои корӣ зиёд мешаваду вазъи иқтисодии мардум беҳтар”, – мегӯяд ӯ.

Исмоил Саидзода