logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

Аюбҷон мегӯяд, ки бигзор нахуст ба маъюбият не, балки барои дониш, малака ва қобилият баҳо диҳанд.

Файзуллоҳон Обидов

15:4101.10.2026

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

Аюбҷон Одинаев то баҳори соли 2014 мисли ҳазорҳо ҷавонони тоҷик дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ аз пайи дарёфти ризқу рӯзӣ буд. Аммо моҳи марти ҳамон сол ҳодисаи нохуше рух дод ва ҳаёти ҷавони тоҷик куллан дигар шуд.

Дар яке аз рӯзҳои корӣ дар майдони корзоре садамае шуду беш аз 2 тонна оҳан ба болои Аюбҷон меафтад. Дар натиҷа ду ҷойи сутунмуҳрааш осеби ҷиддӣ мебинад. Боз мошини ёрии таъҷилие, ки барои бурдани захминшуда меояд, дар роҳ ба садама дучор мешавад. Ду ноомадии он рӯзи корӣ ҳолати Аюбҷони захмхӯрдаро вазнинтар мекунад.

Аз ин воқеа беш аз 12 сол гузашт. Аюбҷон Одинаев имрӯз дар суҳбат бо Your.tj қисса кард, ки чӣ гуна санҷишҳои вазнини ҳаётро паси сар намуд, ҳамчун як ҷавони боирода соҳиби ҷойи кор шуд ва бо ҳавсалаи том блоги шахсиро пеш бурда, дар дили ҷавонони дигар ангезаи ба орзуҳои худ расиданро бедор сохт.

"Ба Русия бо орзуҳои бузург рафта будам, вале..."

Аюбҷони Одинев 25 - уми декабри соли 1991 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омад. Вақте ки ӯ 2 сола шуд, оилааш ба шаҳри Душанбе мекӯчад.

- Шаҳри Душанбе бароям ҷойи азиз аст, чун ин ҷо ба воя расидам. МТМУ - и № 37 - и шаҳрро то синфи 9 - ум хонда, пас аз он ба коллеҷи техникӣ дохил шудам. Дар он ҷо ду сол ихтисоси кафшергариро омӯхтам. Баъд аз хатми коллеҷ соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шудам. Соли 2010 ба Россия бо нияти кор кардан ба назди падару бародарам рафтам, - аз замони навҷавонияш нақл кард қаҳрамони мо.

Аюбҷон дар оилаи серфарзанд калон шуд. Падару модараш 5 писару 2 духтар доранд. Як сухани муҳиму доимии волидон ба онҳо ин буд, ки меҳнатдӯст ва инсондӯст бошанд.

"Ман маҷбур будам, ки кор кунам, то ба волидонам кӯмак шавад. Бо фикри кор кардан ба Русия омадам, бе ягон мушкилу саҳлангорӣ қариб 4 сол кор кардам. Лекин баҳори соли 2014 бароям мусибате овард. Дар ҷойи корамон фалокат рух доду аз по мондам. Тақдир будааст, ки ба аробачаи маъюбӣ нишинам", - бо ҳаяҷон қисса кард ҳамсуҳбати мо.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Аюбчон Одинаев (@ayubjonblog)

"Чӣ гуна дубора ба ҳаёт дилгарм шудам?"

Аюбҷон пас аз он, ки аз пойи равон монд, як муддат аз зиндагӣ дилмонда шуд. Намехост, ки дигар ба ин тарз ҳаётро идома диҳад.

"Аввалан, Худованд ва баъдан аҳли оилаам сабаб шуданд, ки аз ҳаёт пурра дил наканам. Ҳарчанд аз фардои дурахшони худ умеде надоштам. Шукр, ки ба доми афсурдагӣ ва изтироб афтоданам дер давом накард.

Худро ба даст гирифтам. Ба худам борҳо гуфтам, ки "ҳаётамро бо ҳама буду набудаш бояд қабул кунам, зиндагиро бояд давом дод". Боз талоши пайдо кардани кори нав шудам", - афзуд Аюбҷон Одинев.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от VASAR | Игрушки Душанбе (@vasar.tj)

Қаҳрамони мо қобилияти худро дар соҳибкорӣ, яъне бо фаъол кардани мағозаи онлайнии бозичаҳо @vasar.tj санҷид. Дар ин самт устод ё таҷрибае надошт. Лекин ба ин кор машғул шуданро аз бекор нишастан беҳтар донист.

- Вақте тиҷоратро оғоз кардам, сармояву таҷрибаи зиёде надоштам. Вале боварии зиёд ба худ доштам. Ман дигар аз оғоз кардани ягон кор хуб тарс надорам. Ҳамаи қувваамро сарф мекунам, то корро ба охир расонам. Дар кори тиҷорат фаҳмидам ки на ҳама он чизе, ки дигарон мегӯянд, фармоиш додан лозим, - шарҳ дод Аюбҷон.

"12 сол боз бо аробачаи маъюбӣ, ҳамоно чусту чолокиро аз даст намедиҳам"

Аллакай, аз он рӯзе, ки ҳамсуҳбати мо ба аробачаи маъюбӣ нишаст, 12 сол гузашт. Ӯ дар ин муддати дароз гӯё боз аз нав ба по хестану худро сохтанро омӯхт.

- Ман ҳоло дар ширкати "Dadabaev Group", ки бо ташкили чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ машғул аст, ба ҳайси менеҷери лоиҳаҳо кор мекунам. Муносибати ҳамокрон хуб аст. Дар кор худро озод ҳис мекунам.

Дар ҷойи кор то ҳол ин хел ҳолате нест, ки аз тарафи ҳамкор ё муштарӣ ноҳурматӣ нисбат ба ман шуда бошад. Фикр мекунам, шояд чусту чолокиам сабаб мешавад, ки маро чун мутахассис бинанд, на ҳамчун як шахси дорои маъюбият. Бисёр кӯшиш мекунам, ки одамон барои корам баҳои воқеӣ диҳанд, на ба хотири вазъи саломатиам, - иброз дошт ҷавони соҳибирода.

Як рӯзи Аюбҷон чӣ гуна мегузарад?

Аюбҷон низ мисли дигар одамон ҳар рӯз дар ҳаракат аст. Қариб ҳар рӯз дар самти аз хона ба кор ва боз аз кор ба хона чарх мезанад.

- Ман субҳи барвақт аз хоб хеста, корҳои ҳар субҳ иҷро мекардаамро мекунам. Баъд ҳангоми чойнӯшӣ ба Instagram дохил шуда, саҳифаи шахсиямро тафтиш мекунам. худро дар инстаграм тафтиш мекунам.

Пас аз он барои ба кор рафтан таёрӣ мебинам, - реҷаи ҳаррӯзашро нақл кард қаҳрамони мо.

Хонааш дар ошёнаи 3 -юми бинои баландошёна аст. Як мушкилии ҳаррӯзааш аз хона баромадан аст. Вай маҷбур аст, ки интизори ягон одами роҳгузар шавад, то ки барояш бо аробача фаромадану баромадан кӯмак расонанд.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Аюбчон Одинаев (@ayubjonblog)

"Мутаассифона, на ҳама вақт ягон кас пайдо мешавад. Дар чунин ҳолат маҷбур мешавам, ки худам аз аробача поён шуда, ба панҷараи зина тани худро кашола карда, худро ба боло барорам", - бо ғамгинӣ гуфт Аюбҷон.

Имрӯз ҷомеа ба ашхоси ниёзи махсусдошта чӣ гуна муносибат кунад?

Ба назари қаҳрамони мо, имрӯз нигоҳи ҷомеа ба одамони дорои ниёзи махсус нисбатан беҳтар шудааст. Лекин ҳоло то ба дараҷаи қанобахш нарасадаст. Чаро?

- Мисол, барои мо мавҷуд набудани муҳити дастрас, масъалаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашон ҳамоно аз мушкилоти асосӣ боқӣ мемонад. Ҳамзамон, муносибати одамон низ нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар шудааст.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Аюбчон Одинаев (@ayubjonblog)

Бароям як чиз на он қадар писанд аст, муносибати аз ҳад зиёд эҳтиёткорона. Мефаҳмам, ки одамон бо нияти нек ба ман барин ашхос кӯмаку ғамхорӣ мекунанд. Чун мардуми тоҷик бениҳоят дилсӯзанд. Аммо дар бисёр ҳолатҳо ин ба ман сахт мерасад, - бо нигаронӣ гуфт Аюбҷон.

Ӯ боз таъкид кард, ки одами шармгин нест. Дар ҷое, ки ба вай кӯмак лозим бошад, худаш бе малол ба роҳгузарон муроҷиат мекунад. Ҷавон як каме нороҳат мешавад, вақте дар кӯча кӯмак намепурсад, вале бархеҳо маҷбуран кӯмак расониданӣ мешаванд.

Вақте касе нест, ки дасти ёрӣ дароз кунад

Ӯ ҳодисае риққатангезеро, ки чанд моҳ қабл дар як автобуси дохилишаҳрии пойтахт аз сар гузаронид, чунин қисса кард.

"Як рӯз ба автобус нишаста, ба кор мерафтам. Ронандаи он чун бештари ронандаҳои автобус ҳангоми баромадан пандусҳоро накушод. Хайр, ҳеҷ гап не. Бо кӯмаке ду- се ҷавон ба автобус савор шудам. Вақте ба истгоҳи зарурӣ расидему фаромаданӣ шудам, дар автобус фақат чанд тан кӯдакон ва занону мардони калонсол буданду халос. Аз онҳо барои ёрӣ пурсидан шарм доштам.

Ба ронанда гуфтам, ки барои фаромадан ёрӣ диҳад, ё пандусҳоро кушояд. Ӯ аҳамият надод. Худам фаромаданӣ шудам. Мутаассифона, вақти фаромдан афтодам. Зеро фарши автобус то ба замин бароям баландӣ кард", - бо хавотирӣ гуфт ҳамсуҳбати мо.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Аюбчон Одинаев (@ayubjonblog)

Вақте одамон бо дили соф кӯмак мекунанд

Аммо ҳолатҳои зиёди дигаре низ бо қаҳармони мо рух медиҳад, ки дар дили кас ба одамон боварӣ ва ҳамдигарфаҳмиро бештар мекунад. Аюбҷон баръакси кори он ронандаи автобус аз як амали инсондӯстонаи ҷавони таксирон нақл кард.

- Боре ба такси нишаста, то хона рафтам. Ман дар ошёнаи 3 - юм зиндагӣ мекунам. Бо аробачаи маъюбӣ боло баромадан хеле душвор аст. Дар ин ҳолат ба кӯмаки ягон кас ниёз дорам. Соат вақтро 22:00 нишон медод. Пеши хона расидем, таксист дар ошёнаи чандум будани будани хонаамро фаҳмида пурсон шуд, ки "ба боло чӣ хел мебароед?".

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от FARANGIS RAKHIMOVA 🇹🇯 (@faragovorit)

Ба ӯ гуфтам, ки душвор аст, бо аробача дар танҳоӣ боло баромадан. Вай бе ягон фикр гуфт, "ака, ман ба Шумо кӯмак мекунам". Ҳамин хел шуд, он ҷавон маро то хонаам баровард, ҳатто 2 бор поён фаромада, аробачаву ҷувздонамро овард. Боз пули роҳкироро нагирифт, ҳарчанд истодагарӣ кардам, ки гирад. Чунин лаҳзаҳои инсондӯстонаи одамон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад" - дилпурона қисса кард Аюбҷон.

Масъалаи муҳити дастрас дар шаҳри Душанбе

Аюбҷон Одинев бар ин бовар аст, ки барои ҳар шахси ниёзи махсус муҳайё будани муҳити дастрас, нақлиёти ҷамъиятии ба талабот ҷавобгӯ зарур аст. Дар маркази пойтахт метавон, ки камобеш муҳити дастрасро ҳис кард. Ё вазъ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино хубтар аст, назар ба ноҳияи Фирдавсӣ.

- Чӣ қадаре, ки аз марказ дуртар равем, ҳаракат бо аробачаи маъюбӣ душвортар мешавад. Пӯшида нест, ки то ҳол масъалаи ҳалталаби муҳити дастрас ҷой дорад. Мисол, мушкилгузар будани ҷойҳои роҳрави пиёдагардон, набудани пандусҳо дар баъзе биноҳои таъйиноти гунондошта, пандуси махсус надоштани бисёре аз нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ эҳсос мешавад.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Аюбчон Одинаев (@ayubjonblog)

Ин сабабҳо асос мешавад, ки одамони дорои маъюбият аз хона ба берун кам бароянд, ё бо фикри чунин мушкилҳо барои худ маҳдудият эҷод кунанд, - бо нигаронӣ гуфт ҷавон.

Аюбҷон орзу дорад, ки дар шаҳри Душанбеи зебоманзар ба муҳити дастрас таваҷҷуҳи бештар равона мешавад. То ин, ки одамони маъюбиятдошта ба ҳаракати мустақилона даст ёбанду дар ҳама соҳа имкони фаъолият пеш бурданро пайдо кунанд. Ин асоси хубе мешавад, ки чунин ашхос ба худ боварии бештар пайдо кунанд.

"Вақте дар ҳаракат вобастагии мо, барин ашхос аз дигарон камтар мешавад, эътимоднокии кордиҳандагон низ зиёдтар мешавад. Кош, ҷомеа дар аввал ба донишу малакаи мо баҳо медод, на ба маъюбияти мо", - бо пурдилӣ илова кард қаҳрамони мо.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Аюбчон Одинаев (@ayubjonblog)

"Шояд бо блоги худ зиндагии як одамро беҳтар кунам"

Аюбҷон мегӯяд, ки ӯ ҳам мисли дигарон дар ҳаёти рӯзмарра дилмондагӣ, ранҷиш ва танбалиро эҳсос мекунад, вале бо вуҷуди ин зиндагиро бояд идома дод.

Вай охири соли гузашта тасмим гирифт, ки блоги шахсӣ фаъол созад. Нақша кашид, ки дар блогаш фақат зиндагии ҳаррӯзаро нишон намедиҳад. Ӯ мехост зиндагии худро тавре нақл кунад, ки ба дигарон ибратомӯзу қувватдиҳанда бошад.

"Шояд блоги маро нафаре аз ҳамқисматонам мебинанду ба худ ангеза мегиранд, ки идома додани ҳаёт бо ҳар мушкилоти пешомада зарур аст. Фақат ба доми ноумедӣ афтодан лозим нест, - бовар дорад ҷавони некбин.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Аюбчон Одинаев (@ayubjonblog)

Дар саҳифааш ӯ зиндагии воқеии ҷавоне, ки бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат дорад, кор мекунад, берун меравад, бо мушкилоти муҳити дастнорас рӯ ба рӯ мешавад ва ҳамзамон барои рушд кардан талош дорад, нишон медиҳад. Аммо пеш бурдани чунин блог барои ӯ кори осон нест.

"Барои пеш бурдани блогам ягон кас кӯмак намекунад. Ман бо қуввати худ мекунам. Ба сари одам рӯзи шодию ғамгинӣ меояд. Барои ҳамин, дар саҳифаам танҳо лаҳзаҳои хубро нишон намедиҳам.

Баъзан дар бораи ҳолатҳое, ки одами маъюб дучор мешавад ва танбалии худ ба таври ҳаҷвӣ контент месозам. Инсон бояд худро гоҳ-гоҳ аз дигар зовия бинаду баҳо диҳад" ,- меандешад ҳамсуҳбати мо.

Вақте як навор ба зиндагии каси дигар мерасад

Аюбҷон аз он ки наворҳояш ба одамон таъсир мерасонанд, бештар аз ҳама неру мегирад. Ӯ мегӯяд, чунин шарҳҳо кам нестанд. Вақте одамон суханҳои дилгармкунанда менависанд ва мегӯянд, ки наворҳои ӯ ба онҳо рӯҳия бахшидаанд, барои идомаи блог ҳаваси бештар пайдо мекунад.

Чанде пеш духтараке аз ноҳияи Айнӣ, ки барои таҳсил ба Хуҷанд рафтааст, ба ӯ навишт. Мазмуни суҳбат барои Аюбҷон рӯҳбаландкунанда буд.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Аюбчон Одинаев (@ayubjonblog)

"Вай гуфт, ки бо дидани зиндагӣ ва фаъолияти Аюбҷон худро ба даст гирифт. Контентҳоятон ангезабахш аст, то ба зиндагӣ дилгармтар шаванд. Духтарак ҳатто саҳифаи маро ба ҳамсабақонаш нишон дода будааст.

Агар як нафар баъди дидани тарзи зиндагии ман ба худ бовар кунад ва қадаме ба пеш гузорад, пас барои блог вақтро беҳуда сарф накардаам", - иброз дошт Аюбҷон.

Ӯ ба хотири чунин суханони ҳавасангезонаи корбаронаш мехоҳад, ки кори блогро минбаъд ҳам рушд диҳад. Рубрикаҳои нав созад, бо фаъолони ҷомеа подкастҳо тайёр кунад. Ҳамзамон, дар самти тиҷорат фаъолияти шахсиашро ҷоннок созад.

476 просмотра

Комментарии (0)

Читайте также

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

2 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

6 дня назад

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард

6 дня назад

Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

7 дня назад

SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1

7 дня назад